Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Устод Садриддин Айнӣ ҳеч гоҳ зидди хатти форсӣ-тоҷикӣ (ниёгон) набуд. Табдили хатти ниёгон ба хатти лотин ва сипас ба хатти кириллӣ амре иҷборӣ ва сиёсӣ аз сўи инқилобиюн буд. Пас аз соли 1926 Туркия, Озарбойҷон, Тотористон, Туркманистон, Қазоқистон ва Ўзбекистон хатти лотинро пазируфтанд, вале дар натиҷаи муқовимати Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдӣ, Аббос Алӣ ва дигарон Тоҷикистони худмухтор фақат дар соли 1929 хатти лотинро бар асоси фишори сиёсии давлатӣ пазируфт.
Устод Айнӣ ҳамаи осори хешро ба хатти форсӣ-тоҷикӣ (ниёгон) навишт.
Робитаи эшон бо аҳли илму адаб, шогирдон ва фарзандон фақат бо хатти ниёгон анҷом мешуд.Ғараз аз тафсилот дар баёни баъзе аз лаҳазоти муҳимми рўзгор ва осори Айнӣ он аст, ки дар пешгуфтори китоби «Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» чеҳраи воқеии ин размандаи алайҳи ситам бар халқи тоҷик ва бар фарҳанги онро он гуна ки шоиста аст ва ба ихтисор тарсим кунем, то арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсии китоби мазбур, ки барои нахустин бор пешкаш мешавад, барои хонандгони имрўзу фардо мушаххастар ва равшантар ҷилвагар шавад.
Саввуми июни соли 1917 устод Садриддин Айнӣ, чунонки гуфта шуд, пас аз табобат ба шаҳри Самарқанд ҳиҷрат кард ва октябри соли 1920 дар гу зари Сўфӣ Розиқи он шаҳр дар хонаҳои дўстони шафиқу бовафояш Мардонқул Шоҳқурбонзода (сардабири рўзномаи «Ҳуррият»), Абдуллоҷон Абдулхолиқзода, Мулло Исматуллоҳ Раҳматуллоҳзодаи муаллим ва муаллим Абдулқодири Шакурӣ зиндагӣ кард ва таърихи таълифи китоби «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ё «Таърихи усули савтия ва Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ба забони форсӣ-тоҷикӣ бо ҳамин маҳаллаи Сўфӣ Розиқ ва шароите, ки дўстони фидокораш барояш муҳайё карда буданд, вобастагии шадиде дорад ва дар он ҷо таълиф шудааст.
Бисёрӣ пиндоштаанд, ки китоби номбурда фақат ба забони ўзбекӣ ё туркии маъмули он замон нигошта шудааст, аммо ин пиндор саҳеҳ нест! Пас нусхаи асили ин асар, ки онро метавон таҳрири аввал гуфт, чи асарест ва чи гуна таълиф шудааст?
Нусхаи аслии форсӣ иборат аст аз дувоздаҳ дафтари машқи чаҳордаҳ то шонздаҳбаргии мактабхона дар 357 сафҳа бо хатти муаллиф (Садриддин Айнӣ ибни Саидмуродхоҷа).
Унвони асар: «Таърихи усули савтия ва Инқилоби фикрӣ дар Бухоро («Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро»).
Оғози китоб (с.1): «Маълум аст, ки то санаи 1883 милодӣ мактаби усули савтия ва усули ҷадида дар байни мусулмонони Русия набуд...».
Анҷоми китоб (с.357): «Азбаски тараққипарварон дар ин чанд моҳ ҳукумати Бухороро хуб шинохта буданд ва ҳам то куҷо будани лутфи амирро медонистанд, таслим нашуданд, зеро таслим шудан ҳамон буду талаф шудан ҳамон. Чун ҳол бад-ин минвол расид, дар миёни ҷавонбухороиён, барои ҳифзи ҳаёти худ ду фикр афтод. Фирқае мегуфтанд: ба Ватан ва хонумон видоъ карда ба дохили Туркистон ҳиҷрат мекунем ва дағдағаи ислоҳоти Бухороро то вақти марҳуни муносиб вомегузорем. Фирқаи дигар мегуфтанд, ки ҳарчи бодо бод, ба Когон меистем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё