Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Устод Муҳаммад Муин дар бахши «Мухтассоти кутуби форсӣ»-и Хоҷа
– асари ин пешоҳанги донишманди он замон «Ахлоқи Носирӣ»-ро (тарҷума ва таҳзиби таълифи Ибни Мискавайҳ) таҳлил намуда, хулоса мекунад, ки «Хоҷа Насир ба акси Ибни Сино дар садади тарҷума ва эҷоди луғот ва истилоҳоти форсӣ ба ҷои луғат ва истилоҳоти арабӣ барнаёмада, балки ҳамон луғоти
15 маъмули асри худро ба кор бурдааст».
Инак намунаҳо аз муқоисаи истилоҳоти Насируддини Тўсӣ ва Абуалӣ Ибни Синои Бухороӣ:
Аз Хоҷа Насируддин: макон, ҳайвон, тўл, арз, фоил, фаъолият, феъл, қабул кардан, модда, муҳдас, вуҷуд.
Аз Ибни Сино: шояд буд, ҷонвар, дарозо, дарозӣ, паҳно, куно, кунандагӣ, куниш, пазируфган, моя, карда, ҳарояндагӣ будан.
Намунаҳо аз луғот ва мусталаҳоти маъмул дар он аср бо тавзеҳашон, ки дар асарҳои Хоҷа Насир дида шудаанд: андўҳгин (ғамгин); баргирифтан (нигоҳ пазируфтан); бозпас нигаристан (ба ақиб нигаҳ кардан); ба барг доштан (қувват додан); бахоб гирондан (қасди хобидан кардан); баддилӣ (тарс); тухмдор (дар мавриди дарахтон); чиз (шайъ); хиромидан (рафтан ба ноз ва такаллуф); хазв (оби даҳон); хост(ирода); дурафшидан (дурахшидан); дурудгар (наҷҷор); боз гирифтан (даст кашидан); даст фурў гузоштан (даст поин андохтан); дўш ҷунбонидан (ҳаракат додани шона); сабуксорӣ (хиффат, адами тамкин ва виқор); шитобзадагӣ (таъҷил); шикампараст (бисёрхор); кардан (феъл); гардан каж кардан (каҷ нигоҳ доштани гардан); гушн додан (борвар кардан, мояи обистанӣ додан); гавҳар (ҷавҳар); мевадор (мусмир); нобудан (адам); ночиз (лошайъ); нокардан (адами феъл); нестӣ (адам); ҳастӣ (вуҷуд).
Бояд гуфта шавад, ки бархе аз ин луғот дар «Донишнома»-и Ибни Сино низ дида шуда, вале аксари луғот ва истилоҳоти боло имрўз дар забони мардум ба кор бурда мешаванд, ки устод Муин онҳоро аз назари хеш дар хилол шарҳ
16 додаанд.
Ин таҳқиқоти устод Муҳаммад Муин, ки дар мавзўи «Вазъи луғот»
нигошта шуда, бо нигоҳе бар навиштаҳои фирқаи Озаркайвон ва истихроҷи луғоти муҳим аз рисолаҳои онон ба поён мерасад ва комилан равшан аст, ки
17 барои таърихи забон ниҳоят муҳим мебошанд.
Қисмати ҷалби таваҷҷўҳи «Муқаддимаи Луғатномаи Деҳхудо» «Фарҳангистон» аст. Ва ин боб бо мақолаи устод Саид Нафисӣ «Фарҳангистони Фаронса»
шурўъ мешавад, зеро гунае, ки ишора намуданд, Фарҳангистони Фаронса
18 сармашқи ҳамаи фарҳангистонҳо ба шумор меравад.
Пасон мақолаи «Таърихчаи Фарҳангистони Эрон» омада мутааллиқ ба қалами доктор Ғуломалии Раъдаи Озарахш аст. Нахустин гомҳо барои бунёди Фарҳангистон, ҳафт комиссиюни асосии он, созмони Фарҳангистон бо зикри нахустин раиси Фарҳангистон Муҳаммадалии Фурўғӣ (Закоулмулуки Дувум) ва асомии кулли аъзои он-ин аст мавзўи ин қисмат. Пайваст ба ин матолиб мақолаи доктор Исо Содиқ «Тавзеҳ дар бораи таърихчаи Фарҳангистон» дарҷ шудааст. Бояд гуфт, ки ин Фарҳангистон дар замони хеш корҳои муҳимми пурарзише анҷом додааст. Аз ҷумла барои мо ниҳоят ҷолиб аст, ки Фарҳангистон бо унвони куллии «Пешниҳоди шумо чист?» силсилаи интишорот эҷод намуда буд. Вожаҳои омўзишӣ ва санъати гоз; вожаҳои китобдорӣ; бахше аз вожаҳои улуми иҷтимоӣ; номи донишҳо, фанҳо ва ҳунарҳо; бахше аз вожаҳои роёнаӣ, компютерӣ; бахше аз вожаҳои пизишкӣ; бахше аз вожаҳои физика, риштаи электроник; ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё