АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Бигзар зи сари хоки мани шўрида,
Бо қадди хуши ҳамчу ниҳолат, бону.
Ҳангоми сафар зи дарди дил мегўям:
Озод шудӣ, хушо ба ҳолат, бону!
Сояи лутфат бароям соябон аст, эй парӣ!
Орзуи васли ту дар мағзи ҷон аст, эй парӣ!
Нашъаи маргам гуворо мерасад аз осмон,
Чунки ҳаҷрат баҳри ман марги гарон аст, эй парӣ!
Гарчи пирам, хон маро бар бистари танҳоият,
Бо ҳама пирии тан ишқам ҷавон аст, эй парӣ!
Қиссаам овозаи рўи ҷаҳон гардидааст,
Дар ҳама маҳфил зи ман як достон аст, эй парӣ!
Аз ту бошад нахли умрам соҳиби баргу наво,
Бе ту нахли умр дар банди хазон аст, эй парӣ!
Сабз бошад дар вуҷудам сабзаи армони дил,
То ки номи ту маро вирди забон аст, эй парӣ!
Ёди айёме, ки бо ман меҳрубонӣ доштӣ,
Байни мову ту бас асрори ниҳон аст, эй парӣ!
Сорбоно, аз қатори бардагон моро нарон,
К-ин зи по афтода з-аҳли корвон аст, эй парӣ!
Аз табибон дарди ман ҳаргиз намеёбад шифо,
Дарди ман бар мардуми олам аён аст, эй парӣ!
Аз Зарифӣ, эй парирухсор, ҳаргиз рў матоб,
Бо ҳама вомондагӣ аз дўстон аст, эй парӣ!
Чун замин ту яктоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Дилкашу дилороӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Кокулони хушбўят накҳати суман дорад,
Гулбуни сумансоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Он қадар ту волоӣ, аз парӣ ту болоӣ,
Бар фаришта ҳамтоӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Дида аз тамошоят ҳеҷ гаҳ нагардад сер,
Нури чашми биноӣ, эй зан, эй зани тоҷик!
Оташи фурўзонӣ, кони лутфу эҳсонӣ,
Ту фузун зи дунёӣ, эй зан, эй зани тоҷик!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё