Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

КАРОМОТҲОИ КОММУНИСТӢ

Баъди як маҷлиси дуру дароз, ки расо панҷ соат идома дошт, аз партави қарорҳои партия ва ҳукумат чашми хираи коммунист Н. нур гирифт ва дар ботинаш табаддулоти куллӣ ба амал омад. Акнун ў як навъ дурандеш ва ғайбдон гашта буд ва аз воқиаву ҳодисаҳо қабл аз вувқўъашон башорат медод.
Боре ў гуфт: «Имсол ҳосили пахта фаровон мешавад». Дар ҳақиқат, он сол нақшаи пахтасупорӣ пеш аз муҳлат иҷро гардид ва деҳқонони матиниродаи ҷумҳурӣ як миллион тонна «тиллои сафед» ҷамъ оварданд.
Дафъаи дигар ў башорат дод, ки… фардо бо боронӣ ва чатр ба идора биёем, борони сахт мешавад.
Чиллаи тобистон буду аз гармии ҳаво нафас дар гулў мепечид. Бинобар ин таъкиди Н. – ро сарфи назар намудем, яъне рўзи дигар бе боронию чатр ба кор омадем.
Вале… Дами бегоҳ осмони мусаффои Душанбе нохост тира гардида, он қадар борон борид, ки… беихтиёр даст ба гиребон бурдем. Коммунист Н. аз тавбаи мо завқида, вазнин– вазнин калла ҷунбонд, яъне: мо– коммунистон ҳаргиз дурўғ намегўем. Сипас аз тўрхалтаи худ боронӣ ва чатр баровард…
Воқиаи ҳамкорамон Ҳавасмоҳ низ ҷолиби диққат аст.
Вай ҳомила буд ва метарсид, ки ин дафъа ҳам духтар меёбад. Вале Коммунист Н. ба ояндаи Н. ба ояндаи Ҳавасмоҳ назар андохта, гуфт: хотираш ҷамъ бошад, тифли батнаш писараки дўстрўяки чашмкабуд аст.
Ҳавасмоҳи ғайриҳизбӣ ба дурбинии коммунистон шубҳа дошт магар, ба суханҳои Н. чандон эътино накард. Вале баъди чанд моҳ… ақидааш тағйир ёфт ва ба онҳое, ки ба аёдаташ рафта буданд, гуфт: «Дар таваллудхона на фақат чашм, балки фикрам ҳам равшан шуд.
Кўрдилҳо беҳуда ба риши Ленин механданд, коммунизм ҷамъияти хаёлӣ нест!.»

пешина
аз 231
навбатӣ