Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба ҷойи молу сарват - нангу номус,
Сари боло ба олам офариданд.
Ғами миллат, ғами меҳан ба дил ҷо,
Аз ин ду баҳрам ҳамдам офариданд.


Ба қади сарви сухангў ҳавасам меояд,
Ҳам аз он наргиси ҷоду ҳавасам меояд.
Офтобе ба назар омада дар нимаи шаб,
Ё аз он ғабғабу гесу ҳавасам меояд.
Нуктаи саҳфа маро бурд ба дунёи дигар,
Магар аз холи бари рў ҳавасам меояд.
Ба дари савмаа зоҳид ба фиғон омаду гуфт:
«Ки аз он байти ду абрў ҳавасам меояд».
Дарди ҳиҷрон бахудо, сер зи ҷонам бинамуд,
Ҳалқаи дор аз он мў ҳавасам меояд.
Пои рафтор надорам, ки ба ҷое биравам,
Ба тамошои лаби ҷў ҳавасам меояд.
Бишунид нолааму гуфт ба ёрон Мирзо:
«Ки аз ин мурғи сухангў ҳавасам меояд».


Ай дурўғгў, ба ту бовар накунам бори дигар,
Бизанам хаймаи худ бар сари бозори дигар.
Сабақи булҳавасӣ додӣ маро, ҷони азиз,
Бўса гулдўзӣ кунам бораи рухсори дигар.
Ба гулистони ту гар деву даде хайма зада,
Ба тамошо биравам ҷониби гулзори дигар.
Шаб ба хилватгаҳи худ ёд кунам рўи туро,
Ба ҷуз ин гиряву зорӣ накунам кори дигар.
Партави нури таҷаллӣ диҳадам зўру тавон,
Варна ҳар шаб фалакам медиҳад озори дигар.
Одамӣ бори амонат чу раҳо кард зи дўш,
Ё Раб аз ғайб расонӣ ту ҷаҳондори дигар.


Бахудо, ки даргирифтам зи ғами ҷудоӣ, эй гул,
Ману нолаҳои шабгир, алами ҷудоӣ, эй гул.
Ба талошу саъй натвон бирасам ба васли ёре,

пешина
аз 73
навбатӣ