Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аст ва на ин ки аз қудрати рўзноманигор ва ё суханвари ботаҷриба шаҳодат медиҳад, балки аз сустии фикрӣ, аз пастӣ ва бечорагии ахлоқи онҳо гувоҳӣ медиҳад:

Сухан кажжӣ гуфтан зи бечорагист,
Ба бечорагон - бар бибояд гирист.

Солҳои 40-50 сарони идеологияи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ маъракаи саркўб кардан ва ба фикри кўтоҳзабонӣ ва муттаҳамӣ ва маъюсӣ овардани аҳли илму адаби Русия ва ҳамаи ҷумҳуриҳои Шўравии собиқ афтоданд. Ин амал унвони мубориза алайҳи космополитизмро гирифт. Дуруст аст, ки дар мавриди адаб ва фарҳанги эрониён ва тоҷикон, халқҳои туркзабон, тамаддуни исломӣ ва амсоли он масоил ва матолиби баҳсангез ва хулосаҳои шубҳаангези зиёде вуҷуд дошт. Ва албатта беҳтар мебуд, агар онҳо аз тариқи мубоҳисоти илмӣ ва аз роҳи ҳақиқати таърихӣ ҳал мегардиданд. Вале тайи солҳо усул ва шеваи коргузорӣ, идеологияи давлатӣ фақат фармонфармоӣ буд ва ҳамаи гузоришҳо аз тариқи фишор ва саркўбӣ ҳал мегардиданд.
Мубориза бар алайҳи космополитизм дар марказ – шаҳрҳои Маскав ва Ленинград шурўъ шуд.
Камина ҳамеша барои огоҳонидани С.Айнӣ аз ҳар гуна хабари тоза ва навид, ки дар бузургтарин маркази ховаршиносии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ падид меомад, дар номаҳои хеш ба эшон батафсил менавиштам. Яке аз он номаҳо дар боби моҷарои космополитизм буд. Ҷавоби С.Айнӣ дар 14 сафҳа дар варақҳои дафтарӣ ҳатто дар ҳошияҳояш навишта шудааст. Ин нома аз чанд ҷиҳат аҳамият дорад. Дар ваҳлаи аввал ҳаққу ҳуқуқи миллати тоҷикро ба адабиёти бузурги форсӣ дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон барои ҳамагон хулоса мекунад. Ва он ҷавоб ба помолкунандагони адолати фарҳангӣ низ буд. Зиёда аз он, номаи устод Айнӣ як навъ роҳнамое дар амалӣ кардани адолат дар раванди эҳёи фарҳанг ва адабу забони форсии тоҷикист. Ин нома як ҷавоби мустанадест ҳам бар он ашхос, ки мардуми тоҷикро аз мероси гузаштагонаш мехостанд ҷудо кунанд ва ҳам бар онон, ки мехостанд номи ин халқи халлоқи забону адаби ҳазорсоларо ба миён оварда, барои вай бар асоси як лаҳҷа ва ё як шева, як забони нави «омиёна» бунёд бикунанд ва шубҳае нест, ки минбаъд ин амал моро аз гузаштаи бузурги адабӣ ва фарҳанги ҷаҳониамон маҳрум месохт. Номаи устод С.Айнӣ инчунин намоишгари нақши сиёсат ва замон дар адаб ва илми тоҷикон ва эроншиносии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ низ ҳаст. Зеро барои ҳамагон боз возеҳтар мегардад, ки як шоир ва ё чанд сухане аз забони роҳбарони воломақоми давлати абарқудрати собиқ ақидаҳо ва андешаҳои муҳаққиқонро метавонист сад дар сад тағйир диҳад. Ва ҳол он ки намоёнгари ҳуқуқи мардумон дар забон ва фарҳанг дар навбати аввал ҳамон забони зинда, пайвастагии ногусастании он бо забони осори хаттии гузаштагон, адабиёти нави имрўза, эҷоди фолклор, суннат ва анъанаҳо ва…
бояд бошад.
Як нуктаи муҳимме, ки дар номаи устод С.Айнӣ омадааст ба кор бурдани истилоҳи «форс-тоҷик» мебошад. Ин истилоҳ барои мо ҳамеша васли забону адаб ва фарҳанги имрўзи мо бо гузаштаи муштараки ҳама тоҷикони парешонгашта дар ҷаҳон ва мўҷиби васли мовароуннаҳриёни порсизабон (тоҷикон), эрониҳо, ҳамаи даризабонон гардид. Ва илло он гоҳ фақат агар истилоҳи «форсӣ»-ро ба кор мебурданд, дар русӣ «персидский» тарҷума мешуд ва хонандаи оддӣ ҳамаи адабу фарҳанги форсиро фақат ба Эрони имрўз нисбат медод.

пешина
аз 235
навбатӣ