Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

дигарбора бигуфт, ҳам ӯ гуфт пазируфтам ва вайро Зулкафал ном карданд бад-ин сабаб, ки ин кафолат бикард.
– ФАСЛ –
Бехи хашм ҳаргиз аз ботин канда наёяд Бидон, ки хашм андар одамӣ офаридаанд, то салоҳи вай бошад, то он чи вайро зиён дорад, аз вай боздорад, аз худ, чунон ки шаҳват офаридаанд, то олати вай бошад, то ҳар чӣ мардро судманд аст, ба хештан кашад ва вайро аз ин ҳар ду чора нест, валекин чун ба ифрот бувад, зиёни кор бошад ва мисли оташе бувад, ки бар дил занад ва дуд бар димоғ равад ва ҷойгоҳи ақл ва андешаро торик кунад, то фардо ваҷҳи савоб набинад: чун дуде, ки андар ғоре афтад ва торик шавад, ки фаро ҳеч ҷой натавонад дид ва ин сахт мазмум бувад ва аз ин гуфтаанд, ки: хашм ғули дил аст. Ва бошад, ки ин хашм заиф1 бувад ва ин низ мазмум бувад, ки ҳамият бар ҳарам ва ҳамият бар дин бо куффор аз хашм хезад ва Худой субҳонаҳу ва таъоло расулро саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт:
«Ҷоҳиди-л-куффора ва ағлут ъалайҳим»2 ва саҳобаро разийаллоҳу анҳум
— сано гуфт ва гуфт: «Ашадоу ъала-л-куффори»3 ва ин ҳама натиҷаи хашм бувад, пас бояд, ки қуввати хашм ба ифрот бувад ва на заиф, балки мӯътадил бувад ва ба ишорати ақл ва дин бувад.
Ва гурӯҳе пиндоштанд, ки мақсуд аз риёзат асли хашм берун бурдан аст ва ин хатост: ки хашм силоҳ аст ва аз вай чора нест, асли хашм ботил шудан, то одамӣ зинда бошад, мумкин нест, чунон ки ботил шудани асли шаҳват мумкин нест, лекин раво бошад, ки андар баъзе корҳо ва баъзе авқот пӯшида шавад, аслан, чунон ки пиндоранд, ки хашм нест гашт ва тафсили ин он аст, ки хашм аз чизе хезад, ки бад-он ҳоҷат бошад, ки касе қасди он кунад. То бибарад, аммо он чӣҳоҷат набувад, масалан касеро саге бошад, ки аз он мустағнӣ аст, агар касе вайро бизанад ё бикушад, раво бошад, ки хашмгин нашавад, аммо қуввату маскан ва ҷомаву тандурустӣ ва мисли ин, ҳоҷат бад-ин ҳаргиз мунқатеъ нашавад, пас касе, ки вайро ҷароҳат кунанд, то саломати вай фавт шавад ё хуфта шавад ва ҷомаву қуввати вай биситонанд, лобуд хашм падидор ояд, лекин ҳар киро ҳоҷат беш бувад, хашм бештар бувад ва вай бечоратар ва дармондатар бувад, чун касе ба манъи он машғул шавад, хашм аз он хезад ва ҳарчанд ба ҳоҷат мӯҳтоҷтар ба бозситадани он хашм зиёдтар. Ки озодӣ андар беҳоҷатӣ аст, ҳарчанд ҳоҷат бештар ба бандагӣ наздиктар ва мумкин бошад, ки ба риёзат хештанро чунон созад, ки ҳоҷати вай бо қадри зарурат афтад ва ҳоҷати ҷоҳу мол бисёр ва зиёдатҳои дунё аз пеши вай бархезад ва лоҷарам хашм, ки табаъи он ҳоҷат аст, бархезад. Ва тафовут миёни халқ андар ин бисёр аст, ки бештари хашмҳо аз сабаби зиёдати молу ҷоҳ бувад ва агар касе корҳои хасис кунад, чун нард ва шатранҷу кабӯтарбозӣ ва мисли ин, агар касе гӯяд нек набозад ё шароб бисёр нахӯрад, фулон хашмгин шавад ва шак нест, ки ҳар чӣ аз ин ҷинс аст, ба риёзат аз вай
1 Дар муқобили ифрот.
