Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Медонем, ки катибаҳои Куруш борҳо ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда ба табъ расидаанд. Маъруфтарини он ба забони олмонӣ аз ҷониби Ҳагена анҷом ёфта ва бино ба гуфтаи донишманди бузурги Русия Б.А.Тураев, охирин тарҷумаи он катибаҳо дар сароғози қарни ХХ аз ҷониби Вейсбах ба амал
15 омадааст.
Ва аммо ба забони русӣ комилтарин таҳқиқот дар ин боб баррасиҳои дақиқ ва хушсалиқаи донишманди номбурда Б.А.Тураев дар китоби дуҷилдаи
16 захими ў бо номи «Таърихи Шарқи қадим» маҳсуб аст.
Ва ба ин муносибат мехоҳем ишора намоем, ки кулли баррасиҳои ин донишманд орӣ аз сиёсати замон буда, чи санаи зиндагии вай солҳои 1868- 1920 мебошад, ки он гоҳ дар Русия леса кардани ақоид ва навиштаҳои аҳли
17 илм ҳанўз ба сатҳи болои сирояти сиёсат ва идеологӣ нарасида буд.
Китоби «Таърихи Шарқи қадим»-и Б.А. Тураев, чунон ки ишора шуд, қабл аз инқи лоби Октябр таълиф ёфта, фақат соли 1935 (чопи якум) ва чопи дувуми он соли 1936 бо саъй ва кўшиши ҷасуронаи пайгири бовафои фаъолияти устод В.В. Струве (1889-1965) анҷом пазируфтааст, ки ў низ аз бузургтарин муҳаққиқони таърих ва фарҳанги Шарқи бостон дар сатҳи байналмилал маҳ-
18 суб аст.
Б.А.Тураев, ки дар бораи китобҳо ва кулли баррасиҳои ў дар боби таърихи Шарқи бостон фақат ба забони русӣ 40 мақола ва тақризи муаррихин ва ховаршиносон иншо гардида ба табъ расидааст, аз пажўҳишгарони Русия нахустин шахсият гардида, ки «Эъломияи ҳуқуқи башар»-и Куруши Бузургро дар навиштаҳои хеш ба унвони «Манифести Куруш» эълом дошт. Ва ҳамчунин ин донишманд ин манифестро тақрибан комил ва бо тавзеҳу таҳияи назарӣ ба табъ расонидааст.
Бо қаноатмандии комил мутазаккир мешавем, ки дар қарни ХХ дувумин муаллиф аз донишмандони Русия, ки ҳам ба сиёсатмадории кишваркушоии Куруши Бузург ва ҳам ба бархе хислати ахлоқии набардгарӣ ва инсондўстии ў ба вижа ба «Эъломияи ҳуқуқи башар» таваҷҷўҳи хоса зоҳир намудааст, донишманди бузурги таърих ва манобеи фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Шарқи бостон В.В.Струве мебошад. Ин устоди мумтоз, ки солҳои тўлонӣ ҳам раиси донишкадаи ховаршиносии Донишгоҳи Давлатии Ленинград (Санкт- Петербург) ва ҳам раиси Пажўҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар Ленинград буд, китоби хешро низ бо пайгирии китоби Б.Ғ.Ғафуров «Таърихи Шарқи қадим» номида, ба унвони китоби дарсии омўзгорӣ бори нахуст онро соли 1936 ва бо таҷдиди куллии назар ва такмилоту иловаҳои лозим соли 1941 интишор додааст. Дар ин китоб муаллиф ба матолибе пиромуни кордонӣ ва коргузории Куруши Бузург бо ҷиддияти комил, бе ҳеҷ гуна таассуби фарҳангии замон руҷўъ намуда аз оғози ҳукуматдории Куруш (558), тасарруфи Мод, муҳорибаи ў бо Лидия ва ҷанги боровари Бобул воқеоти рўзгорро ниҳоят равшан ва мустанад баррасӣ ва нақл намуда ба катибаи Куруш таваҷҷўҳи хоса иброз медорад. В.В.Струве ба ду бахши катиба диққат намудааст. Бахши нахусти катиба бо дастури Куруш аз ҷониби рўҳониёни Бобул иншо шудааст, ки дар он подшоҳи асбақи ин мамлакат Набонид ба ҷиҳати сустӣ ва ночорӣ ва хиёнатгарӣ нисбат ба Мардук – худои Бобул мавриди интиқод ва истеҳзо қарор гирифтааст. Бахши дувуми катиба – Эъломияи Куруши Бузург аст, ки В.В.Струве онро аз китоби Б.А.Тураев бо баъзе ихтисороти лозим дар китоби хеш иқтибосан овардааст.

пешина
аз 235
навбатӣ