Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Аммо Кайковус тамоми некиҳоеро, ки Рустам дар ҳақи вай ба ҷо оварда ва се бор ўро аз ҳалокат наҷот дода буд, фаромўш карда, нўшдоруро надод ва паҳлавони ҷавони ноком Сўҳроб аз дунё даргузашт.
Фирдавсӣ дар ин ҷо боз як воқеаи дигареро нақл мекунад: се паҳлавони эронӣ – Тўс, Гударз ва Гев дар ҷангале машғули шикор буданд. Ногоҳ духтари зебое диданд, ки аз таъқиби падари масташ гурехта, ба ҷангал паноҳ овардааст. Маълум шуд, ки ин духтар аз хонаводаи Гарсеваз аз насли Фаридун мебошад.
Барои соҳиб шудан ба ин духтар дар байни ин паҳлавонон низоъ афтод ва онҳо барои ҳалли ин масъала ба ҳузури Кайковус рафтанд. Аммо Кайковус ин духтарро худаш ба занӣ ихтиёр кард ва аз ў фарзанде ба дунё омад, ки ўро Сиёвуш номиданд.
Кайковус тарбияти ин писарро ба Рустам вогузор кард. Рустам ҳамаи он чиро ки барои як паҳлавони диловар донистанаш лозим буд, ба Сиёвуш омўхт ва пас аз ҳашт сол дастпарвардаи худро ба падараш супурд. Кайковус фармонравоии Каҳистонро ба Сиёвуш вогузор кард. Дар ин ҷо яке аз фаҷеътарин достонҳои «Шоҳнома»- воқеаи Сиёвуш сар мешавад.
Судоба ин ҷавони зеборо дида, аз ҷону дил ошиқи вай шуд ва бо иҷозаи Кайковус Сиёвушро ба унвони меҳмон ба ҳарамсарои худ даъват карда, бисёр кўшиш ба кор бурд, ки мавриди навозиши вай қарор гирад. Аммо Сиёвуш нисбат ба хоҳиши вай эътиное накарда, мўътаризона аз ҳарамсаро берун меравад ва он зани маккора ўро ба таҷовуз ба номуси худ муттаҳам мекунад.
Кайковус ҳарчанд дар ин қазия дудила буд, аммо бо исрори Судоба маҷбур шуд, ки бегуноҳии Сиёвушро мавриди озмоиш гузорад. Барои ин озмоиш гулхани бузурге афрўхтанд ва Сиёвуш савора аз рўи он оташ бе ҳеҷ осебе гузашт ва аз ин озмоиш бегуноҳии вай собит шуд. Аммо Судоба бо ишваву нозу атвори ширин боз ҳам мавриди муҳаббату илтифоти Кайковус қарор гирифт.
Дар ин байн боз хабари ҳуҷуми Афросиёб ба Эрон расид. Судоба шавҳари худ Кайковусро водор кард, ки Сиёвушро ба ҷанги Афросиёб равона кунад. Кайковус розӣ шуд. Аммо ҷавонӣ ва камии таҷрибаи ўро дар назар гирифта, Рустамро ҳамчун мушовир ҳамроҳи вай фиристод. Дар аввалин бархўрд ғалаба насиби эрониён гардид ва онҳо шаҳри Балхро аз чанги ҳариф озод карданд. Худи Афросиёб дар сафар буд ва дар он ҷо хоби ваҳшатноке дида, таъбиркунандагони хоб ба вай гуфтанд, ки агар Сиёвуш дар ин ҷанг кушта шавад, ҳалоки Афросиёб ва вайронии Тўронзамин низ ногузир аст.
Бинобар ин Афросиёб дархости сулҳ кард. Рустаму Сиёвуш ба шарте розӣ ба тарки ҷанг ва мухосама шуданд, ки Афросиёб сад тан аз наздикони худро ба унвони гаравгон ба эрониён супорад ва ин аҳднома пас аз тасвиби Кайковус мўътабар хоҳад буд.
Сиёвуш барои хабар ва таъйини шароити сулҳ Рустамро назди Кайковус фиристод. Кайковус бе чунучаро роҳи мухолифат пеш гирифта ва гумон бурд, ки «чун Рустам ҷангидан намехоҳад, Сиёвушро ба сулҳ водор кардааст».
Бинобар он Рустамро нигоҳ дошта Тўсро ба фармондиҳии лашкар ба Балх фиристод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё