Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҷо бояд гуфта шавад, ки сарфи назар аз ихтилофоти фикрӣ, ки Имом Ғазолӣ бо фалосифа доштааст, вай ба Форобӣ ва Ибни Сино эътиқоди қавии худро эълом намудааст. Вай навиштааст: «Дар миёни фалосифаи исломӣ танҳо ба ду тан – устоди бузург Форобӣ ва Ибни Сино итминон дорем, ки матолиби фалосифаро беҳтар ва сареҳтар аз ҳама кас нақл ва таҳқиқ кардаанд. Ин аст, ки умдаи назари мо ба фалсафаи муаллими аввал, яъне Аристотолис аст аз тариқи ривоят ва таҳқиқи
10 Форобӣ ва Ибни Сино».
Ин андешаи Имом Ғазолӣ далели комил аст бар он ки вай бино бар алоқаи фикрии хеш дар вожагузинии фалсафӣ пайрав ва пайгири Ибни Сино будааст. Инак чанд мисол аз вожа ва истилоҳоти муштараки Ибни Сино ва Имом Ғазолӣ аз муҳимтарин таснифи ў ба форсӣ «Кимиёи саодат» бо тавзеҳи устод Муҳаммад Муин:
ҷон (нафс, рўҳ), ҷунбонидан (таҳрик, ҳаракат додан); чигунагӣ (кайфият); хост (ирода); гавҳар (ҷавҳар); ҳастӣ (вуҷуд).
Устод Муин бархе луғоти дигар аз «Кимиёи саодат» истихроҷ намудааст, ки дар осори Ибни Сино дида нашуда, вале ба сабк ва шеваи бунёнгузори истилоҳоти илмии порсии дарӣ сохта шудаанд:
бузургхештанӣ (худро бузург ангоштан); биҳишти рўҳонӣ (ҷаннати рўҳония); бе чигунагӣ (адами кайфият); бе чӣ гуна (бидуни кайф); порсо (муттақӣ); пиндор (ваҳм); дўзахи рўҳонӣ (ҷиҳаннами рўҳонӣ); сухан чидан
11 (наммомӣ кардан); намудгор (намуна ва нишон); ёфта (мавҷуд).
Яке аз ҳакимони номии қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ (13 милодӣ) Афзалиддини Кошонӣ маъруф ба Бобо Афзал, нависандаи бисёр кутуби форсӣ, нисбат ба Ибни Сино таваҷҷўҳи вижа доштааст. Ба ин ҷиҳат вай ба сабки вожагузинӣ ва истилоҳсозии Шайх пайгир ва пайрав буда, дар ин боб байни онҳо бисёр ҳамоҳангӣ дида мешавад. Намунаҳо аз луғати муштараки Ибни Сино ва Бобо Афзал аз баррасиҳо бо тавзеҳи устод Муҳаммад Муин:
орамида (сокин); анбозӣ (ширкат); бўёӣ (шомма); биноӣ (босира); пўшидагӣ (истор); пазиро (қобил); пазироӣ (қабул); пайвастагӣ (иттисол); ҷун бо нанда (мутаҳаррик); ҷунбиш (ҳаракат); чаҳорсўӣ (чаҳоргўша будан, мураббаъ будан); дониста (илм, маълум); дарозӣ (тўл); забаррин (фавқонӣ); зерин (таҳтонӣ); сабукӣ (хиффат); шумор (андоза, адад); шинохт (маърифат); шунавоӣ (сомеа); куниш (феъл); кунанда (фоил); гаронӣ (сиқл); гирдӣ (доира будан); гавҳар (ҷавҳар); моя (модда); мардумӣ (инсоният); ном (исм); ниру
12 (қувват); ёфт (идрок, виҷдон).
Илова бар ин вожаҳои муштарак, ки дар осори Ибни Сино ва Афзалиддини Кошонӣ ба кор бурда шудаанд, Ҳакими донишманд истилоҳоти зиёди илмӣ дорад, ки на ба шеваи Ибни Сино, балки ба сурати вижаи хеш дар осораш кор фармудааст. Намунаи онҳоро устод Муҳаммад Муин истихроҷ намуда, дар
13 таҳқиқоти хеш бо тавзеҳи замонӣ овардаанд.
Насируддини Тўсӣ (597-672=1200-1273) – бузургтарин донишманди қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ (13 милодӣ), нависандае, ки силсилаи асарҳояшро бештар ба забони порсӣ нигошта, ҳол он ки он замон аксарият таълифоти хешро ба тозӣ менавиштанд. Навиштаҳои волои ин шахси порсинажод дар мавзўъҳои ҳикмати назарӣ, ҳикмати илмӣ, ҳайат ва нуҷум, риёзиёт, улуми табиӣ, улуми динӣ, улуми макнуна, фунуни адаб, таърих, ҷуғрофиё, тасаввуф ба забони порсии асил нигошта шудаанд.

пешина
аз 235
навбатӣ