Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Афросиёб аз ин воқеа хабар ёфта, фикр кард, ки Кайковус дар асари пирӣ ақли худро гум карда, ки роҳи номаъқулро пеш гирифтааст. Бинобар он тасмим гирифт ҳарчӣ зудтар бо Сиёвуш созиш кунад, аз ин ҷиҳат ба Сиёвуш нома фиристода, ба ҳузури худ даъват карда, ваъдаи ҳар гуна эҳтирому ифтихор ба вай дод. Сиёвуш ҳис кард, ки чун аз падараш ғайр аз кина ва беадолатӣ чизи дигар нахоҳад дид, тасмим гирифт, ки тарки ватан карда, ба Тўронзамин паноҳанда шавад. Вай аз Тирмиз ва Чоч гузашта, ба қароргоҳи Афросиёб омад.
Афросиёб бо камоли эҳтиром ва муҳаббат ўро пешвоз гирифт ва ба шарафи ҳузури вай ҷашни бузурге барпо намуд. Афросиёб духтари вазири аввали худ Пирон – Ҷарираро ба издивоҷи Сиёвуш даровард. Аммо Пирон барои он ки бештар Сиёвушро ба Тўрон дилбаста кунад, пешниҳод кард, ки Афросиёб духтари худ Фарангисро низ ба издивоҷи вай дароварад. Афросиёб ин пешниҳодро пазируфта, фармонравоии яке аз вилоёти қаламрави худро ба Сиёвуш вогузор кард. Сиёвуш дар он ҷо пойтахте барои худ бино карда, онро Гангдиж номид. Пас аз он шаҳри дигаре бо номи Сиёвушгирд бино карда, хеле оқилона фармонравоӣ мекард. Мардум ўро хеле дўст медоштанд ва қаламраваш рўз то рўз ободтар мегардид.
Пас аз чанде Афросиёб бародари худ Гарсевазро барои хабаргирӣ ва аҳвол пурсӣ назди Сиёвуш фиристод. Аммо иқдомот ва ислоҳот ва тараққиёте, ки дар қаламрави Сиёвуш дида мешуд, Гарсевазро ба ваҳшат ва ҳайрат андохт. Ў ба ин фикр расид, ки агар ҷараён бо ин тартиб пешрафт кунад, дур нест, ки тамоми Тўрон дар таҳти таъсири фармонравоии Сиёвуш қарор бигирад. Махсусан иморати Сиёвуш дар варзишҳои гуногун Гарсевазро ба ҳайрат андохт. Вай ба назди бародари худ Афросиёб баргашта, забони тунд ва тўҳмат нисбат ба Сиёвуш чунин кушод: «Ў пинҳонӣ бо падараш Кайковус робита дорад ва дар истило бар Тўрон мехоҳад ба вай ёрӣ диҳад». Ва бо ин гуфтаҳо ба таҳрики бародар пардохт.
Афросиёб гуфт:
— Дар ин сурат бояд Сиёвушро назди падараш пас фиристод.
Аммо Гарсеваз ба ин ақида эътироз карда гуфт, ки ў акнун аз ҳама асрори ҷангии мо огоҳ аст ва агар ба Эрон баргардад, нобудии мо ногузир аст. Бинобар он қарор шуд Гарсеваз ба фармони Афросиёб боз назди Сиёвуш рафта, ўро бо занаш ба ҳузури подшоҳ биёварад. Сиёвуш бидуни ҳеҷ гумони бад омодаи сафар шуд. Аммо Гарсеваз фикр кард, ки мумкин аст нияти ғаразнокаш фош шавад. Бинобар Сиёвушро аз ин сафар тарсонида гуфт: «Афросиёб марди бадкинаест ва фикраш фақат нобуд кардани ту мебошад».
Аммо Сиёвуш суханони вайро бовар накард. Сипас Гарсеваз чунин маслиҳат дид, ки пеш аз рафтани вай ба ҳузури Афросиёб аввал ба василаи худи ў ба Афросиёб номае фиристад. Ва Гарсеваз ин номаро бурда, аз кайфияти авзоъ огоҳ шуда, натиҷаро ба Сиёвуш хабар диҳад, ки омадани вай салоҳ аст ё на. Гарсеваз ба вай гуфт: Агар Афросиёб нисбат ба ту қасди бадӣ дошта бошад, ман ба ту хабар медиҳам, то ин ки битавонӣ ба Чин ё Рум фирор карда ҷони худро наҷот диҳӣ.
Гарсеваз ба назди Афросиёб баргашта, хабар дод, ки Сиёвуш тадоруки шўриш мебинад ва аз Чину Рум ҷангҷўён ба ёрии вай ҷамъ мешаванд. Ҳарчӣ зудтар чораҷўӣ лозим аст, вагарна кор аз кор мегузарад.

пешина
аз 235
навбатӣ