2 Бикӯш бо кофирон ва бар онҳо дуруштӣ ва сахтӣ кун.
3 Касоне ҳастанд, ки бар куффор сахт гиранд, (Қуръон, дар васфи мӯъминон).
битавон растан, лекин он чи лобуди одамӣ аст, асли хашм дар он ботил нашавад ва худ набояд, ки шавад, ки маҳмуд набошад, лекин чунон набояд, ки ихтиёр аз вай биситонад ва ба фармони шаръ ва ақл набошад ва ба риёзат хашмро бо ин дараҷа тавон овард. Ва далел бар он, ки асли ин хашм бинашавад ва набояд, ки шавад, он аст, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ин холӣ набудӣ ва гуфтӣ, ки: «Ман башарам, ағзибу камо йағзибу-л-башару, хашмгин шавам чунон ки одамӣ хашмгин шавад ва ҳар одаме, ки лаънат кунад ё сухани дурушт гӯям дар хашм ё бизанам, Бор Худоё, он аз ман сабаби раҳмат гардон бар вай». Ва Абдуллоҳ ибни Амр ибну-л-Ос гуфт: «Ҳар чиз, ки гӯӣ, бинависам ё расулуллоҳ, агарчи дар хашм бувад?» Гуфт: «Бинавис, ки бад-он Худой, ки маро ба ҳақ ба халқ фиристод, ки агарчи хашм бошам, бар забони ман ҷуз ҳақ наравад», пас нагуфт, ки маро хашм нест, валекин гуфт: «Хашми маро аз ҳақ берун набарад ва Оиша разийаллоҳу анҳо як рӯз хашмгин шуд». Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Шайтон омад ва туро гуфт: «Шайтон нест?» Гуфт: «Ҳаст, валекин ҳақ маро бар вай нусрат кард, то вай зери дасти ман шуд ва ҷуз ба хайр нафармояд ва нагуфт маро шайтони ғазаб нест».
– ФАСЛ –
(Ғалабаи тавҳид хашмро бипӯшонад)
Бидон, ки агарчи бехи хашм ҳаргиз аз ботин канда наёяд, валекин раво бошад, ки касе дар баъзе аҳвол ё дар бештари аҳвол, тавҳид бар вай ғолиб шавад ва ҳар чӣ бинад, аз Ҳақ таъоло бинад, пас хашм бад-ин тавҳид пӯшида шавад ва аз вай ҳеч чиз пайдо наёяд, чунон ки агар санге бар касе зананд, ба ҳеч ҳол бар санг хашм нагирад, агарчи бехи хашм дар ботини вай бар ҷои хеш аст, ки он ҷиноят аз санг набинад, аз он кас бинад, ки андохт ва агар султоне тавқеъ1 кунад, ки касеро бикушанд, бар қалам хашмгин нашавад, ки тавқеъ ба вай кард, зеро ки донад, ки қалам мусаххар аст ва ҳаракат аз вай нест, агарчи дар вай аст; ҳамчунин касе, ки тавҳид бар вай ғолиб бувад, ба зарурат бишиносад, ки халқ музтаранд дар он, ки бар эшон меравад: чи ҳаракат, агарчи дар банди қудрат аст, лекин қудрат дар банди иродат аст ва иродат ба ихтиёри одамӣ нест, валекин доъияе бар вай мусаллат кардаанд, агар хоҳад ва агар на, чун доъия фиристонад ва қудрат доданд, феъл ба зарурат ҳосил ояд. Пас, масали вай ҳамчун санг аст, ки дар вай андозанд ва аз санг дарду ранҷҳосил ояд, аммо
1 Имзо кунад.
