АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Гуфтам, ки: Сармаст нимашаб аз қасри ту омад рақиб,
Гуфто, ки: Дар лавҳи қазо рафта ишорат аз Илаҳ.
Гуфтам, ки: Морони сияҳ дар хоб ранҷам медиҳанд,
Гуфто, ки: Мемирӣ шабе дар банди зулфони сияҳ.
Гуфтам, ки: Аз савдои ишқ расво ба ҳар кўю дарам,
Гуфто: Дуо созам мудом ҳолат шавад аз ин табаҳ.
Гуфтам, ки: Дар рўйи замин ҳамтои рўятро бигў,
Гуфто, ки: Доранд душманӣ бо чеҳраам хуршеду маҳ,
Гуфтам, ки: Дидам сояе ҳамранги дузде аз паят,
Гуфто, ки: Мирзо меравад, дунболи мо мисли шабаҳ.
Дилро дар ин субҳи саид бо теғи абрў мекушад,
Дар чўби дори қоматаш бо ҳалқаи мў мекушад.
Аз баҳри ҳайбат шўхи мо дар пойи қасри хештан,
Дар қайди зулф афтодаро бо сад ҳаёҳў мекушад.
Эй кош, медод гоҳи мавт як ҷуръа аз ҷоми лабаш,
Як бандии лабташнаро андар лаби ҷў мекушад.
Гар раҳраве дар роҳи ишқ бар рағми ў по мениҳад,
Афсуну сеҳраш мекунад, дар банди ҷоду мекушад.
Дилдодаи овораро, реги биёбонхўрдаро,
Ё гарди роҳи даргаҳаш, ё атри гесў мекушад.
Бар сурате ошиқ шудам, мислаш наёбӣ дар ҷаҳон,
Садҳо ҳазорон дар нафас бо як имо ў мекушад.
Дар ин ҷаҳони пурбало, он раҳравони покро,
Тарсову муслими дигар, ё габру ҳинду мекушад.
Аз кўйи он зебосанам омад садое субҳдам,
Мирзои бахтбаргаштаро бо зури бозў мекушад.
Маро аз рашҳаи ғам офариданд,
Ба мисли ман ками кам офариданд.
Маро бурданд шаҳри худшиносӣ,
Ба он шаҳре, ки Одам офариданд.
Басо шаҳри диловез аст, лекин
Ғизои мардум аз ғам офариданд.
Барои одами лабташна он ҷо,
Аҷаб ду чашми пурнам офариданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё