Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Назорати ҷараёни чопи китобро дар марҳалаи охирин ҳайати таҳририя ба зиммаи Раҳим Ҳошим ҳамчун виростори (муҳаррир) ҷилди 12 куллиёт вогузор намуд.
Бояд гуфт, ки таҳияи китоби луғат дар тамоми марҳалаҳо дар асоси ба назар гирифтани машваратҳои адибон ва луғатшиносони ҷумҳурӣ анҷом дода шуд. Ба ҳамин тариқ тамоми корҳои илмии марбут ба маводди луғати то ҷикии устод Айнӣ – таҳия, такмил, таҳрир ва муҳокимаи луғат дар шўрои илмии Институти забон ва адабиёти Академияи Улуми Тоҷикистон 11 марти соли 1969 ба итмом расонида шуд ва ҳамон сол луғат дар 1200 саҳифаи маъмул (1000 саҳифа луғат ва 200 саҳифа мифтоҳи арабӣ) ба «Ирфон» барои чоп пешниҳод гардид. Инак, имсол ба муносибати ҷашни бузурги таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон луғати устод Айнӣ дар силсила ҷилдҳои куллиёти устод ба дастраси хонандаи тоҷик қарор хоҳад гирифт.
Акнун лозим медонем, ки диққати хонандагон, адибон ва аҳли таҳқиқро ба як ҷиҳати дигар – ба чигунагии мусаввадаҳои луғати тоҷикии устод ҷалб намоем.
Поинтар баъзе ҷузъиёти мусаввадаҳои луғатро зикр намуда, аз хонандаи мўҳтарам хоҳиш дорем, ки ба ин муносибат тааҷҷуб накунад. Зеро маҳз ҳамин мусаввадаҳо бо тамоми нишона ва ҷузъиёташон буданд, ки ба мо ба сифати роҳнамои асосӣ дар кори пайдо кардан ва ба луғати Айнӣ нисбат додани манбаъҳои дигари корамон хидмати шоистаи муайянкунандагиро адо карданд, ҳамеша барои мо бурҳони қотеъ буданд.
Мусаввадаҳои луғати устод аз 3 гурўҳ иборат буда, дар як бастаи коғазпеч ҷойгир шудаанд. Дар болои ин баста бо дасти Айнӣ навишта шудааст: «Ба мусаввадаҳои луғати тоҷикӣ дахлдор аст». Ин мусаввадаҳо дар як навъ коғази хеле оддии он солҳо ба андозаи тақрибан 30,5х25 см, навишта шудаанд ва санади ягонаи аёнианд аз таҳқиқот ва баррасиҳои муаллиф дар бобати таълифи нахустин луғати тафсилии тоҷикӣ дар замони навин.
Як бахши бастаи мусаввадаҳо аз 7 варақ иборат буда, намунаи оғози кори муаллиф мебошад, зеро дар ин варақҳо баробари баъзе қайдҳои эзоҳӣ бештар калимаҳои нодири ба истилоҳ «духўра» зикр шудаанд, ки баъзан ба манбаъ ишора меравад, баъзан ба мисоли шоҳид. Яке аз қайдҳои ин бахш чунин аст:
«Лу ғатҳое, ки маънояшон дигар шудааст: суфта, поғунда, пойгоҳ, пойгаҳ, барбаст, ба рўй давидан, эзор, эзори девор, эзора, сафедпо».
Як намунаи дигари мусаввадаи оғози кори луғат: «Об ба дасти касе рехта натавонистан – 1) ба хидматгории ў сазовор набудан; 2) дар ягон сифати хуб аз вай бисёр паст будан. 1. Дар ин маънӣ Салим гуфта:
Биё, зоҳид, ки дар соғар шаробе ҳаст риндонро,
Ки Кавсар об натвонад ба дасти поки ў резад.
«Обгардиш – бемориест, ки ба сабаби дигаргунии обу ҳаво пайдо мешавад.
Дар ин маънӣ гуфта шудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё