АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
ПЕШГУФТОР
Ҳарфи доно эътибори хешро гум кардааст,
Дар дукони ҳастӣ ҷуз колои нодонӣ намонд.
Бо ин байти гилаомез, аммо воқеъбинонаи устод Исмоил Зарифӣ оғоз намудани сухан беҳуда нест. Зеро имрўз қадри шеъру сухан хеле коҳиш ёфтааст ва хазафпораҳо ҷойи дурру гавҳарро танг кардаанд.
Бавижа, дар саҳифаҳои матбуоти даврию сомонаҳои интернетӣ суханҳои бемантиқу берабту низом ва беарзишро чун шеър муаррифӣ мекунанд. Зиёда аз ин, аз тариқи нашриёти хурду бузург ашъори обшуставу сабукмоя ва бетаҳрир ба нашр мерасанд ва завқи бе ин ҳам коҳидаи мардуми моро боз ҳам коҳиш медиҳанд.
Ҳамин аст, ки мардуми шоиртабъи тоҷик ҳоло ба шеър чандон дилбастагӣ надоранд.
Вазифаи мубаллиғони адабиёт ва ноширон он аст, ки минбаъд ба чунин ҳодисаҳои номатлуб роҳ надиҳанд. Вақти он расидааст, ки сухани хуб ва тару тоза тарғиб карда шавад. Мутаассифона, анъанаҳои пешина, аз қабили мулоқоту вохўриҳо бо адибон қариб ки аз байн рафтааст. Китобҳои шоирони хуби мо бо теъдоди ниҳоят кам ба нашр мерасанд ва аз ин сабаб муаллифон онҳоро ба ёру дўстонашон туҳфа мекунанд.
Оммаи васеи хонандагон аз мутолиаи чунин асарҳо бенасиб мемонанд.
Домулло Иброҳими Наққош аз беҳтарин мубаллиғони адабиёт аст ва дар ин ҷода хидматҳои пайгирона ва хайрхоҳона мекунад. Ў чандин баёзҳоро аз эҷодиёти шоирони классик ва муосир таҳия намуда ба нашр расонидааст. Азбаски аксарияти шоирони дар музофот зиндагидошта аз эҷодиёти ҳамдигар чандон воқиф нестанд, Наққош аз ашъори онҳо маҷмўаҳои дастаҷамъӣ мураттаб намуда, даричаи ошноиро ба рўи якдигарашон боз намудааст. Маҷмўаҳои «Гулчини ғазал», «Гулшани ғазал», «Армуғони ғазал», «25 гуфтор» ва «Наврўзи Зарафшон» бо саъю эҳтимоми ин марди заҳматпеша дар тўли солҳои 2010 - 2017 таҳия ва нашр шуда манзури хонандагони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ шудаанд.
Дар маҷмўаи дастаҷамъии «Суханварони Зарафшон» намунаҳои манзуму мансури адибони ду ҷумҳурии дўст ва ҳамсоя – Тоҷикистон ва Ўзбекистон ба нашр расидааст ва аз тарафи хонандагон хуш пазируфта шудааст.
Чанде пеш аз тарафи Афсари Сармад «Баёзи панҷгона» таҳия ва нашр шуд, ки дар он ашъори шоирони имрўзи тоҷик Саидалӣ Саид, Иброҳими Наққош, Хайрандеш, Ибодуллоҳи Солеҳ ва Афсари Сармад ба чоп расидааст. Муаллифони ин маҷмўа зодагон ва истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурианд ва табиист, ки ба ин васила ашъорашон ба таври густурда тарғиб хоҳад шуд.
Тасмими ҷадиде, ки имрўз Иброҳими Наққош пайгирӣ кардааст, аз ҳафт дафтари шеър гулчин намудани ашъори шоирони муосири тоҷик мебошад, ки онон низ намояндагони музофоти гуногун ва дорои касбу кори мухталифанд, ки ҳар яке бо шеваи гуфтор, табъу завқ, истеъдоду нигоҳи шоирона аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, Султонмуроди Одина майл ба гуфтани ашъори иҷтимоӣ дорад. Дар шеърҳояш оҳанги публитсистӣ бештар ба назар мерасад. Ў шоири вуқўъбаён аст. Дар ашъори Исмоил Зарифӣ ҷанбаҳои лирикиву сўфиёна бо ҳам тазвиҷ шудаанд, ки имтиёзи шеъраш пеш аз ҳама, дар ҳамин аст. Иброҳими Наққош ба сабки ҳиндӣ мароқ зоҳир мекунад ва тозакориҳояш дар ин ҷода назаррасанд. Дар ашъори Диловар Мирзо як навъ содабаёнӣ ва халқияти гуфтор ба мушоҳида мерасад. Нуринисо дар эҷоди шеър асосан тамоюли суннатгароӣ дорад. Зарафшони Хуросон дар ашъораш мавзуъҳои ватанпарварӣ ва ошиқонаро инъикос намудааст. Албатта, дар ин пешгуфтори мухтасар ҳадафи мо таҳқиқи ашъори ин шоирон нест, қазоват ба зиммаи хонандагони нуктасанҷ вогузор карда мешавад.
Ба қавли Шайх Саъдӣ «Мушк он аст, ки худ бибўяд, на ин ки аттор бигўяд».
Равшани Ҳамроҳ, 7 октябри соли 2019.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё