Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

вайро падар, юнониён, ки кишварашонро вай забт карда буд, ўро сарвар ва қонунгузор номиданд ва исроилиён Курушро мамсуҳи Парвардигор
5 эълом доштанд.
Куруши Бузург агар ба забони ў гуфта шавад: «Мардук (худои бузурги бобулиён) ҳамаи сарзаминҳоро боздид кард, то касеро, ки мебоист подшоҳи одил шавад, подшоҳе, ки тобеи қалби хеш бошад – дарёфт. Дасти ўро гирифт ва вайро ба номи «Куруши Антонӣ» хонд ва подшоҳии ҳамаи ҷаҳонро ба номи
6 ў кард».
Дар натиҷа, дар поёни салтанати Куруши Бузург давлати Эрон ба бузургтарин давлати ҷаҳон табдил ёфт. Ҳудуди Эрони бузурги он замон аз тарафи Мағриб гулўгоҳи Исломбул ва Дарзанел ва Баҳр ал-Ҷазоир ва Баҳри мағриб; аз тарафи Машриқ – рўди Синд; аз тарафи Шимол – ҷиболи Қафқоз ва баҳри Хазар ва рўди Сайҳун ва аз тарафи ҷануб шибҳи ҷазираи Арабистон
7 ва дарёи Умон ва халиҷи Форс.
Муаллифи китоби «Эрони бостонӣ» Ҳасани Пирниё баъди хулосаи боло, чунин нигоштааст: «Ускоригар яке аз муаррихин дар бораи Куруш менависад:
«Ҳеҷ гоҳ қабл аз Куруш чунин давлати бузурге ба вуҷуд наёмада буд. Азамати шахсеро, ки чунин давлат таъсис кард, мо фақат аз сояе, ки ў дар таърих андохтааст, метавонем бисанҷем, зеро аз ҷузъиёти корҳои ў иттилоъ надорем.
Маълум аст, ки ин шахс намехостааст фақат мамоликеро тасхир кунад, балки дар фикри он буда, ки онҳоро идора намояд. Ў ва бузургтарин ҷонишинҳои ў ақида доштанд, ки идора кардани чунин мамолики азиме вазифаест, ки аз
8 тарафи худо ба онҳо руҷўъ шудааст.
Чун сухан аз мақоми волои ҷаҳонии давлатдорӣ, сиёсатмадорӣ ва башардўстӣ ва адлу инсофи Куруши Бузург меравад, бамавқеъ ва баҷост, агар чанд сатре аз гуфтаҳои муҳаққиқони номии ҷаҳон оварда шавад. Гегел, файласуфи машҳури олмонӣ, навиштааст: «Ҳадафи импуротурии Эрон ин буд, ки бар милал ва ақвоми мухталиф тавре ҳукумат кунад, ки дар қудрати мулоими худ онҳоро ба сурати як воҳид дароварад ва монанди хуршед ба онҳо равшанӣ бахшад ва дар ҳоле ки онҳоро бедор мекунад ва гарм месозад, ба он чӣ хусуси фарзист иҷоза диҳад то чун решае, ки зери нури офтоб ва гармии лаззатбахши он қарор мегирад ва бо озодӣ сар аз хок бардорад ва рушду нумў
9 кунад ва наҳви дилхоҳи худ парвариш ёбад».
Муаррихи машҳури олмонӣ – Эдуард Меер (1885-1930) муаллифи таърихи дар 5 ҷилд, дар бораи Куруши Бузург андешаҳои ниҳоят ҷолиби мустанад дорад.
Аз баррасии кулли асноди бостонӣ дар боби давлатҳо ва ашхоси сиёсии бостонӣ – Эдуард Меер чунин натиҷагирӣ мекунад: «Агарчи мо дар бораи иқдомоти Куруш ахбори мустанади каме дар ихтиёр дорем, мааҳозо дар бораи шахсияти ў дар ҳама давронҳо яксон қазоват шудааст ва кашфиёти ҷадид ҳам дар ин қазоват таъсире нахоҳад дошт. Наҷобати фитрии Куруш ҳама ҷо, ҳам дар гузоришҳои порсиҳо, ки ў ба ҳукумати ҷаҳонӣ раҳбариашон кард, ҳам дар осори яҳудиён, ки озодиашон бахшид ва ҳам кутуби юнониён, ки мағлубашон сохт, мунъакис аст… Илова бар саховате, ки нисбат ба душманон иброз медошт ва падидаи акси рафтори сомиҳо ва румиҳо буд, наҷобати фитрии ў ҷалби таваҷҷўҳ мекунад. Эҳтиром ва сиёнат аз душманони ҳамтароз, ҳангоме ки шикаст мехўранд, асл ва қоидаест, ки аз он тамоми ҷонишинони ў табаият кардаанд… Ба хусус дар солорӣ ва кишвардорӣ Куруш ҳамеша раъйи соиб ва ҳадафи равшан дорад. Дар арзи чанд сол се императории бузургро мунқариз кард.

пешина
аз 235
навбатӣ