Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ў навишта буд:
«Мўҳтарам сафири кабири Туркия дар Тоҷикистон, Айдин Идил!
Мўҳтарам Айдин-Бейафандӣ.
Барои номаи латиф ва шавқоваронаатон ба зоти олии Шумо ташаккур мегўям. Бо сарпарасти Бунёди Айнӣ – Камолиддин Айнӣ солиён ошно ҳастам ва таҳқиқоташро бо шавқ ва таваҷҷўҳ истиқбол намудаам – медонам, ки эшон як шахсияти ниҳоят шоистаанд. Он шахсияти воло ва дигар ҳамфикронашонро аз Тоҷикистон дар марказамон бе ҳеҷ гуна душворӣ истиқбол менамоем.
Ба ҷиҳати ин ки бо ҳимояти сарвари давлати Озарбойҷон мўҳтарам Ҳайдар Алиев, бо ҳамкории Академияи улуми Озарбойҷон рўзҳои 9-10 декабри соли 1998 дар Боку бо унвони «Тамаддуни Исломӣ ва Қафқозия» симпозиуми байниминтақавӣ баргузор мешавад, аз 8.12 ба Боку равонаам ва 11 декабр ба Истанбул бармегардам. Тибқи тамоси мо бо мудирияти иттилооти нахуствазир дар Истанбул ҳайати Тоҷикистонро 12.12.98 соати 11 ба марказамон даъват намудаем…»
Ҳангоме ки мо ба маркази баррасиҳои Акмалиддин Эҳсоноглу расидем, гурўҳе моро истиқбол намуданд. Ва муовини раиси ин марказ доктор Ҳидоят Йавуз Нўҳоглу бо хушнудӣ ва чеҳраи дурахшон моро пешвоз гирифт ва эълом кард, ки устод Эҳсоноглу аз Боку ба фурудгоҳи Истанбул расидаанд. Шумо меҳмононро ҳайра мақдам мегўянд ва ба сўи дафтар мешитобанд.
Ба ин ҷиҳат сўҳбати мо бо устод Нўҳоглуи форсидон шурўъ шуд. Эшон таърихчаи ин марказро ба мо нақл намуданд. Сохтмоне, ки марказ ҷойгир аст, Йилдиз Сараи (Ахтарсаро) ном дорад, ки ҳукумати Туркия эҳдо намудааст. Ин бино собиқ маҳалли ҷамъомади сафирон ва дипломатҳои кишварҳо будааст, ки барои шарафёбии султонҳои Туркия гирд меомаданд.
Ин Маркази баррасиҳои фарҳанги исломӣ бо кулли марказҳои ҳамнасқи хеш дар ҷаҳон ва бо донишмандони ҳампешааш робитаи қавӣ дорад. Китобхонаи ниҳоят ғанӣ, маводди муҳимми таҳқиқотӣ, кормандони соҳибдониши варзида, васоили лозимаи техникии охири қарни 20-ро дорост. Аз соли 1980 то соли 1996 46 адад китоби пурарзише дар сатҳи интишори ниҳоят боло ба табъ расонидааст. Масалан: Феҳристи илмии тарҷумаҳои Қуръони Маҷид аз соли 1515 то соли 1980 (Истанбул, 1986). Кутубхонаҳои нусхаи қаламии Туркия (Истанбул, 1995), Феҳристи нусхаи хаттии китобхонаи Кўпрулюзаде (ҷ. 3, Истанбул, 1086), «Фанн-ул-хатт» (Истанбул, 1990), «Истилоҳи ҳунари исломӣ» (Истанбул, 1994) ва ғайра.
Сўҳбат бо Акмалиддин Эҳсоноглу ниҳоят хуш, самимона, дўстона ва бо роҳу равиши равшанӣ андохтан ба ҳамкориҳои оянда сурат гирифт. Тасвиб шуд, ки шояд «Маҷмўаи миниатюра»-ҳои бар осори форс-тоҷикро аз кутубхонаҳои ин кишвар (иншоаллоҳ!) бо ҳам ба нашр расонем. Бо мақсади нерў бахшидан ба барномаи ҳамкорӣ мо чанд намуна аз корҳои нусхашиносӣ
– мутуни интиқодӣ, миниатюрашиносӣ ва нашри таҳқиқотии факсимелеи «Саломон ва Абсол»-ро эҳдо кардем. Ва мо ҳама бо вақти хуш ва димоғи болида пас аз дидани видеофилми мустанад, тибқи барномаамон ба ҷониби муҳимтарин осорхонаи ин шаҳр – «Дўлмабоғча сараи», «Тупокопи Сарак» ва «Айасафия Мезеси» раҳсипор гардидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё