АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Ҳазор сол напурсию ёди ман накунӣ,
Ба қалби пораю муштоқ интизори туям.
Ба ҷуз ту дар ду ҷаҳон ҳосиле намеҷўям,
Ба бўса даст бидеҳ, баски хоксори туям.
Агарчи теғ мезаниям, ё ки мекунӣ озод,
Ҳар он чӣ хоҳӣ бикун, ман дар ихтиёри туям.
На дар хаёли касеям, на дар хумори касе,
Нафас ҳаром бодам, агар ман на ёри туям.
Нурбахши маҳфилам, ёдат кунам,
Шабчароғи манзилам, ёдат кунам.
Умри ман бигзашт дар ёди висол,
Навниҳоли соҳилам, ёдат кунам.
Раҳм кун бар ҳоли бесомони ман,
Бе ту чун нокомилам, ёдат кунам.
Изтироболудам аз дурии ту,
Арчи ман ноқобилам, ёдат кунам.
Нарм-нармак гў сухан аз боби меҳр,
Бар вафоят қоилам, ёдат кунам.
Ин дили решам магардон ноумед,
Сархати обу гилам, ёдат кунам.
Соате бо ман нишину гўш кун,
Гарчи бошӣ қотилам, ёдат кунам.
Офтобӣ, нур пош андар сарам,
Эй тавонбахши дилам, ёдат кунам.
Ноз кам кун ба сарам ёри ситамкораи ман,
Нигаҳи меҳр бияфкан ба дили пораи ман.
Уммати шефтаам бар дари пайғамбари ишқ,
Ба умедам омадаам ,то ки кунӣ чораи ман.
Раҳм кун бар мани шайдои зи по афтода,
Ашки ҳасрат чу аён гашт ба рухсораи ман.
Ин ҷаҳон ҷои ғаму ҳасрату ҳайронӣ нест,
Чӣ шавад лутф кунӣ, дилбари маккораи ман.
Натавонам, ки нафас бе ту кашам дар олам,
Макан аз доғ ту ин риштаи яктораи ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё