Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
(С.Айнӣ, Куллиёт, ҷ.11, китоби 1, Д., 1963, с.169).
Маълум аст сиёсати давлатӣ дар Шўравии собиқ чунин буд, ки на ин ки ягонагии миллатҳо ва ҷумҳуриҳо тарғиб мешуд, балки ба омадани як қавми советӣ илқо мешуд ва ба ин масъала ранги сиёсӣ дода мешуд, вагарна бар акси ҳол оқибати кор ба хубӣ анҷом намешуд. Рафта-рафта чунин шуд, ки таърихи ягонаи Шўравии собиқ, таърихи адабиёти халқҳои он, таърихи санъат ва ҳунар, меъморӣ, мусиқӣ ва… Шўравии собиқ аз қадим то имрўз пардохта мешуд ва душвортарин вазъ дар чунин маврид мавқеияти тоҷикон буд. Зеро тоҷикон, ки як замоне аз Мовароуннаҳр то Хуросону Форс қаламрави нажоди забонӣ ва фарҳангӣ доштанд ва доранд, чун матлаб сиёсӣ буд, ҳаққи қавму хешовандиро бо бозмондагони бурунмарзии хеш ба забон намеоварданд.
Халқи тоҷик дар асноди давлатии расмӣ бо теъдоди бениҳоят кам фақат дар ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ ва қисмате аз Самарқанду Бухоро, Фарғона, Бричмуллову Бойсуну Сурхандарё маҳдуд мегардид. Хулоса, ин амал ба чунин вазъе овард, ки фарҳангу адаби гузаштаи мо низ тақрибан аз ҳамин нуқтаи назар баррасӣ мегардид. Албатта, ин вазъ мардони размандаи фарҳанги моро ором намегузошт. Вале бо ин ҳама фақат нуқтаи назари давлатии ҳизбӣ ва ақидаи сарони кишвари Шўравии собиқ ягона меъёр ба шумор меомад.
Дар чунин маврид фикру андешаи шахсони аҳли қалам аксар вақт аҳамият надошт ва ҳатто агар хилофи назарҳои расмии боло бошад, барои шахс басо хатарнок ҳам буд. Зеро ин афроди ҷадид (навоварон) ва партави ин ҷадидият (навоварӣ) миллатгарои буржуазӣ ва ё душмани халқ ва ё ақибмондаи зидди идеологияи расмӣ ва космополит эълом мегардид. Ҳама ва ҳама гуна масоилро фақат идеологияи расмӣ ва дастуроти мақомот ҳал мекард.
Ба замми ин чун дар Эрон истилоҳи «эронӣ» ба унвони табааи давлати Эрон расмият пазируфта буд ва маънои эронӣ ва эронинажод ба худ мафҳуми сиёсии давлатӣ гирифта буд, тамоман табиист, ки донишмандон ва аксари аҳли қалам дар навиштаҳои хеш ҳақ надоштанд, ки нисбат ба тоҷикон ин истилоҳро ба кор баранд. Ин масъала низ садди ҳақиқатгўӣ нисбат ба таърихи чандинҳазорсолаи адаб ва фарҳангу тамаддуни тоҷикон гардид. Чунин вазъи ногувори сарнавишти фарҳанги тоҷикон ҳамеша дар мадди назари устод Айнӣ буд. Эшон дар навиштаҳои хеш, дар китобҳо ва мақолот, дар мукотиботи хеш бо дигарон ва аз ҷумла дар номаҳое, ки ба инҷониб солҳои таҳсил дар Донишгоҳи Санкт-Петербург (Ленинград) менавиштанд, кўшиданд, ки ҳақиқати таърихиро баён кунанд. Мо дар зайл яке аз номаҳои Садриддин Айниро меоварем, ки хонанда, алалхусус хонандаи ҷавони мо, душвориҳо ва сахтиҳои роҳи набарди эҳёи адаб ва забони ҳазорсолаи моро, ки дар маркази он мубориза устод Айнӣ буданд, ба таври нисбатан комил битавонад тасаввур кунад.
Ин масъала хеле зарур аст, зеро солҳои охир баъзе рўзноманигорон ба майдон омаданд, ки тамоми таърихи фарҳангу адаби моро барғалат эзоҳ дода, роҳи мустақилияти мардуми тоҷикро хеле содда тасвир карда, дар ҳаққи мардони фарҳангии мо баъзан бўҳтонҳо мегуфтанд. Ин афрод шояд намедониста бошанд, ки таги коса чӣ нимкосаҳое будааст. Ва ба нияти сухани пурошўб гуфтан аз ҳақиқати таърих чашм мепўшиданд, тағофул мекарданд, яъне дониста худро ба нодонӣ мезаданд.
Ба ҳар ҳол суханони каж ва ғаразнок гуфтан, ки мардумро, хусусан ҷавонони наврас ва хонандаи ҳассосро, ба гумроҳӣ меоварданд, гуноҳи азим

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё