Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Охир ин мунофирате, ки миёни болшевикони рус ва ҳукумати Бухоро ҳаст, ба шамшер хоҳад ҳал шуд. Толеи мо низ дар он ғавғо ҳал мешавад.
Дар ин ҷо ба ин таҳрир хитон дода шуд. Бубинем, то баъд аз ин чӣ мешавад. Агар умр амон диҳад, воқеоти оянда низ ба қисми дувум таҳрир карда мешавад.
Панҷуми ҷамодолувлои 1336 ҳиҷрӣ, якшанбе, мутобиқи 17 феврал (4) 1918 милодӣ. Садриддин Айнӣ ибни Саидмуродхоҷа, Самарқанд, гузари Сўфӣ Розиқ).
Адиб ва сухандони номдори мо Раҳим Ҳошим дар пешгуфтори хеш барои тарҷумаи китоби «Бухоро Инқилоби учун материаллар», яъне «Таърихи Инқилоби Бухоро» (Душанбе, нашриёти «Адиб», 1987, саҳ. 234) навиштааст:
«Яке аз асарҳои хеле муҳимми таърихӣ ба тамоми маънои ҳуҷҷатии устод Айнӣ, «Бухоро Инқилоби таърихи» ном дорад, ки дар арафаи Инқилоби Бухоро ба забони ўзбекӣ навишта шудааст».
Бояд гуфта шавад, ки ин асари таърихии Садриддин Айнӣ пас аз Инқилоби Бухоро ба забони ўзбекӣ таҳрир шудааст. Инқилоби Бухоро дувуми сентябри 1920 ба амал оварда шуда ва шашуми октябри 1920 Ҷумҳурии мустақили халқии Бухоро эълом шуд. Баъд хоҳем дид, ки ин асар ба забони ўзбекӣ дар
23 феврали 1921 тасниф шудааст. Пас аз Инқилоби Бухоро, Айнӣ фурсати муносибе пайдо кард, ки чанд бор ба манзури шиносоии шахсӣ бо вазъи шаҳри шариф ва бо нияти муайян кардани имконоти мавҷуд барои фаъолияти илмӣ ва адабӣ ва барои дидор бо дўстон ва бо Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба Бухоро биравад. Зеро ба устод Айнӣ паём расида буд, ки аҳвол ва рўзгори Садри Зиё чандон хуб нест. Хулоса устод Айнӣ дар Бухоро барномаи илмӣ ва адабии хешро ба масъулони ҷумҳурӣ пешниҳод кард. Пешниҳоди аслии Айнӣ таъсиси Анҷумани таърих ва адаб буд, ки аз ҷониби аҳли фарҳанг ва адибони донишманд ва мақомоти давлати Бухоро пазируфта шуд.
Ногуфта намонад, ки устод Айнӣ дар бораи масъалаи ояндаи Бухоро ва забони давлатии он бо Файзулло Хоҷаев, раиси он ҷумҳурӣ, ихтилофи шадиде дошт ва ҳатто мегўянд, ки бо ў сухан намегуфт, вале ба хотири Муҳаммадшариф Садри Зиё (Шарифҷон Махдуми Садри Зиё) бо ҳамроҳии дўстонаш ба дидори Файзулло Хоҷаев шитофт. Файзулло пешниҳоди Айниро фаврӣ ва бо хушнудӣ пазируфт ва Садри Зиёро раиси авқофи Бухоро таъйин кард ва ба Айнӣ гуфт:
«Ҳазрати устод! Барои обрўи Бухоро мо Шоиқ афандии адиб, дўсти шуморо сафири Ҷумҳурии Бухоро дар Афғонистон таъйин кардем, устод Фитратро ба Туркия ва мехостем, ки шуморо ба Сафорати Эрон, агар ризоият бифармоед, бигузорем».
Устод Айнӣ фавран дарк кард, ки ҳамаи ин се нафар номбурда, онҳое ҳастанд, ки дар интихоби раиси Ҷумҳурии Бухоро бояд ширкат бикунанд ва ба шаҳодати Изомӣ – хушнависи бухороӣ (баъдан эшон муншии Фитрат ва Айнӣ шуд) дар посухи Файзулло гуфт: «Эшонҷон (лақаби ҷавонии Файзулло), ман қатъан эълом мекунам, на сафир шудан мехоҳам, на кабир (яъне раиси Ҷумҳурии Бухоро), аммо мехостам шароите муҳайё шавад, то мо анҷумани таъриху адабро бунёд кунем, ки онро дар хориҷ Фарҳангистон меноманд».
Файзулло Хоҷаев изҳори ризоият кард ва бинои мўҳташами куҳанбунёд – идораи кунунии ақд ва издивоҷ (ба забони русӣ ЗАГС) дар шаҳри Бухороро барои ин марказ дар назар гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё