Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Зимнан гуфтан мехоҳем, ки устод Хонларӣ дар дафтари Музей-хонаи С.Айнӣ таассуроти хешро бо суханони ширини самимӣ қайд намуда, бори дигар аз мақоми мумтози адабӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии ҷаҳонии Садриддин Айнӣ сухан кард…
Вақте ки «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ, ҳарчанд ба теъдоди кам бошад ҳам, ба дасти адибони Эронзамин расид, ба ин асар ва муаллифи он аз тарафи аҳли адаб як таваҷҷўҳи хоси тозае ба миён омад.
Акнун ҷиҳатҳои гуногуни осори Садриддин Айнӣ дар конгрессҳои миллии он кишвар мавриди муҳокима қарор мегирифт.
Масалан, соли 1973 (1351 шамсии ҳиҷрӣ) дар саввумин конгресси тадқиқоти эронӣ яке аз адибони куҳансол ва маъруфи Эрон Ҳабиби Яғмоӣ, соҳибимтиёзи маҷаллаи маъруфи адабии «Яғмо», дар мавзўи «Садриддин Айнӣ шоир ва нависандаи Тоҷикистони Шўравӣ» суханронӣ кард. Ин суханронии
20 адиби донишманд фаврӣ дар «Яғмо» бо акси С.Айнӣ интишор дода шуд.
Инак чанд иқтибос аз гуфта ва навиштаи устод Ҳабиби Яғмоӣ: «Банда на ба Тоҷикистон рафтаам ва на ба забони тоҷикӣ ошноӣ дорам. Чанд китоб аз Тоҷикистон барои китобхонаи «Ҳур» фиристодаанд, аз ҷумла китобест аз «Ёддоштҳо»-и марҳум Садриддин Айнӣ дар чаҳор ҷилд…»
«Ман хостам бад-ин китоб назаре кўтоҳ биафканам ва бигузорам, аммо шевоӣ ва ширинии матолиб чандон фирефтаам кард, ки то поён набурдам, аз даст наниҳодам…»
«Вақте ба банда таклиф шуд дар ин маҷмаъ сухан кунам, муносибтар шумурдам, ки дар мавзўи «Ёддоштҳо»-и Айнӣ бошад».
«Дар ин китоби бисёр ширин ва латиф аз ҳар дар сухан рафта, ки ҳамааш хонданӣ аст ва шахсро дар завоёи Бухорои як қарн пеш гардиш медиҳад ва агар аз ўҳда бароям, ки баъзе аз он мавзўъҳоро феҳриствор бишуморам, хушнуд мешавам…»
Ин суханронӣ ва мақолаи донишманди эронӣ дар байни адибон ва фаъолони нашрияи адабии Эрон ба зудӣ овозадор гардид. Аз ҷумла маҷаллаи
21 «Сухан» мақолаи мазкурро ба фаврият хулоса карда чунин шарҳ дода буд:
«Аз матолиби ин дафтари «Яғмо» (соли 25, шумораи 8, обонмоҳи 1351 – К.А.), гуфтори устод Ҳабиби Яғмоӣ дар саввумин конгресси тадқиқоти эронӣ дар боби «Садриддин Айнӣ, шоир ва нависандаи Тоҷикистони Шўравӣ»
ва таҳлили «Ёддоштҳо»-и вай, ки дар чаҳор муҷаллад мунташир шудааст.
Оғои Яғмоӣ ибтидо шарҳи ҳоле аз муаллиф ба ихтисор баён медорад ва аз навиштаҳои худи вай ба шоҳид меорад. Ва пас мавзўъҳои мавриди баҳси Айниро феҳраствор бармешуморад: вазъи талабаҳо дар мадориси қадимаи Бухоро – фақр ва бенавоӣ ва тариқи маоши онон… дарвешон, қаландарон – …
паҳлавонон ва гўштигирон – … ва ба баҳс ва баррасии он мепардоозад».
Аз охирин навиштаҳои муллифони Эрон, дар бораи Садриддин Айнӣ мехоҳем мақолаи доктор Ҳусайни Лисонро қайд кунем, ки бо номи «Форсии дарӣ дар он сўи марзҳо» соли 1976 дар «Маҷаллаи донишкадаи адабиёт ва
22 улуми инсонӣ»-и Донишгоҳи Теҳрон ба табъ расид. Мақолаи Ҳусайни Лисон, ки бо мисраи машҳури устод Рўдакӣ «Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ!» шурўъ мешавад, як нигоҳест ба вусъат, собиқа ва тақдири забон ва адаби порсӣ, ривоҷ ва аҳамияти он дар мамолики форсизабони ҷаҳон ва нависандагони мумтоз ва мусаллами мо, ки осори хешро ба риштаи ин сухан кашидаанд. Ҳусайни Лисон навиштааст: «…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё