Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дорад ба базми мастон ҷоми шароб гардиш,
Зоҳид наёяд ин ҷо аз бими обгардиш».

Бахши дигари мусаввадаҳо аз 19 варақ иборат буда, саҳифа ҳоеанд, ки аз рўи онҳо барои нусхаи охирин покнавис шудааст (7, 17, 71, 70, 63, 68, 69, 59, 72, 74, 79, 94, 227, 228, 229, 230, 240, 239 ва як варақи берақам). Ин бахши 19 варақа усули кори муаллифро дар марҳалаи охир ва чигунагии дастнависи луғатро ба мо нишон медиҳад, ки онро муаллиф пас аз 5 июли соли 1938 ба Нашриёти Давлатии Тоҷикистон фиристода буд.
Бахши саввуми мусаввадаҳо иборат аз 2 таҳрири дебочаи муаллиф аст, ки вай барои луғат навишта будааст. Дар пушти варақи яке аз онҳо, ки таҳрири аввал аст, қайд шудааст: «Мусаввадаи сарсухани луғати тоҷикӣ». Дар ақиби таҳрири дувуми дебоча – «Табйизшудаи сарсухан», яъне «сарсухани покнавис шуда».
Муқоисаи ин ду таҳрири сарсуханро ба мавриди дигар мавқуф гузошта, ҳоло ба матлаби асосӣ мегузарем. Бояд гуфт, ки сарсухани муаллиф дар вақти таҳияи илмӣ ва дар кори такмили луғат бо маводди осори худи Садриддин Айнӣ ва барои бодиққат ва боэҳтиёт рафтор кардан нисбат ба маводди ба даст даромадаи луғат аҳамияти бузург, арзиши илмӣ ва ҳаққи роҳнамои корро дошт.
Профессор Е.Э.Бертелс, ки ин луғат соли 1938 барои тақриз ва таҳрир ба вай фиристода шуда буд, пас аз мутолааи дастнавис баъзе мулоҳизаҳои худро дар мактуби ҷудогона ба муаллиф баён кардааст. Ин мактуб аз ҷиҳати баҳо додан ба ин луғат аз тарафи як донишманди мўътабари фарҳанги мо хеле муҳим мебошад.

пешина
аз 235
навбатӣ