Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз гуфтугў бо Фарангис мувофиқати худро бо фирор ба Эрон эълом кард. Аммо дар ин кор ниҳоят эҳтиётро лозим донист.
Фарангис аз хизонаи пинҳонии худ миқдоре ҷавоҳирот гирифта, Кайхусрав бар асби падараш Беҳзод савор шуда, пеш аз тулўи хуршед роҳи Эронро пеш гирифтанд.
Пирон аз воқеа хабар ёфта, сесад савор ба таъқиби онҳо равона кард.
Аммо Гев ҳамаи онҳоро ба фирор водошт. Сипас худи Пирон ба дунболи онҳо шитофт. Ў ба соҳили рўди амиқе расид, аммо фирориён аз он гузашта буданд. Гев аз тасмими таъқибкунандагон огоҳӣ ёфта, ба Кайхусрав гуфт:
Ҳарчи зудтар бояд шитоб карда,худро зери ҳимояти лашкари Эрон қарор дод ва худаш аз рўд гузашта, ба таъқибкунандагон ба ҳамла пардохт.
Фирдавсӣ дар ин ҷо далерӣ ва аз ҷон гузаштагии содиқонаи паҳлавононро дар роҳи меҳан муҷассам кардааст.
Ҷанг зиёд давом накард ва дере нагузашт, ки Пирон дар каманди Гев ба дом афтод. Паҳлавон дасту пои ўро баста, либос ва аслиҳаи ўро пўшида, байрақи вайро бардошта, худро ба лашкари Пирон расонид ва бо ҳуҷуми ногаҳонии худ ҳамаи онҳоро торумор кард. Гев Пиронро ба назди Кайхкусрав овард. Фарангис некиҳои ўро ба хотир оварда, ба куштани вай розӣ нашуд ва хоҳиш кард, ки дасту по баста ба ҳузури Кайковус бурда шавад. Посбонони марзӣ барои гузаштани онҳо ба соҳили дигар киштӣ надоданд ва фирориён аз тарси хатар худро ба об зада, шинокунон аз Ҷайҳун гузаштанд.
Лашкариён бо фармондеҳии Тўс дар интизории онҳо буданд. Тўс, ки худро аз насли Навзар мешумурд, ба далели ин ки Кайхусрав шоҳзодаи нима тўронист, аз таъзими вай сар кашид ва рафтори ў нисбат ба Кайхусрав сабаби тааҷҷуби ҳама гардид, ҳатто ин баҳс дар ҳузури Кайковус низ давом дошт. Тўс ба Кайковус пешниҳод мекард: дар сурате, ки писараш Фарибурз зинда аст, тахту тоҷи мамлакат набояд ба наберааш Кайхусрав вогузор шавад. Кайковус ба ин ду шарте қарор дод, ки ҳар кас аз онҳо тавонад қалъаи тасхирнопазири Ардабилро ишғол кунад, ғалаба бо ўст. Кайхусрав бо ёрии Гев ва Гударз ин пирўзиро ба даст овард ва Кайковус тахту тоҷи мамлакатро ба вай вогузор кард.
Кайковус аз Кайхусрав дархост кард, ки алоқаи худро бо Афросиёб ба куллӣ фаромўш карда ва ҳеҷ гоҳ бо вай сулҳу созиш накунад. Кайхусрав бо савганди худ ин тааҳҳудро пазируфт. Сипас вай сипоҳро ихтор карда ва хитобан ба онҳо нутқе эрод карда ва дархост кард, ки дар дафъи шарри Афросиёб ба вай ёрӣ диҳанд ва ба ҳар кас, ки Афросиёбро нобуд кунад, подоши бузурге ваъда дод. Ҳар як аз паҳлавонони номдор вазифае ба ўҳда гирифта бо гурўҳи худ дар паи кори худ рафтанд.
Хусрав Тўсро ба Тўрон маъмурият доду ба вай таъкид карда гуфт ки: дар сари роҳ дар Калот бародарам Фуруд – фарзанди Сиёвуш аз зани дигараш Ҷарира зиндагонӣ мекунад. Ту аз он роҳ марав, ки бо вай бархўрд карда, маҷбур ба задухўрд шавӣ ва ба вай осебе расонӣ. Аммо Тўс дар роҳ фикр кард, ки агар аз роҳи Калот наравад, маҷбур аст аз биёбоне беобу алаф гузарад, ки эҳтимоли ҳалокати лашкараш аз он меравад. Вай таъкиди Кайхусравро ба ҷо наоварда, аз роҳи Калот равона шуд.
Фуруди ҷавон, ки ў ҳам монанди падараш паҳлавони диловаре буд, аз расидани лашкари Эрон хабар ёфт. Вай рамаҳои худро ба кўҳистон фиристод ва худаш ба қалъаи кўҳистонӣ паноҳ бурд.

пешина
аз 235
навбатӣ