Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Барои порсиҳо Куруш як шоҳи мардумдўст буд, ки бо мувофиқат ва машварати баргузидагони кишвар амал мекард».
Муаллифи китоби «Саҳми Эрон дар тамаддуни ҷаҳон» Ҳамид Найирии Нурӣ дар хулосаи хеш аз баррасии матлаби боло чунин нигоштааст:
«Оре, импуротурии Эрон дар аҳди Ҳахоманишӣ бо соири импуротуриҳое, ки қабл аз он дар ҷаҳон ташкил шуда буд, фарқи боризе дошт. Асоси ин равиши мамлакатдорӣ дар пояи озодманишӣ ва додгустарӣ ва эҳтиром ба мўътақидоти афрод ва эҳтироз аз аъмоли фалсафаи мамлакатдории эрониён сармашқи соири милали озодихоҳи ҷаҳон шуда ва барои ҳукуматҳои мухталиф
11 намуна ва идеал гардидааст».
Ричард Фрай, донишманди мумтози амрикоӣ дар боби суннатҳои давлатдории эрониён навиштааст: «Сипас (баъди Сосониён – К.А.) ислом даррасид ва як илҳоми нав ҷойгузини илҳоми кўҳнаи масеҳӣ гашт. Бадавиёни биёбони Арабистон забони хешро ва низ дини хешро дар саросарии Шарқи наздик пароканданд ва танҳо Эрон ва Анатулӣ тавонистанд аз арабзабон шудан барканор бимонанд. Зеро ки ислом танҳо дин набуд, балки шеваи зиндагӣ буд ва як фарҳанг ва тамаддуни комил буд, ки бар гузашта ва даврони ҷоҳилият хатти бутлон кашид ва эълом дошт, ки таърих бо Муҳаммад (с) оғоз мешавад. Эрон ба ислом гаравид, вале он чи бар фарҳанг ва тамаддуни ислом
12 гузошт, мавзўи баҳси фаслҳои оянда аст».
Ба ин маврид мехоҳем фикре аз навиштаи устод С.Айниро низ иқтибос кунем. Соли 1949 дар боби мавқеи тоҷикон ва давлати Сомониён дар ҳифзи тамаддуни гузашта бо баёни гуфтаҳои устоди фақид Саиди Нафисӣ ин устод нигошта буданд: «Соҳиби забони адабии «форсии ҷадид» будани тоҷиконро олими шарқшиноси имрўзаи Эрон Саид Нафисӣ ҳам иқрор кардааст. Саид Нафисӣ дар бораи Рўдакӣ ду ҷилд китоб навиштааст ва дар як ҷои он китоби худ мазмунан ин тавр мегўяд: «Мо эрониён, дар сояи исёни Абўмуслим, Муқаннаъ ва дигарҳо, дар сояи ташкил ёфтани давлати Сомониён ва дар сояи шоирони онзамонаи Мовароуннаҳр ба сифати як миллат соҳиби забон шуда дар рўи дунё зинда мондем.
Агар он исёнҳо ва он ташаббуси мовароуннаҳриҳо намебуд, имрўз Эрон ҳам мисли Миср як мамлакати арабшуда, мо эрониён, ҳам монанди мисриён араб мегардидем». (мазмунан нақл шуд).
Дар вақти истилои арабҳо – идома додаанд С.Айнӣ, – мисриён қибтӣ буданд, ки маданияти чандинҳазорсола доштанд, аммо арабҳо забон ва маданияти худро ҷорӣ карданд, ки қибтиён беному нишон шуда рафта имрўз аз осори қибтиён танҳо аҳромҳо мондаанд, ки аз ҷиҳати мустаҳкамиашон арабҳо онҳоро вайрон карда натавониста буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё