Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

тан – ҷасад; табиш — ҳарорат, изтироб; ҷонвар – ҳайвон; чашиданӣ
– ма зуқ; душхор – мушкил; дам задан – танаффус; равон – нафс; шинохтан
– маъ рифат; фармонбардор — мутеъ; ҳаст – мавҷуд.
Луғоти ҷолиби таваҷҷўҳе аз муаллифи гумном ва Ибни Сино: ободоникун
– таъмиркунанда; омехтан – ихтилот; андеша кардан – тафаккур; будан – вуҷуд;
5 беоромӣ – адами сукун; пўшиданӣ – малбус; хўрданӣ – маъкул ва ғайра.
Устод Муин хулоса намудааст: «Аз муқоясаи се бахши аввали «Донишнома»
(мантиқ, илоҳӣ, табиӣ), ки ба қалами Ибни Сино аст, бо бахшҳои дигари он китоб, ки ба қалами Ҷузҷонӣ аст, луғоти муштараки зайл омада» ва пасон мисолҳои зиёде дар тасдиқи гуфтаи хеш оварда, намунаҳои фаровон аз луғоти
6 Ҷузҷонӣ ва ба пайравии Ибни Синоро низ зикр намудааст.
Барои мо ниҳоят муҳим аст, ки устод Муин ба мавзўи «пас аз аҳди Ибни Сино» руҷўъ намуда собит кардааст, ки Носири Хусрав яке аз пайгирони собити Ибни Сино дар ба кор бурдан ва истеъмоли вожа ва истилоҳоти фалсафӣ мебошад. Вай навиштааст: «Аз муқоясаи осори Носири Хусрав бо осори Ибни Сино истилоҳоти илмӣ ва фалсафии бисёр ба даст меояд, ки ҳар
7 ду донишманд ба кор бурдаанд».
Дар бораи Носири Хусрав устод Муин гуфтааст:
«Носир чун ҳуҷҷати ҷазираи Хуросон (Варорўд – К.А.) ва мубаллиғи мўътақадоти исломӣ буд, мусаннафоти худро ба забони мардум, яъне форсии
8 дарӣ, навиштааст...»
Инак намунаҳое аз истилоҳоте, ки ҳар ду донишманд ба кор бурдаанд:
орамида – сокин; омезиш – ихтилот; андарёбанда – мудрик; андар ёфтан – идрок; бахост – билирода; басудан ва басовидан – ламс кардан; бисёрӣ – кас рат, тааддуд; бўиданӣ – машмум; парвариш – тарбият; чашиданӣ – мазуқ; хост – ирода; раҳоиш – наҷот, халос; зоиш – тавлид; шумор – адад; шунавоӣ – сомеа; моя – модда; миёнҷӣ – восита; миёнгин – васат, мутавассит; нигаранда – бинанда, босира; ниҳод – вазъ, табъ.
Илова бар он ки оварда шуд, аз истилоҳоти муштараки Ибни Сино ва Носири Хусрав чанд намуна аз вожаҳои асили порсии дарӣ ё омехта бо тозӣ, ки Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар навиштаҳои хеш ба кор бурдааст (кор фармудааст): амрпазир – қабулкунандаи амру фармон; борикандеш
– дақиқ-ул-фикрат; банохост – билоирода; будиш – вуҷуд; пазиранда – қобил; донишҷўй – толибилм; раванда – роиҷ; сохтагӣ – иттиҳод, созиш; санги оҳанкаш – оҳанрабо; суратпазир – қобили сурат; суратгар – мусаввир; илмпазир – қобили илм; илмҷўй – толибилм, донишҷўй; коркун – фоил; коргар
– муассир; кунҷидгарӣ – тавлиди кунҷид; нафси сухангўй – нафси нотиқа; нурпазир – қобили нур; нурдиҳанда – мунир.
Гунае, ки дида мешавад, тақрибан ҳамаи вожа ва истилоҳоти муштараки Ибни Сино ва Носири Хусрав ва вожа ва истилоҳоте, ки хоси Ҳаким Носири Хусрав ҳастанд, то имрўз дар байни тоҷикон кор фармуда мешаванд, яъне вижаи забони порсии дарии Варорўд ва Хуросон ҳастанд ва дар ҳилол (қавсайн) муродифҳои онҳо, яъне вожаҳои роиҷи имрўз дар Эрон аз ҷониби
9 устод Муин пешниҳод шудаанд.
Баррасиҳои вожашиносии устод Муҳаммад Муин ошкор намуда, ки бархе аз луғоти порсӣ ва мураккаб аз порсӣ ва тозии вижаи Ибни Сино дар «Кимиёи саодат»-и бузургтарин донишманди нимаи дувуми қарни панҷуми ҳиҷрӣ Ҳуҷҷат-ул-ислом Имом Абўҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад Ғазолии Тусӣ (450-505=1058-1111) ба кор рафтааст.

пешина
аз 235
навбатӣ