Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷаи ин фаъолиятҳои илмӣ ва адабӣ Камол Айнӣ дар даҳ кишвар дар ассосиатсияҳо, марказҳои илмӣ-академӣ ва фарҳангии кишварҳои Аврупо ва Амрикову Канада ба узвият пазируфта шудааст. Чунончи: 1993 – Анҷумани Рўдакӣ дар Фаронса; 1989 – Ассосиатсияи Эроншиносони Амрико (ҳамроҳи Б.Ғафуров); 1990 – Ассосиатсияи Эроншиносони кулли Аврупо; 1992
– Ассосиатсияи кулли аврупоии омўзиши тамаддуни Осиёи Миёна; 1991 – Анҷумани посдорони забони порсӣ дар Эрон; 1993 – Анҷумани Эроншиносони кишварҳои муштаракулманофеъ ва Эрон; 1996 – Шўрои байналмилалии ҳунарҳои дастӣ (ва дастнависҳо) ва то соли охир ноиб президенти минтақавии Осиёи Марказии он Шўро; 1990 – Кумитаи байналмилалии машваратии роҷеъ ба таҳқиқоти марбут ба Осиё ва Африқои Шимолӣ.
Ниҳоят соли 1990 Камол Айнӣ ҳафтумин барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар тамаддуни эронӣ аз Бунёди Афшор (Эрон) гардид, ки аз кишвари собиқ Шўравӣ ва кишварҳои муштаракулманофеъ вай ягона дорандаи ин ҷоиза аст. Вай аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳоло узви раёсати он мебошад.
Охири қарни ХХ Камол Айнӣ ягона шахсест аз Осиёи Марказӣ, ки бо 575 овоз академики Академияи мактабҳои олӣ дар соҳаи улумшиносӣ (ховаршиносӣ) дар шаҳри Маскав интихоб шуд. Ниҳоят, ногуфта намонад, Камол Садриддинович Айнӣ арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ин ҳам қобили зикр аст, ки Камол Айнӣ Раиси (Президенти) доимии Бунёди байналмилалии Айнӣ (Бунёди Айнӣ) бо барномаи таҳқиқ ва нашри дастнависҳои нодири шарқӣ мебошад ва дар ҷамъоварӣ ва таҳқиқи навиштаҳо ва дастхатҳои шахсии устод С.Айнӣ аз ашхос ва кишварҳо фидокорона мекўшад. Вай аз асосгузорони ҷамъияти «Пайванд», ки аз форуми севвуми тоҷикони ҷаҳон то охири қарни ХХ мартабаи раёсати онро дошт ва дар ин муддат тибқи барномаи шинохти тоҷикони ҷаҳон ва осори форсизабонон корҳои муҳимми фарҳангӣ ва илмии тозае анҷом дод.
Дар форуми севвуми тоҷикони ҷаҳон, Камол Айнӣ ба мансаби муовини Раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ба муддати то форуми чаҳорум интихоб шудааст.
Табиист, ки роҳи илму адаб ва набарди фарҳангӣ душвориҳо ва монеаҳои зиёде дорад. Аммо таҷрибаи бисёрсола ва ҷустуҷўи муттасили мадорики тоза мушкилкушои олимони ҷўё мебошанд. Танҳо дониши амиқ ва таҷрибаи фаровони илмӣ ба муҳаққиқи воқеии соҳа имкон медиҳад, ки дар ин роҳ муваффақ шавад. Камол Айнӣ дар таърихи илму адаб ва фарҳанги мо ҳамин гуна як шахси собитқадам аст.

Аъзои пайвастаи Академияи улуми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Академик Раҷаб Амонов
Академик Раҳим Масов
Академик Мўсо Диноршоев
Академик Муҳаммадҷон Шукуров

пешина
аз 235
навбатӣ