Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз мардони сиёсӣ медонанд, ки ба қавли муҳаққиқи шинохтаи таърихи бостон – Алии Сомӣ «Куруш аз шахсиятҳои камназир ва арҷманди аҳди қадим аст, ки дар тамоми таворихи милали дунё маъруф ва эҳтиром дорад. Ўро дар раъси се марди бузурги таърихӣ Куруши Кабир
2
– Искандар – Жул Сезар (Юлий Тсезар) зикр намудаанд.
Куруши Бузург (Куруши II) писари Кабуҷия ва наваи духтари Аздиҳок дар соли 530 қабл аз милод зиндагиро падруд гуфтааст. Шўҳрати нирўи давлатдории ў аз қиёми вай бар охирин шоҳи Мод (Аздиҳок) ва шикаст додани ў дар соли 550 қабл аз милод ва тасарруфи пойтахти он шоҳ – шаҳри Ҳагматона – Ҳамадони кунунӣ – афзоиш ёфт.
Бино ба гуфтаи Катзиас Куруш ҷанге бо сокҳо кард ва онҳоро ҷузъи раияти худ сохт. Дар соли 546 қабл аз милод Сорд ва давлати Лидияро кушуд, дар соли 545 қабл аз милод мустаъмароти Юнонии Осиёи Сағирро фатҳ кард ва аз соли 544 то 539 қабл аз милод бо мамолики шарқӣ ҷанг намуд ва кишварҳои Порт, Ҳирот, Хоразм, Бохтар, Суғд, Гандар, Гуш, Архотишро (Руххаҷи қуруни баъд ва Қандаҳори кунунӣ) замимаи шоҳаншоҳии Эрон намуд. Дар соли 538 Бобулро замимаи кишвари худ кард ва дар ҳамин сол
3 расман шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ гардид ва тоҷгузорӣ кард.
Барои гузориши кунунии мо масъалаи суқути Бобул аҳамияти вижа дорад. Зеро ба ин муносибат Куруши Бузург Эъломияи таърихии хешро баён намудааст. Баъди тасарруфи кишварҳои шарқӣ Куруши Бузург роҳи Бобулро гирифт.
Бобул аз назари вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, рўҳияи аҳолӣ-рўҳониён ва мардумони мухталифе, ки дар он ҷо сукунат доштанд, дар аҳди инқироз буд. Ва Куруши Бузург ба осонӣ, бидуни куштор ва тааддӣ Бобулро ба тасарруфи хеш даровард. Вай худро фотеҳи Бобул эълон на кард, балки, ба қавли док тор Гиршман худро ба манзалаи мунҷӣ ва ҷони шини қонунии тоҷу тахт муаррифӣ намуд ва ун вони «подшоҳи
4 Бобул, шо ҳи кишвар»-ро ба худ нисбат намуд.
Куруш ба бобулиён озодии комил дод – ди ну мазҳабҳоро озодӣ бах шид, пайкараҳои худоён ро, ки дар пойтахт гирд оварда буданд, ба маобиди аслӣ боз гардонид, табъиди яҳудиёнро лағв кард ва барои баргаштани он асирон ба Байтул муқаддас иҷозат дод. Паёмбари онон ин сарвари дурандешро мунҷӣ муар рифӣ карда буд. Пас аз мутааллиқ шудани Су рия ба ў, расидани подшоҳони Финиқия ба мақсуди итоат ба ў ва ғайра Куруши Бузург сиёсати хайрхоҳонаи хешро пайгирӣ намуд. Оқибат чунин шуд, ки мардуми эронинажод

пешина
аз 235
навбатӣ