Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Моро соатаке ба бозори Оқсарой – бузургтарин маркази тиҷорати он сомон низ бурданд. Бояд гуфт, ки тамошои бозор ва мағозаҳои бодурахши фаровонниҳодаш хуш аст. Як матлаби ҷолиб дар Оқсарой ҳамин буд, ки дар ҳамаи мағозаҳо як ё ду нафар рус, украин, озарбойҷон ва бештар тоҷикони афғонистонӣ дар хидмати тарҷумонӣ ва тиҷорат ҳастанд ва кор мекунанд.
Мусофирон ва тоҷирон аз ҳар кишвар бағоят зиёд ҳастанд ва эълонҳо ҳам ба забонҳои гуногун навишта шудаанд.
Ба гуфтугўи мо бо ҳамдигарамон таваҷҷўҳ намуда чанд нафар бо мо гарму самимона саломуалайк ҳам карданд. Яке аз хешовандони Иброҳимбек будааст, ин мард ду зан доштааст, ки яке афғонистонӣ, дигаре духтари зебои Хоҷаюсуф ном бухороӣ, ки як замон барои хондан ба Туркия омада, пас муқими он кишвар гардидааст. Чанд нафари дигар ҷавонмардони аз Тоҷикистон, ки гуреза шуда буданд ва ҳоло орзўи баргаштан ба ватани азизашонро доранд ва ҳоказо…
Рўзи дигар - 14 декабри соли 1998 мо аз Истанбул ба Трапзон парвоз кардем ва ҳамон рўз дар пазироии волии Трапзон Исмат Гюрбюз Чивелек будем, Волии ин шаҳр, шахси хушсалиқа ва хеле воқиф аз тамаддунҳо ва ақвоми ҷаҳон, омодагии хешро барои ҳарҷониба ҳамкорӣ намудан бо марокизи фарҳангӣ ва дигар муассисоти Душанберо бо тамоми ҷиддият эълом дошт…
Ҳамон рўз 14 декабр бо ҳавопаймои Тоҷикистон мо сиҳат саломат ба шаҳри азизи хеш Душанбе – пойтахти ҷумҳуриамон расидем.
Ин буд қиссаи сафари босафои мо ба Қуния ва зиёрати яке аз бузургтарин тоҷикони бурунмарзии ҷаҳон Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхии Вахшонинажод. Ва агар пурсанд, ки дар поёни сухан чӣ метавонам бигўям, нуктаи зайлро таъкид мекунам:

Маро гўӣ зи пайвандаш чӣ дорӣ?
Чӣ дорам? Ҷуз ғами ҳиҷрон надорам.

Вассалом.

пешина
аз 235
навбатӣ