Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҳмадшоҳ аз ҷиҳати сабку услуб бештар ба ҳаҷвнигорони рус монанд буд ва сабки онҳоро барои худ қобили қабул мешуморид. Аз ин ҷиҳат ҳаҷвияҳои ў ба навиштаҳои Михаил Задорнов, Аркадий Арканов, Михаил Жванетский монандӣ доранд, аммо дар пояи зиндагии тоҷикӣ навишта шудаанд. Азиз Несинро яке аз илҳомдиҳандагони эҷоди худ мешуморид. Утоқи кориаш то шифт аз навиштаҳои нависандагони номбаршуда ва классикони ҷаҳонӣ пур буд. Ман ин ҷо ба таҳлили навиштаҳои Аҳмадшоҳ пардохтанӣ нестам, зеро аз уҳдаи чунин таҳлил намебароям. Бигзор ин корро минбаъд муҳаққиқони ҳаҷви тоҷик ба уҳда гиранд. Фақат ҳаминро мегўям: аз ҳаҷвнигорони тоҷик, ки имрўз дар ҳаётанд, нисбати эҷоди Додохон Эгамзод ва Гурез Сафар хушбин буд ва онҳоро эътироф мекард.
Аҳмадшоҳ наздик шудани марги худро ҳис мекард.
Аммо ин ҳақиқати талхро аз наздикону дўстон пинҳон медошт ва кўшиш мекард, ки дар ҷавоб ба пурсишҳо оид ба маризиаш бо ҳазл ҷавоб диҳад: «Ман, ки қанд (маризӣ) ҳастам, ширинам». Бале, ў ширин буд. Ширинзабон (нисбати наберааш Мино), ширингуфтор (нисбати завҷаву фарзандон), ширинбаёну ширинрафтор нисбати дўстон.
Касе як бор бо ў ҳамсуҳбат шуда бошад, орзуи дубораи ин суҳбатро мекард. Шикоят карданро дўст намедошт. Дар як хонаи якҳуҷрагие, ки пур аз китоб буд ва мизи кориаш базўр ҷой мегирифт, чаҳор фарзандро бузург кард ва боз барои меҳмони дилхоҳ ҳам ҷой пайдо мекард. Зеро дили бузурге дошт, ки дар он ҷаҳон меғунҷид. Аҳмадшоҳ ҳеҷ гоҳ манфиатҷўй набуд ва то аз дасташ меомад, ба дўстони худ ёрӣ мерасонд ва агар коре карда натавонад, бо маслиҳатҳои короями худ онҳоро роҳ нишон медод. Ў тавонист дар умри кўтоҳи худ дар дили дўстон сахт ҷой гирад ва ҳаводорони эҷодиёти худро бо навиштаҳои хонданбобу ҳаётдўстонааш аз чашмаи илҳомаш шодоб намояд. Ў тавонист қиссаҳои ҳаёти ҳамқаламони худро, ки аз чашми хонандагони онҳо ниҳон буданд, ба ин хонандагон бирасонад ва бо ҳамин бори дигар онҳоро муаррифӣ кунад.

пешина
аз 231
навбатӣ