Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Зол мехост худ ба ёрӣ ва раҳоии Ковус ба Мозандарон раҳсипор шавад, аммо бар асари пирӣ ва нотавонӣ ба чунин сафари душвор ҷуръат накард. Ў писари худ Рустами ҷавонро маъмури ин кор кард.
Рафтан ба Мозандарон бо ду роҳ имкон дошт. Яке роҳи маъмулӣ ва бехатар, аммо ин роҳ дур буд ва шаш моҳ то расидан ба Мозандарон вақт лозим дошт. Роҳи дигар хеле кўтоҳ ва наздик буд ва тақрибан муддати ду ҳафта ба он ҷо расидан имкон дошт. Аммо ин роҳ бисёр сахт ва хатарнок буд. Таъхир кардан раво набуд. Бинобар он Рустам роҳи кўтоҳро интихоб кард.
Дар ин сафар вақоеи машҳури «Ҳафт хони Рустам» пеш меояд, ки дар манзили аввал бо шер ҷангида мекушад. Пас аз он бар дунболи бузи кўҳӣ асб давонда ба сари чашмае мерасад. Дар он ҷо аждаҳоеро ва баъд ифритеро, ки ўро ба васваса андохта буд, ҳалок кард. Рустам яке аз сокинони маҳаллиро дастгир карда, ба нишон додани ҷои деви сафед ва асирони эронӣ маҷбур кард. Баъд ў посбони Аржангдевро ҳам кушт.
Дар охир Рустам бо деви сафед ҷангида, ўро ҳалок кард ва ба молидани чанд қатра аз хуни ин дев чашми лашкариёни Эрон аз нав бино гардид.
Сипас Рустам ба шоҳи Мозандарон нома навишта, ўро фавран ба таслим шудан даъват кард. Вай ҷавоби сахт ва дағалона навишта фиристод. Рустам тасмим гирифт худаш бо номаи шоҳи Мозандарон ба назди вай равад. Шоҳи Мозандарон ҷаллодро эҳзор карда, ба куштани Рустам фармон дод. Ҳамон дам Рустам шўхикунон ҷаллодро дуним карда, аз пеши шоҳи Мозандарон берун рафт. Сипас дар ҷанге, ки байни шоҳи Мозандарон ва Рустам воқеъ шуд, шоҳи Мозандарон шикаст хўрда нобуд гардид. Кайковус яке аз гумоштагони худро ба фармонравоии Мозандарон муаяйн карда, ба Эрон баргашт.
Кайковус ба Рустам иҷозат дод, ки ба ватанаш Зобулистон равона шавад ва худаш ба ҷаҳонгардӣ ва кишварситонӣ машғул гардид. Дар аснои ин сафарҳо ба кишвари Ҳамоварон расид ва дар он ҷо ба духтари зебои шоҳи Ҳамоварон - Судоба ошиқ гашта, вайро аз падараш хостгор шуд. Шоҳи Ҳамоварон намехост духтарашро ба Кайковус бидиҳад. Аммо худи Судоба ба ин издивоҷ хеле моил буд ва оқибат онҳо зану шавҳар шуданд.
Аз ин воқеа кинаи Кайковус дар дили падари Судоба ба ҷўш омад. Ў хост бо ҳилае Кайковусро гирифтор кунад. Бинобар он ўро ба меҳмонӣ даъват кард.
Судоба шавҳари худро аз хатар огоҳ кард. Аммо Кайковус ба сухани занаш гўш надода, ба он зиёфат рафт. Шоҳи Ҳамоварон ў ва тамоми ҳамроҳонашро дастгир карда, дар қалъаи баланде зиндонӣ кард. Судоба чун аз ин воқеа бохабар шуд, аз падараш дархост кард, ки ўро низ ҳамроҳи шавҳараш зиндонӣ кунанд. Падари вай ин хоҳиши Судобаро ба ҷой овард.
Афросиёб аз гирифтории Кайковус бохабар шуда, боз ҳам ба Эрон лашкар кашид. Рустам барои раҳоии Кайковус шитофт. Вай дар аснои ҷанг шоҳи Ҳамоваронро бо каманд дастгир карда, Кайковусро ифтихормандона аз асорат наҷот дод. Сипас ба ҷанги Афросиёб пардохта, бар вай ғолиб гардида, ўро ба фирор водор сохт.
Дар ин ҷо Фирдавсӣ якчанд достон, аз ҷумла достони машҳури Рустам ва Сўҳробро навишт, ки Рустам надониста фарзанди худ Сўҳробро бо дасти худ мекушад. Чунон ки аз достон маълум мешавад, модари Сўҳроб Таҳмина туркнажод буд. Вақте Рустам бо захми ҳалокатовар маҷрўҳ шудани фарзанди дилбандаш Сўҳробро дид, ба хотир овард, ки Кайковус нўшдоруе дорад, ки ҳар захми марговарро фавран шифо мебахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё