Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳим он аст, ки дар ин китобхона чандин нусхаи ниҳоят қадими форсӣ ва нусхаҳои зиёди наққошишудаи музайяни нигорин шуда, ки бархе аз онҳо аз феҳристҳои собиқаи туркӣ ба мо маълум буд маҳфузанд. Акнун феҳристи ҷомеи нусхаҳои хаттии кулли Туркия омода шуда, ҷилди нахустинаш интишор ёфтааст. Дар ҷилди саввуми ин феҳристи ҷомеи кулли нусхаи хаттии он кишвар – «Туркия йазмалари топлу каталогу» 2283 китоби қаламӣ тавсиф шудааст.
Бояд гуфт, ки ин ҳама ганҷи фарҳанги китобхонаҳои Туркия аз солҳои ҳуҷуми муғулу тотор бо корвонҳои муҳоҷирин аз Осиёи Марказӣ ва Эронзамини фарох кашонида шуда, ҳамчунин натиҷаи ғанимати ҳарбу зарби таърих низ будааст. Ба ин ҷиҳат дар китобхонаҳои Туркия нусхаҳои нодир, баъзан мунҳасир ба фард, ба чашм мерасанд. Ҳамон куҳаннусхаи «Тарҷумонул-балоға»-и Родиёниро ёдовар мешавем, ки онро донишманди фақиди Туркия Аҳмад Оташи порсипарасти дўсти нозанини мо пайдо карда, ба табъ расонида, ҷаҳони илму адаби эрониро шодоб намуда буд. Туркия кишварест, ки дар яке аз китобхонаҳояш нусхаи тарҷумаи «Сурат-ул-кавокиб»-ро дар бар дорад, ки донишманди бузургвори мо Насируддини Тўсӣ аз арабӣ ба порсии дарӣ тарҷума карда бо килки равони хеш покнависӣ кардааст. Далоиле қавии мустанад дорем, бар он ки ин нусхаи мунҳасир ба фарди бо хатти шарифи Насируддини Тўсӣ аз китобхонаи Расадхонаи Мароға, ки он бузургвор дар он ҷо сарвар буд, аз ҷониби Темур ба Самарқанд оварда шуда буд. Ва пас аз сари Амир Темур ба Мирзо Улуғбек ба мерос расид ва пасон, баъди қатли Мирзо, гўё ҳангоми ба Туркия баргаштани Алӣ Кушчӣ, ба Туркия интиқол шудааст.
Ва боз наметавонам зикр накунам, ки ягона нусхаи «Ҳикмат-ул-машриқийин»- и Шайх Абўалии Синои Бухороии мо низ дар Туркия маҳфуз аст, ки имрўз аз ҷониби донишманди тоҷик Сулаймонов тарҷума ва таҳқиқ шудааст. Ва боз, боз ва боз – мо аз маводди нодири он кишвар аз рўи феҳрастҳои зиёдаш нисбатан огаҳии хуб дорем. Ва мешавад гуфт, ки захираи нусхаи хаттии Туркия дар радифи ганҷинаҳои Эронзамини фарҳангогоҳи нигоҳдорандаи суннатҳо ба гунаи аслаш, Варорўд – Осиёи Марказии ба торупуд фарҳанги осебдида ва минтақаи Афғонистони тороҷшуда, Ҳиндустон ва коллексионҳои Шарқу Ғарби ҷаҳон барои мо яке аз муҳимтарин ва пурарзиштарин ба шумор меравад.
Пас аз ошноӣ бо Кутубхонаи Сулаймония бо шахси масъули он сомон Абдуллоҳ-бой Гувени меҳмоннавоз худоҳофизӣ кардем ва ҷониби Бешиктош ном маҳалли Истанбул шитофтем, ки он ҷо маркази баррасиҳои таърих, ҳунар ва фарҳанги исломӣ бо сарварии устод Акмалиддин Эҳсоноглу фаъолият дорад.
Боздиди ин марказ ва вақту соати муайяншудаи онро ҳанўз қабл аз парвоз ба Туркия ман дар барномаи асосии сафари хеш зикр намуда будам. Зеро ман ўро беш аз 15 сол хуб мешинохтам, мукотиба доштам, дар конгрессҳои ҷаҳонӣ дар Эрону Покистон ва Аврупо бо ҳам будем ва ў солиён аст, ки нигарони сафари ман ба шаҳри вай – Истанбули куҳанбунёди навобод буд. Ва аз барномаи мо ўро огоҳ карда буданд. Аммо чунин вазъ пеш омад, ки аз 6 декабр вай дар Симпозиуми шинохти фарҳанги исломӣ бо даъвати Президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар Боку будааст. Аммо ин марди шарифи вазифашинос дўстии хешро чунон намоиш дод, ки 8 декабр ба сафири кабири Туркия Айдин Идил аз тариқи телеграф нома фиристода таъкид карда буд, ки вай шод аст ва 12 декабри соли 1998 соати 11 рўз дар марказаш моро пазироӣ хоҳад кард.

пешина
аз 235
навбатӣ