Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
дар Бораи «муқаддима Бар луҒатномаи деҳхудо»
Соли 1373 (1994) як ҷилди вижа бо номи «Муқаддима бар луғатномаи Деҳхудо» — Алиакбари Деҳхудо (зери назари устод Муҳаммад Муин (то озармоҳи 1345) ва устод Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ) ба қалами гурўҳе аз нависандагон интишор дода шуд. Дебочаи кўчаки хешро барои маҷмўа устод Ғулом Ризои Сутуда бо лафзи ширини сипосгузорӣ чунин оғоз намудааст: «Ба лутфи Парвардигор ва бо ҳимояти авлиёи бузургвори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ба ҳиммати даҳҳо муҳаққиқ ва муаллифу виростор, бори дигар асари гаронқадри «Луғатнома»-и Деҳхудо бо баҳраоварӣ аз мадади илмии устод доктор Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ ба зевари табъи мақбул ороста гашт».
Ин бузургкитоби «Муқаддима бар луғатномаи Деҳхудо» аз панҷ бахши асосӣ иборат буда, ҳамаи онҳо қобили мутолиа ва истифодаи амиқанд, зеро баёни матолиб орӣ аз ҳар гуна сиёсат буда, комилан мавзўи фарҳанг ва фарҳангшиносии дақиқи илмиро дарбар доранд.
Дар бахши нахуст («Луғатнома») мақолаи доктор Алиакбари Сиёсӣ (Зуҳури луғат ва мулозамати он бо маънӣ) ва тарҷумаи форсӣ аз муқаддимаи Ибни Халдун (Дониши луғат) мутааллиқ ба қалами Муҳаммад Парвини Гунободӣ омадааст. Пасон ин бахш мақолаи муфассали доктор Эҳсон Ёршотирро дорад бо унвони «Забонҳо ва лаҳҷаҳои эронӣ» (забонҳои эронии куҳан; забонҳои эронии миёна; забонҳо ва лаҳҷаҳои эронии кунунӣ).
Дар мақолаи устоди Донишгоҳи Ню-Йорк Эҳсони Ёршотир баёни матолиб мабнист бар навиштаҳои эроншиносони кишварҳои Шарқу Ғарб, аз ҷумла осори донишмандони ин риштаи эроншиносии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ истифода шудааст (ба хусус дар матлаби забонҳо ва лаҳҷаҳои эронии кунунӣ).
Ин мақолаи мустанади моломол ва пуропур аз руҷўъ, шавоҳид ва намуна аз забонҳои гуногуни хонаводаи эронӣ аз бостон то ин замон барои мутолиаи назарияи забоншиносӣ низ муҳим аст. Ба ҳамаи ин ба назар чунин мерасад, ки дар ин мақола далели кофӣ барои равшанӣ андохтан бар маншаъ ва бункадаи забони порсии дарии варорўдӣ ва хуросонӣ дида намешавад. Ба дунболи ин мақола се навиштаи доктор Муҳаммад Муин оварда шудааст (Авасто; Порсии бостон; Паҳлавӣ).
Фасли сеюм (Авомили фасоди луғат) ва фасли чаҳоруми ин бахш «Вазъи луғот» низ ба қалами зиндаёд устод Муҳаммад Муин мутааллиқ аст. Ин фасли чаҳорум мавзўи ниҳоят ҷолибро дар бар дорад: «Луғати форсии Ибни Сино ва таъсири онҳо дар адабиёт». Зеро ин ҷо аз Ибни Сино ва Берунӣ «Донишнома»
ва «ат-Тафҳим», мавзўи луғати муштарак, луғати порсӣ дар осори Ибни Сино, ҳамчунин аз ёрон ва шогирдони Ибни Сино низ сухан рафта; пасон дар бораи Абубайди Ҷузҷонӣ, Носири Хусрав, Ғазолӣ, Афзалиддини Кошонӣ, Насируддини Тўсӣ ва чанд мавзўи дигар баррасӣ шудааст. Устод Муин ба хулосае омадааст, ки истилоҳоти барҷастаи порсӣ ё мураккаб аз тозӣ ва порсӣ, ки Ибни Сино тартиб додааст, бад-ин қарор аст: мантиқ 204, табиӣ 201, илоҳӣ 474 (ҷамъан 889) калима, рисолаи рагкушоӣ 150 луғат ва ҳамагӣ 1039 луғат ва
1 агар такрорҳо лағв шаванд, «1000 луғати басит ва мураккаб хоҳад буд».
Устод бархе аз ин луғат ва истилоҳотро, ки аз осори Ибни Сино истихроҷ намудаанд, барои аҳли замон эзоҳ додаанд. Ин чунин маъноро дорад, ки он луғат барои форсии имрўзаи Эрон хос нест ё кам ба кор бурда мешавад. Вале бояд таъкид намоем, бисёре аз ин луғот имрўз дар забони порсии дарии тоҷикӣ зинда, роиҷ ва дар амаланд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё