Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Афросиёб дар баробари Сиёвуш лашкар кашид. Паҳлавони ҷавон бо эъломи хобе, ки дида буд, фаро расидани ҳодисаи ногувореро эҳсос мекард ва дар ин бора ба зани худ Фарангис огоҳӣ дода гуфт: Ту акнун панҷ моҳ аст, ки ҳомила ҳастӣ, аз ин фарзанд мувозибат кун, ки вай подшоҳи бузург хоҳад шуд. Сипас, бо занаш видоъ карда асби худро савор шуда, роҳи Эронро пеш гирифт. Аммо Афросиёб бо сипоҳаш роҳи гурезро баста буданд. Сипоҳаш му қовимате нишон надод. Ўро дастгир карда ва ҳамроҳони ўро бераҳмона заданд, худашро асир карда ба зиндон андохтанд.
Аз сипоҳи Афросиёб касе ба куштани Сиёвуш ҳозир нашуд. Аммо Гар-
севаз, ки дар куштани Сиёвуш хеле исрор дошт, нобакореро ёфта, ҳалқи шоҳ зодаро бурида, сари ўро аз тан ҷудо кард.
Афросиёб аз бордор будани духтараш Фарангис огоҳ гардида фармон дод, ки ўро он қадар бизананд, то ҷанинро сақат кунад. Аммо Пирон ба истихлоси ў кўмак карда, вайро ба ватани худ Хутан фиристод. Кайхусрав дар он ҷо аз модар таваллуд ёфт. Пирон тарбияти ўро ба чўпони кўҳистонӣ вогузор кард.
Вақте ки Кайхусрав ба ҳадди рушд расид, Пирон ўро ба ҳузури Афросиёб овард. Афросиёб ба қасди санҷидани фаҳму фаросати набераи худ чанд суоле аз вай пурсид. Аммо Кайхусрав ба ҳамаи суолҳо ҷавобҳои берабт ва бемаъно дод. Афросиёб тасаввур кард, ки Кайхусрав ҷавони аблаҳ ва бефаросат аст ва аз вай интизори интиқомҷўӣ, хунхоҳии падараш доштан маҳол аст. Аз ин ҷиҳат ўро ба ҳамроҳии модараш боз ба Сиёвушгирд равона кард.
Хабари ваҳшатноки қатли Сиёвуш ва хиёнати Афросиёб ба Эрон расида хашми эрониёнро барангехт. Рустам фавран ба ҳарамсарои Судоба ворид шуда, ўро ки бо ҳила ва тафтин боиси гурезон шудани Сиёвуш гардида буд, ба Дарк (қалъа) фиристод. Лашкари интиқомгирандагон ба сўи Тўрон рўй ниҳод.
Афросиёб ба муқобили онҳо писараш Сурхаро фиристод. Писари Рустам Фаромарз Сурхаро асир кард. Рустам фармон дод, ки сари ўро бурида, ҷасадашро дар биёбон андозанд. Рустам ба хунхоҳии Сиёвуш қасам хўрд, ки ҳар кас ба дасташ афтад, аз дами теғ гузаронад.
Рустам Сиёвушро худ тарбият карда буд ва аз ин ҷиҳат вай нисбат ба Кайковуси бефаросат дилаш дар қатли Сиёвуш бештар месўхт.
Дар ҷанги бузурге Рустам ба лашкари Тўрон, ки сардораш худи Афросиёб буд, зарбаҳои ваҳшатоваре зад ва худи Афросиёбро аз асб ба замин афканд.
Сардори лашкари Тўрон худро ба таври мўъҷизаосо аз чанги марги ҳатмӣ халос кард. Вай аз оқибати ҷанг ба ваҳшат афтода ба Пирон фармон дод, ки Кайхусравро фавран ба Чин равона кунад. Рустам аз куштаҳо пуштаҳо сохта, хонаҳо ва ободиҳоро вайрон карда, Тўронро ба биёбоне мубаддал кард. Аммо ба худи Афросиёб даст наёфт. Рустам аз тарси он ки аз ақибгоҳ ба Кайковус ҳуҷум кунад, ба Эрон баргашт.
Мўбадон пешгўӣ карда буданд, ки фақат Кайхусрав ба Тўрон комилан ғалаба хоҳад кард. Бинобар он Гев – домоди Рустамро ба Тўрон фиристоданд, то ин ки Кайхусравро ёфта, ба Эрон биёварад. Гев ҳафт соли тамом дар Тўрон дар ба дар гашта, ба балоҳову хатарҳои мофавқи тасаввур дучор шуда, дар охир ба ҷангале расид ва дар он ҷо ҷавонеро дид, ки ин ҷавон ба қадду қомат ва шонаҳояш ўро ба ҳайрат андохт. Ў дарёфт, ки ин ҷавон бояд Кайхусрав бошад. Аломати холҳо дар бадани вай ин нишонро медод, Гев бо ҳамроҳии вай ба назди Фарангис рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё