Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй ба шаб чу маҳтобӣ, баҳри ташна чун обӣ,
Ҳаминони дарёӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Дар ниҳоди ту пинҳон сад китоби маъниҳост,
Шаҳкитоби маъноӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Дар ҷаҳони муштоқӣ, дар вафо аҷаб тоқӣ,
Моми Пури Синоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Ҳар ҳуруфи ту бошад раҳкушои роҳи ман,
Олими тавоноӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Ҳар каломи ту бошад дилкушою ҷонпарвар,
Чун Маҳастӣ доноӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Дар миёни маҳрўён нест бар ту ҳамтое,
Аз ҳама ту зебоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Ҷуз ту кас намебошад посдори суннатҳо,
Раҳнаварди фардоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!


Аз ишқи ту беморам, то бод, чунин бодо!
Дилхастаю афгорам, то бод, чунин бодо!
Ҳастӣ ту ҳаёти ман, ҳам азму суботи ман,
Аз ғайри ту безорам, то бод, чунин бодо!
Пур карда бари доман, гар дард диҳӣ бар ман,
Дарди ту харидорам, то бод, чунин бодо!
Ҳар субҳ зи ҷо хезам, аз хеш чу бигрезам,
Номат ба забон орам, то бод, чунин бодо!
Аз чархи ҷафопеша, озурдаам аз реша,
Бо дидаи хуншорам, то бод, чунин бодо!
Дар рўи раҳам сад сол, гар тухми ҷафо корӣ,
Ман тухми вафо корам, то бод, чунин бодо!
Дар соати марги хеш, бо синаву қалби реш,
Васли ту талабгорам, то бод, чунин бодо!


Мапўш дида зи ман, баски дўстдори туям,
Асири чеҳраи зебои чун баҳори туям.
Маро зи давлати дунё ҳамин бас аст, эй гул,
Ки зинда ҳастаму андар ғами канори туям.
Хаёли бодаи нобам намебарад аз худ,
Биёр бода зи лаълат, ки дар хумори туям.

пешина
аз 73
навбатӣ