Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қисме аз қасоиди Хоҷу қасидаҳои фахрианд ва ё қасидаҳоеанд, ки бештар аз худ, ҳоли худ, аз мартаба ва мавқеи худ, аз калом ва афкори худ баён намуда, ба мамдўҳ, ки шахси донишманд ва ҳомии аҳли адаб аст, изҳор менамоянд, ки шоир шод аст, ки дар рикоби ўст. Намунаи барҷастаи чунин қасидаҳои шоир манзумаест дар мадҳи Ғиёсиддин вазир писари Рашидиддин Фазлуллоҳ аст. Дар он шоир, пас аз нақли мулоҳизоти фалсафӣ гоҳ худро дар радифи Анвариву Унсуриву Саноӣ ва Шамс ва ҳатто болотар аз онҳо мегузорад ва гоҳ боз аз мавқеи худ ҳарф мезанад ва бо рангу бори ирфонӣ назари худро баён менамояд.
Як қасидаи дигари Хоҷу қасидаи фахрияи ў, ки аз аввал то охир ба баёни ҳол ва васфи мавқеи худи шоир тахсис шудааст, намунаи баландтарини ин қисми ашъори Хоҷу мебошад. Дар ин манзума Хоҷу сатрҳое дорад, ки чи аз ҷиҳати оҳанги гуфтор ва чи аз роҳи сабку баён салобати услуби хосеро дорост, яъне шоир оҳанги ифтихормандонаи назмашро дар қолиби соддагўӣ, бо калимот ва ибороти нисбатан хеле мафҳум баён намудааст. Инак, чанд сатр аз ҳамин қасидаи фахрияи Хоҷу:

Сатрест ҳар ду кавн зи авроқи дафтарам,
Ҳарфест кофу нун зи ҳуруфи муҳаррарам.
Курсӣ ниҳанд тахтнишинони аршиям,
Майдон диҳанд шоҳсаворони ахтарам.
… Ноҳид кист? – Мутрибе аз базми фикратам.
Хуршед чист? Партаве аз ройи анварам.
… шоҳи фалак-табиразани хайли ҳимматам,
Пири хирад харитакаши тифли хотирам.
…ман солики масолики атвори ҳайратам,
Ман молики мамолики асрори дилбарам.
… мухтори рўзгорам, агар радди оламам,
Фахри мукавванотам, агар ори кишварам.
… бар боми ақл навбати фарзонагӣ занам,
25
В-аз ҷоми ишқ ҷуръаи девонагӣ хўрам…

Хоҷу дар қасидаҳояш донишмандии худро хеле равшан ошкор намудааст.
Вақти мутолааи қасоиди Хоҷу чунин бармеояд, ки ў чи аз мавзўоти фалсафии ирфонӣ ва мазҳабӣ ва чи аз илми фалакиёту кавокиб ба андозаи пояи баланди замонаш хуб бохабар будааст. Ба назари мо ба ҳамин ҷиҳат ҳам қасидаҳои ў соҳиби услуби мухталифанд. Дар аснои қасоид ва мадҳия ҳамон тавре ки Зайнулобидин Мўътаман ишора кардааст, шоир гоҳ ба услуби маъмули замони худ, яъне сабки ироқӣ ришта кашидааст, гоҳ ба Анварӣ наздик шудааст,
26 баъзан шеваи Хоқонӣ ва Камолиддини Исмоилро пайравӣ намудааст. Аммо қасидаҳои маснўъи шоир то як андоза сабки Рашидиддини Ватвот ва Аб-
27 дулвосеи Ҷабалиро ба ёд меоранд.
Ғазалиёт. Ғазалиёти Хоҷуи Кирмонӣ якранг нестанд. Ғазалиёти шоир дар ду девон – «Саноеъ-ул-камол» – «Сафариёт» ва «Бадоеъ-ул-ҷамол» – «Ҳазариёт»-и ў гирд оварда шудаанд, ки ҳар ду (ҳамагӣ 688) ғазали қабл аз соли 750 ҳиҷрӣ навишта шуда (369 ғазал) ва пас аз ин сана гуфта шударо (299) дар бар мегиранд.

пешина
аз 235
навбатӣ