Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

куруши Бузург ва Эъломияи Ў дар
БоБи ҳуқуқи Башар

Ба номи Яздони пок!
10 декабри соли 1948 Ассамблеяи куллии Созмони Милали Муттаҳид са наде тасвиб намуд бо унвони «Эъломияи ҳуқуқи башар». Бидуни шубҳа ме шавад гуфт, ки ин санад санади ниҳоят муҳим аст барои кулли башар дар ку раи замин. Маълум аст, ки инсоният қарнҳост дар орзуи чунин ҳуҷҷати адлу инсоф буда, ки муносибати байни кишварҳои ҷаҳон ва қавму милали гуногунро аз тариқи қонунгузорӣ равшан созад.
Оре, инсон ҳамвора дар орзуи расидан ба ҳуқуқи кулли башарӣ будааст.
Далели раднопазири ин иддао он аст, ки мардумони эронинажод ҳанўз дар қарни VI қабл аз милод авалин эъломияи ҳуқуқи башарро дар ихтиёр доштанд, ки аз ҷониби Куруши Бузург – Куруши Дувум дар бузургтарин кишвари замон эълом гардида буд.
Дар 135 километрии Шимоли Шероз, 3 километрии мағриби роҳи Исфаҳон, миёни Кабиробод ва Саодатобод шаҳри Посоргод воқеъ аст, ки бо осори бостонии хеш – оромгоҳи Куруши Бузург ва харобаҳои кохи ў шўҳрати ҷаҳонии ҷовидона дорад. Ин осор марбут ба қарни VI пеш аз милод мебошад:

Аз нақшу нигори дару девори шикаста
Осор падид аст санодиди Аҷамро.

Дар замони ҳол даруни оромгоҳи Куруши Бузург ҳеҷ гуна навиштаи қуруни бостонро надорад. Вале ба шаҳодати муаррихини Юнонӣ – Страбон, Орион ва Плутарх дар замони қадим дар дохили оромгоҳ ду навиштае будааст. Ва гўё он бо дастури Дориюши Кабир ҳак шуда бошад.
Яке аз он катибаҳо аз ривояти юнониён ба тариқи зайл аст ва он дар форсӣ 2 тарҷума дорад:

  1. «Эй инсон, ҳар кӣ бошӣ ва аз ҳар куҷо ки биёӣ, зеро медонам, ки хоҳӣ омад; Ман Курушам, ки барои порсҳо ин давлати васеъро бино кардаам, пас бад-ин хок, ки тани маро мепўшонад, рашк мабар».
  2. «Эй инсон, ман ҳастам Куруш, писари Кабуҷия, муассиси салтанати Эрон ва подшоҳи тамоми машриқзамин.
    Ба қабри ман рашк мабар».
    Ба қавли Страбон, ки вай аз забони Оне си керитос оварда, лавҳи қабри Куруши Бузург гўё ба забони юнонӣ марқум шудааст. Бад-ин муносибат баҷост дар сароғози сухан ишора шавад, ки маъруфтарин мардони фарҳангӣ ва донишмандони таърихи ҷаҳон Куруши Бузургро ба ҷиҳати кишвардорӣ ва адолату инсоф, ки дар қаламрави давлати кабири хеш дар амал татбиқ намуд, ўро аз набардгарони нобиғаи мунҳасир ба фарди таърихи башар донистаанд.
пешина
аз 235
навбатӣ