Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз Манучеҳр писари вай Навзар (Нўзар) ба шоҳӣ расид. Вай подшоҳи бедодгар ва айёш буд. Дар замони ў харҷу марҷ дар мамлакат рух дод. Дар натиҷа Афросиёб Эронро майдони тохтутоз қарор дод. Дар аснои ҷанг Навзар бо ду ҳазор тан аз ҷангиёни худ ба дасти Афросиёб асир шуд. Афросиёб оҳанги ҳуҷум ба Меҳробшоҳ карда буд, ки Зол бо гурўҳи диловарони худ дар муқобили вай садд карда, лашкари Тўронро ба ваҳшат андохта, маҷбур намуданд, ки роҳи фирор пеш гиранд.
Зол ба раҳоии асирон муваффақ шуд, аммо дар лаҳзаи охир Афросиёб аз шиддати хашм Навзарро кушт. Бино бар гуфтаи Фирдавсӣ Навзар фақат чаҳор сол подшоҳӣ кард.
Пас аз Навзар набераи Манучеҳр ба номи Зоб (Зов) писари Таҳмос ба ҷои ў нишаст. Зов бо тўрониён қарордоди сулҳ баст ва рўди Ҷайҳун дар байни ду кишвар марз қарор дода шуд.
Пас аз Зов Гаршосп ба шоҳӣ расид ва ин охирин подшоҳи Пешдодӣ мебошад.
Паҳлавони ҷавон Рустам ба ҷустуҷўи асби муносибе баромад, зеро ки нерумандтарин асбон тоби сангини ўро надоштанд. Дар охир асберо ёфт, ки ўро Рахш номид. Ин асб то охирин лаҳзаи ҳаёт ёри вафодори Рустам буд.
Каёниён – аввалин подшоҳи ин силсила Кайқубод аст, аз насли Манучеҳр, ки ба ҳиммати Рустам ба тахти шоҳӣ нишаст ва понздаҳ сол фармонравоӣ кард.
Афросиёб пас аз гузаштани панҷ сол аз муоҳидаи сулҳ боз аҳдшиканӣ карда, ба Эрон ҳуҷум овард. Рустам лашкари гаронеро фароҳам кард, ки душмани ғаддори Эрон – Афросиёбро аз байн бардорад. Аммо Афросиёб ҳам дар зўру ҷангозмоӣ аз Рустам камтар набуд. Ду паҳлавон дар размгоҳ рўи ҳам қарор гирифтанд. Рустам бо як ҷаст камарбанди Афросиёбро гирифта, аз болои зин ҷудо кард. Аммо камарбанд тоби сангини паҳлавонро наёварда пора шуд ва Афросиёб аз асб ба замин ғалтида ҳаросон роҳи гурезро пеш гирифта, давон-давон назди падараш Пашанг омада, бо зорӣ гуфт: акнун оштӣ кардан лозим аст, вагарна дар баробари паҳлавоне чун Рустам ҳеҷ кас истодагӣ карда наметавонад.
Боз ҳам сулҳ карданд ва рўди Ҷайҳун марзи ду кишвар қарор дода шуд.
Пас Кайковус ба шоҳӣ расид. Рўзе хунёгар – навозанда ва сарояндае ба ҳузури вай расид, ки аслан аҳли Мозандарон – сарзамини девон буд. Вай бо суруд ва таърифу тавсифи кишвари зебои худ пардохт. Кайковус аз шунидани васфи зебоии Мозандарон ба ҳаваси тасхири он диёр афтод.
Дарбориён ҳарчӣ кўшиш карданд, шоҳро аз ин хаёл мунсариф кунанд, суде набахшид. Ба вай гуфтанд, ки ҳеҷ кас аз пешиниёнаш ҷуръат накардаанд, ки ба ҷанги девони ваҳшии Мозандарон раванд. Аммо Ковус иддао кард, ки вай аз ҳамаи гузаштагон нирўмандтар аст ва ҳеҷ коре ва сафаре нест, ки аз қудрати вай фузун бошад.
Хулоса, лашкари Кайковус ба хоки Мозандарон ҳуҷум кард. Шоҳи Мозандарон аз ин воқеа хабар ёфта, ба ваҳшат афтод. Вай ба деви сафед хабар дод, ки аз Кайковус ҷилавгирӣ кунад. Деви сафед бо ҷодуе Кайковус ва ҳамаи лашкариёни ўро кўр кард, онҳо ба дасти девон асир шуданд. Фақат як тан тасодуфан аз сипоҳи Ковус фирор карда, хабари шикасту асорати Ковусро ба Эрон бурд.

пешина
аз 235
навбатӣ