Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инак пас аз гузашти ҳазор сол аз он рўзгорон ва дарҳам рехтани хеле аз одоб ва сунан ва ошуфтагиҳое, ки таърих пеш овардааст, ҳанўз дар ин сарзаминҳо забони форсӣ яккатози майдон аст ва бузургтарин шуаро ва гўяндагон ва нависандагон ҳунар ва завқи худро дар қолаби ин забон арза медоранд – Захавӣ дар Ироқ, Иқбол дар Ҳинд, Халилӣ дар Афғонистон ва Айнӣ дар Тоҷикистон ва садҳо нависанда ва шоири дигар дар ин сарзаминҳо арзандатарин осори худро дар ин забон ба вуҷуд овардаанд.
Дар ин миён «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ – марде аз Бухоро, ки дар ин
23 шаҳр дида ба ҷаҳон кушуда ва зиндагӣ ва бузург шуда, хонданист…»
Ва боз давом медиҳад:
«Ин «Ёддоштҳо»-ро хондам ҳамон тавр, ки кўдаки ҳангомаҷўе ба ҷустуҷўи хонавода ва ҳамшаҳриён ва ошноёни худ меравад, суроғи амуҳо ва хешонашро мегирад ва ба ҳар чи аз онҳо барояш бигўянд, гўш медиҳад, ман ҳам бо хондани ин ёддоштҳо чунин ҳол ва эҳсосе доштам; қиссагўи пир, меҳнати рўзгордида, сардугарм чашида ва дўстдоштанӣ аз гузаштаҳои хеле дуру дароз бо забони дил бароям қисса мегуфт, қиссаҳои сахт ошно, ки ҳар калимааш бар ҷону дил
24 менишаст ва нишонҳои пур аз ошноӣ ва пайванд дошт».
«… Навиштаҳои Айнӣ, ки шояд чандон аз забони роиҷи мардуми Бухоро дур набошад, ёдовари насри гиро ва ҷаззоби Байҳақӣ ва навиштаҳое аз он рўзгор аст; равиши ў низ дар сиёқи сухан ва овардани қиссаҳо ва ҳикоёти гуногун ва тавзеҳоте, ки ҷобаҷо медиҳад, сахт ба Байҳақӣ мемонад, бо ҳама таҳаввулот ва дигаргуниҳое, ки дар ин навштаҳо дида мешавад ва бо овардани истилоҳот ва таъбирот ва таркиботе, ки барои мо тозагӣ дорад, боз бисёр аз вижагиҳои кўҳнаи насри дариро чун эҷоз, фаҳомат ва ҷазолати алфоз барои худ ҳифз кардааст ва чӣ ҷолиб тааммулангез аст, вақте бо чунин ибороте дар
25 навиштаҳои ў бархўрд мекунем».
Ҳусайни Лисон ба ин муносибат аз «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ 25 намуна аз ибораҳои рехтаи асар ба тарзи мисол ва шоҳиди гуфтаҳояш оварда боз қайд мекунад:
«Навиштаҳои Айнӣ аз ин як қарн, аз одот ва одоб ва суннатҳои он ҷо
26 гуфтаниҳои бисёр дорад, ҳама шуниданӣ ва ҷолиб ва ибратангез…»
Ва боз пас аз як-як шумурдани матолиби марбут ба мадрасаҳои Бухоро ва рўзгори мардум аз рўи «Ёддоштҳо», Ҳусайни Лисон менависад:
«… матолиби бисёри дигаре аз ин даст дар ин китоб ҷои хосе барои худ дорад, ҳамаро бояд хонд ва дид, аммо мақсуд дар ин мақола гуфтугўе дар бораи луғот, таркибот, тамсилот, истиҳолот ва таъбироти зебоест, ки дар ин китоб оварда шуда ва метавонад дар ғинои забони форсӣ бетаъсир набошад; барои таҳқиқ дар мутун ва пажўҳишҳои луғавӣ, аз мутолиа ва баррасии ин гуна асар, ки дар сарзаминҳои форсизабон мубтанӣ бар савобиқи гузашта ва куҳан пайдо мешавад, бениёз нестем ва метавонад дар фаҳми бисёре аз душвориҳо
27 моро мададгор бошад…»
Ҳусайни Лисон дар ин маврид якчанд ибора ва калимаеро ба тариқи мисол зикр намуда ранги куҳан доштани онҳоро тавзеҳ мекунад ва дар хулоса дар бораи таносуби забони «Ёддоштҳо» яъне таносуби забони адабии имрўзаи тоҷик бо забони насри бадеии классикони порсӣ ва таносуби забони насри мо бо забони насри имрўзаи Эрон, таносуби забони назми имрўзаи тоҷик бо забони шеъри Эрон мушоҳидот ва назари худро баён мекунад. Ў ба чунин хулоса меояд, ки забони насри имрўзаи тоҷик ба насри классик наздик аст ва аз забони насри имрўзаи Эрон тафовутҳо дорад; ва аммо, ба ақидаи ин муҳаққиқ забони шеъри мо бо забони назми Эрон комилан як аст.

пешина
аз 235
навбатӣ