Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
саҳми тоҷикон дар адаБи форсӣ ва истилоҳи «форс-тоҷик»
Мероси фарҳангии гузаштаи мо – тоҷикон муштарак аст бо Эрон ва Афғонистон, забони тоҷикон – ҳамон забони форсии ҷадид аст.
Чунон ки маълум аст, тоҷикон дар пайдоиши ҳувияти хеш аз қавмҳои эронинажоди Осиёи Марказӣ буда, решаҳои гузаштагонашон ба Ҳахоманишиён, Сосониён, Суғдиён, Хоразмиёни қадим, Бохтариҳо ва… пайваст аст. Агар танҳо ба ҳазораи охири таърихамон руҷўъ кунем, хоҳем дид, ки забони форсии тоҷикӣ дар Шарқи Наздик дар ин ҳазора як забони муштарак буда, мақоми басо қавӣ дошт ва ба унвони забони давлатӣ ва байни давлатҳо хидмати шоистае дошт. Дар ҳоли ҳозир дар ин навиштор ба ном бурдани бузургони адабамон дар қаламрави Осиёи Марказӣ, ки дар тўли ҳазораи охир фаъолият доштанд, лозим ва эҳтиёҷе нест, зеро ин матлаб ба тарзи куллӣ барои ҳамагон равшан ва аён аст. Аммо бад нест ёдовар шавем, ки забон ва адаби форсӣ-тоҷикии мо ҳамвора мавриди музокирот ва мубоҳисоти сиёсиён ва ҳадафҳои ҷомеа будааст. Ин амр, чи дар тайи 70 соли гузашта ва чи дар солҳои ахир ҷо дошт. Мардуми соҳиби ин забон, яъне тоҷикон ва ҳам бегонагони аҳли замон ва хусусан адибон ва муҳаққиқин ва ҳатто мубтадиён ва ҳаваскорони ҷодаи илми эроншиносӣ нисбат ба ин матлаб гуфтаниҳои хешро баён намудаанд. Имрўз низ масъалаи мероси адабии гузаштаи тоҷикон дар маркази диққати ҷомеа қарор дорад.
Ҳоло дар ҷомеаи мо касоне ҳастанд, ки масоили ҳанўз ҳам баррасӣ нашудаи забону адаби моро ба манзури ноором сохтани ҷомеа барои худ ҳадаф месозанд.
Гумон дорам, ки барои равшан намудани бархе аз матолиби мавриди баҳси ҷомеаи имрўзамон руҷўъ ба гузашти набардҳои фарҳангӣ айни муддаост, зеро «Ҳар ки н-омўхт аз гузашти рўзгор, Ҳеҷ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор».
Солҳои пас аз Инқилоби Октябр, ҳангоми бунёди ҷумҳуриҳо, сарнавишти тоҷикон мавриди мубоҳисоти сахт қарор гирифта буд. Сухан дар боби боқӣ мондани ин халқ мерафт, яъне ё исбот мешавад, ки тоҷикон як қавми бостонии асили эронинажод ва форсизабон, соҳибҳуқуқ ва дар хоку замини хеш, ватани хеш боқӣ хоҳанд монд ва ё нирўҳои зиддимардумӣ ва таҷовузкорон метавонанд онҳоро аз байн бибаранд. Устод Садриддин Айнӣ ба ин муносибат дар китоби вазини «Намунаи адабиёти тоҷик» (М., 1926) марқум намуда буд: «Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрўз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон, чунонки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабонон ҳастананд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, Шайбонӣ, Аштархонӣ ва Манғит, ки ирқан муғул, турк ва ўзбек ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст.
Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён,ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи «тоҷик», ки мансуб ба ирқи орӣ аст, дар ин ҷоҳост.
Дар ҳолати ҳозира ҳам мо мебинем, ки дар Бухоро, Самарқанд, Истаравшан (Ўротеппа), Хуҷанд, Фарғона, Фалғар, Мастчоҳ ва умуман дар шарқи Бухоро ин қавм зиндагонӣ доранд ва забон, урфу одат ва адабиёти худро ботамом ва камол нигоҳ доштаанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё