Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар асоси қонуни матбуот аз куллияи китобҳое, ки дар саросари кишвари Туркия чоп мешавад, як ҷилд ба ин китобхона ирсол мегардад.Бад-ин гуна ин китобхона моҳияти китобхонаи миллӣ пайдо кардааст. Дар ибтидои таъсис, Ибн ал-Амин Маҳмуд Камол Ийнол ҳудуди чаҳор ҳазор ҷилд аз китобҳои худро ба ин китобхона бахшидааст. Пас аз вай Соҳибмулло ва Ризопошшо низ китобҳои шахсии худро ба китобхонаи Донишгоҳ вақф кардаанд.
Китобҳои китобхонаи шахсии Холис-афандӣ барои китобхона харидорӣ шуда. Китобҳои хаттии Донишкадаи адабиёти Истанбул ба ин китобхона интиқол ёфта ва миқдоре китоб харидорӣ шудааст. Дар ин китобхона то соли 1988 250 ҳазор ҷилд китоби чопӣ ва 18900 ҷилд нусхаи қаламӣ мавҷуд буд. Ин маълумот ба унвони намунаи ибрат аз тавзеҳоти гирдоварандагони «Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии китобхонаи Донишгоҳи Истанбул» ба таълифи Тавфиқи Ҳошимпури Субҳонӣ ва Ҳисомиддини Оқсу иқтибос шуд ва он феҳристро Пажўҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолаоти фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар силсилаи интишороти вазини хеш ба гунаи оростагӣ ва пиростагӣ ба табъ расонида аст. (Теҳрон 1374-1995, с. 7). Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии китобхонаи Истанбул дар 754 саҳифа 1615 нусхаи қаламии форсиро дар бар дорад ва муҳим аст, ки тибқи қонунҳои феҳристнигории илмии байналмилалӣ дар замимааш чанд мифтоҳ омада аст, ки барои шеваи нигориши чунин кутуби имлӣ ҳатмист: мифтоҳи унвонҳои китобҳо, номҳои муаллифон, котибон ва феҳристи маохизи истифодашуда…
Ногуфта намонад, ки аз нусхаҳои қаламии нафиси ин китобхона маҷмўаи мунҳасир аст, ки ба дастури Шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ таҳия ва ба Сулаймон Муроди Саввум эҳдо шудааст. Ин албом ба унвони «Албоми Шоҳ Таҳмосп»
маъруф аст ва аз назари донишмандони ҳунари исломӣ дорои аҳамияти вижа аст.
Аз байни даҳҳо кутуби хаттии нодири ин китобхонаи соҳибэътибор шоиста аст боз «Шоҳаншоҳнома»-и Сайидлуқмон зикр гардад, ки соли 989-1581 дар замони Султон Муроди Саввум ба шеъри форсӣ суруда шудааст. Ҷилди аввали он ки 58 миниатюр дорад, дар ҳамон китобхона ва ҷилди дувумаш, ки
95 миниатюр дорад ва дар соли 1001 ҳ. (1592 м) ба анҷом расида ва дар соли 1006 ҳ. (1597 м.) ба Султон Муҳаммади Саввум тўҳфа шудааст, дар Осорхонаи Тўпқопу сарои нигаҳдорӣ мешавад. Боз бояд гуфт, ки дар Китобхонаи Донишгоҳи Истанбул нусхаи нафиси нодири «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мавҷуд аст, ки яке (№1405) аз садаи даҳуми ҳиҷрӣ, дувумӣ (1406), ба хатти Солиқ ибни Саид дар санаи 899 х. китобат шудааст. Ин нусха 109 миниатюри бисёр зебо дорад ва ба қавле «бисёр нафис ва тазҳибӣ, бо 40 лавҳаи нигорини нафис ва тазҳиби бодурахши воло ороста шудааст. Дар ин китобхона 1615 ҷилд нусхаи қаламӣ ва Маҷмўатуррасоли форсӣ вуҷуд дорад, ки иддае аз онҳо мунҳасир ба фард ба шумор мераванд ва дар навъи худ беназир мебошанд.
Аз ин Донишгоҳ моро рост ба бузургтарин китобхонаи Туркия – Китобхонаи Сулаймония роҳнамун намуданд, ки он дар хиёбони Боязид воқеъ аст.
Ин китобхона соли 1549 бунёд шуда, то замони мо 117 коллексияи нусхаи хаттӣ, кутуб ва архиви шахсиятҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва давлатиро харидорӣ намуда, ё ба тариқи вақф истиқбол намуда, ба гунаи ниҳоят хуб ҳифз ва нигоҳдорӣ менамояд. Бино ба кори нашрияи расмии ховаршиносӣ камина огаҳӣ доштам, ки Китобхонаи Сулаймония то соли 1984 тақрибан бештар аз 98 ҳазор кутуби куҳани чопӣ ва наздики 70 ҳазор нусхаи қаламии форсӣ, арабӣ, туркӣ ва уйғурӣ дошт. Ҳоло равшан гардид, ки ин китобхонаи куҳанбунёд 3850 нусхаи қаламии форсӣ ва 2280 китоби чопии куҳани форсӣ, 50.510 нусхаи қаламии бо забони арабӣ ва 17397 ҷилди кутуби матбўи арабиро доро будааст.

пешина
аз 235
навбатӣ