Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Ҳуш аз сари Н. парида, дар ҳолати ногуворе монд.
– Шумо беҳуда ранҷидед, – ларзид овози вай. – Аз ман ягон бешармие сар назадааст.
Устод Қутбӣ бо қаҳр даст афшонд.
– Сар зад. Вақте сухан аз осмон мерафт, шумо… замин гуфтед!
11. 11. 1996.
ХАЙРИЯТ, КИ НАОМАД
Н. дар беморхона буд. Ба аёдаташ рафтем.
– Аҳволам бад нест, – гуфт ў. Фақат баъзан дил азоб медиҳад. Алалхусус аз ягон чиз асабӣ шаваму нохост ҳаяҷон боло гирад. Кабўтарбачча барин тап– тап карда, берун ҷастан мехоҳад…
Сипас чанде аз чакидаҳои хомаашро хонд. Бояд гуфт:
шеърҳои дар беморхона навиштаи ў суст буданд, тозагие надоштанд. Ба қавли Гурез Сафар, аз онҳо бўи дору меомад.
Бо вуҷуди ин, устод Қутбӣ бодиққат шунид онҳоро.
ҳатто чанд бор изҳори хурсандӣ кард. «Офарин!. . »– «Байти хуб аст, фақат дар вазн сакта дорад…»– «Сурати хамёза…Баҳ– баҳ, Бедил шав– е!. . »
Вақте аз беморхона мебаромадем, устод аз нигоҳҳои мо маънӣ бурда, огоҳона калла ҷунбонд, яъне «дурўғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез». Баъд нохост аз роҳгардӣ бозистода, даст ба пешона бурд.
– Хайрият, ки Арбоб Вадуд бо мо наомад. Агар не, аҳволи Н. бад мешуд. ҳатто мумкин буд дилаш ба шиддати ҳаяҷон тоб наоварда, таркад.
– Барои чӣ?– мо ба гапи устод чандон сарфаҳм нарафтем.
Ў бори дигар аз наомадани Арбоб Вадуд шукр кард.
– Чунон, ки медонед, вай бе рўю риё аст, хотирбинӣ надорад. Навиштаҳои Н. – ро мешунид, ҳатман мегуфт:
«Намешаванд. Инҳо шеър не, мағзоба!...» хаёлатон, дили заифи Н. ба ин гап тоб меоварад?!.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё