Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Яъне ин гуна луғатҳо аз захираи асосии порсии варорўдӣ ва хуросонӣ маҳсуб мебошанд. Масалан: истодан – қоим будан; ба хост – билирода; бисёрӣ – касрат; тануманд, танумандӣ – ҷисмонӣ; ҷудоӣ – ғайрият; сарбасар – мусовӣ; моягӣ – моддият, модда будан; якӣ – ваҳдат; оинаи сўзон – оинаи муҳарриқа; афкандани гумон – тавлиди шак; андармиён афтода
— ал-воқеъ фӣ-л-васат; истодагӣ ба худии худ – қоим биззот будан; истода будан – қоим будан; пора шудан – таҷаззо; ҷони сухангўй – нафси нотиқа; ҷунбишдор – мутаҳаррик; ҷунбиши рост – ҳаракати мустақим; ҷунбиши гирд
– ҳаракати мустадир; чаҳоргўша будан – мураббаъ будан ва садҳо вожа ва
2 ибороти дигари монанди инҳо.
Дар бораи забони «Донишнома»-и Ибни Сино Садриддин Айнӣ соли 1939 навиштааст: «Забони ин китоб форсии соддаи-тоҷикӣ буда, 5 илмро дарбар мегирад...»
Пасон ин муаллиф суханони зайли Ибни Синоро аз «Донишнома» овардааст:
«Китобе тасниф кунам ба порсии дарӣ, ки андар вай аслҳо ва нуктаҳои 5 илм аз илмҳои ҳикмати пешинагон гирд оварам ба ғояти ихтисор. Яке илми мантиқ, ки вай тарозу аст ва дувум табииёт он илми чизҳост, ки ба ҳисс бишояд дидан ва андар ҷунбиш ва гардишанд ва саввум – илми ҳайат ва ниҳоди олам ва ҳоли ҷунбиши осмонҳо ва ситорагон, чунон ки боз намудаанд чун бишоист ҳақиқати он донистан ва чаҳорум – илми мусиқӣ ва боз намудани созӣ ва носозии овозҳо ва ниҳодани лаҳнҳо ва панҷум илми он чи берун аз табиат аст...»
Дар тавзеҳи ин гуфтаҳои Ибни Сино Садриддин Айнӣ чунин хулоса кардааст:
«Мо дар ин чанд сатри муқаддима мебинем, ки ин донишманди бузург мавзўъҳои илмиро чӣ қадар содда навиштааст, ин олими ҷаҳонӣ, ки ҳама таҳсил ва фаъолияти илмии худро дар забони арабӣ гузаронидааст ва дар бораи қоида, хусусият ва луғати араб даҳҳо ҷилд китоб таълиф кардааст, вақте ки хостааст ба забони модарии худ китобе таълиф кунад, чӣ қадар қобилияти забони илмӣ шудан доштани ин забонро – забони форсии тоҷикиро нишон
3 дода тавонистааст».
Гунае, ки дар боло дида шуд, Садриддин Айнӣ забони «Донишнома»-и Ибни Синоро ба се таркиб номидааст, ки албатта ҳар се як маъноро дорад:
«забони ин китоб форсии содда – тоҷикӣ...», забони форсии тоҷикӣ» ва «порсии дарӣ».
Ин муаллиф дар тавзеҳи хеш чунин нигоштааст:
Порсии дарӣ – инро «форсии ҷадид» ҳам меноманд ва муқобили порсии паҳлавист. Ин забон баъди аз сўи арабҳо маҳв карда шудани забони форсии паҳлавӣ дар аввалҳои исломият дубора аз тарафҳои Бухоро ва Хуросон бар асоси забони суғд ва паҳлавии кўҳна бо ҳамроҳ шудани баъзе калимаҳои арабӣ
4 сар бардошт ва номи форсии ҷадидро гирифт».
Устод Муин дар фасли «Таъсири луғоти порсии Ибни Сино дар адабиёт»
аз ёрон ва шогирдони Шайх мутарҷим ва шореҳи гумноми «Қиссаи Ҳай ибни Яқзон»-ро ба унвони пайгири шеваи луғатнигории устод ном бурда, намунаҳое аз луғот ва истилоҳоти муштараки Ибни Сино ва муаллифи гумном ва шарҳи онро барои имрўзиҳо овардааст:
омезиш – ихтилот; устувор доштан – бовар кардан; андар ёфтан — идрок; ин ҷаҳонӣ – дунявӣ; бўиданӣ – машмум; пазироӣ — қобилият; пайвастагӣ – иттисол;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё