Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу ба лавҳ хат кашида қалами ҷудоӣ, эй гул.
Гаҳи роз шаб ба хилват бикунам ҳазор зорӣ,
Зи Худо талаб намоям адами ҷудоӣ, эй гул.
Агарам расам ба суҳбат бикунам дуо дубора,
Нарасад ба маҳфили мо қадами ҷудоӣ, эй гул.
Ба сипоҳу лашкари худ бикунад чу худнамоӣ,
Ба дилам фиканда оташ ҳашами ҷудоӣ, эй гул.
Ҳама ошиқони олам ба дараш дуо бигўянд,
Ки зи лавҳ пок гардад рақами ҷудоӣ, эй гул.


Эй кош, вақти бехудӣ аз дори дунё бигзарам,
Вораста аз банди гарон, аз шаҳри ғамҳо бигзарам.
Э дўст, бикшо синаам, бингар ту қалби хастаам,
Оина дар зангор гум, натвон, ки дарё бигзарам.
Хоҳам, ки фарёде занам, гиря гиреҳе дар гулў,
Аз тангии банди нафас бешўру ғавғо бигзарам.
Номардии ҳамсуҳбатон аз по фикандам ончунон,
Баҳри наҷоти қалби худ аз хешу ошно бигзарам.
Дар олами пур аз бало, воҳид бимондам умрҳо,
Танҳо ба дунё омадам, сад вой, танҳо бигзарам.
Чун ваъдаи дидори дўст ояд ба ёдам ҳар замон,
Нури таҷалло бар сарам аз ҳарду дунё бигзарам.
Аз бодаи Мансур маст, дар хеш мегардем ҳаст,
Аз даъвии дунёи дун ҳамсони Мирзо бигзарам.


Ҳон, ки баҳорон расид бар дари айвони ман,
Боз ба ҷўш омада табъи ғазалхони ман.
Боғу чаманро бубин, кўҳу даманро бубин,
Таъна ба фирдавс зад, мулки гулафшони ман.
Нағмаи боди саҳар, хониши рўд аз дигар,
Бурда аз инҳо фараҳ ҷони туву ҷони ман.
Ҷомаи сабзи баҳор, танга-танга гули хор,
Масти тамошо шуда дидаи ҳайрони ман.
Бўйи диловези гул мерасад аз ҳар тараф,
Накҳати ў дода ҷон бар чаманистони ман.
Булбули шўридасар, бинмуда азми сафар,

пешина
аз 73
навбатӣ