бо вай хашм набувад, пас агар қути ин кас аз гӯсфанде бувад ва гӯсфанд бимирад, ранҷур шавад, валекин хашмгин нашавад ва чун касе онро бикушад, бояд ки ҳамчунин бошад, агар нури тавҳид ғолиб бувад, валекин ғалабаи тавҳид то бад-ин ғоят бардавом набувад, балки чун барқе бувад ва табъи башария дар илтифот бо асбоб, ки дар миён аст, падидор ояд. Ва бисёр кас дар баъзе аҳвол чунин будаанд ва ин на он бошад, ки бехи хашм канда омада бувад, лекин чун аз касе намебинад, ранҷи хашм пайдо наёяд, ҳамчун санге, ки бар вай ояд. Балки бошад, ки агарчи ғалабати тавҳид набувад, лекин дили вай худ ба коре муҳимтар чунон машғул бувад, ки хашм бад-он пӯшида бошад ва падид наёяд.
Яке Салмонро разийаллоҳу анҳу дашном дод, гуфт: «Агар каффаи саййиъоти ман дар қиёмат гаронтар ояд, ман аз ин ки ту мегӯӣ, батарам ва агар он сабуктар бувад, ба сухани ту чӣ бок дорам ва ин, ки ту мегӯӣ, дуни ҳаққи ман аст?! Рабеъи Хасимро дашном доданд, гуфт: «Миёни ман ва биҳишт ақабаест ва ба буридан машғулам, агар бибурам, ба сухани ту чӣ бок дорам, вагарна ин ки ба ман мегӯӣ, дуни ҳаққи ман аст?! Ин ҳар ду чунон ба андӯҳи охират мустағриқ буданд, ки хашми эшон падидор наёмадааст. Ва яке Абӯбакри Сиддиқро разийаллоҳу анҳу дашном дод, гуфт: «Он чӣ аз мо бар ту пӯшидааст, бештар аст, азбас машғуле, ки ба худ аст, хашми вай падидор наёмадааст; ва зане Молики Динорро муроъӣ гуфт, гуфт: «Маро ҳеч кас нашинохт, магар ту». Ва яке Шаъабиро сухане гуфт, гуфт: «Агар рост мегӯӣ, Ҳақ таъоло маро биёмурзод ва агар дурӯғ мегӯӣ, Худои таъоло туро биёмурзод».
Пас, ин аҳвол далел кунад, ки раво бошад, ки хашм мақҳур шавад бадин аҳвол ва раво бошад, ки касе бишинохта бувад, ки Худои таъоло дӯст дорад аз вай, ки хашм нагирад, чун сабабе равад, дӯстии Худои таъоло он хашми вай пӯшида кунад, чунонки касе маъшуқе дорад ва фарзанди вайро ҷафо мегӯяд ва ошиқ донад, ки вай мехоҳад, ки он ҷафо наёяд ва фаро гузорад, ғалабаи ишқ вайро чунон кунад, ки дарди он ҷафо дарнаёбад ва хашмгин нашавад.
Пас, бояд ки одамӣ ба яке аз ин асбоб чунон шавад, ки хашми худро мурда кунад ва агар натавонад боре қавси ӯро бишиканад, то саркаш нагардад ва бар хилофи шаръу ақл ҳаракат накунад.
– ФАСЛ –
(Илоҷи хашм воҷиб аст)
Бидон, ки илоҷи хашм воҷиб аст: ки бештари халқро хашм ба дӯзах барад ва илоҷи вай ду ҷинс аст: як ҷинси вай чун мусаҳҳал аст, ки бех ва моддати он аз ботин барканад ва ҷинси дуввум мисли сиканҷабин аст, ки таскин кунад ва моддат набарад.
Ва ҷинси аввал, ки мисли мусаҳҳал аст, он аст ки нигоҳ кунад, ки сабаби хашм андар ботин чист, он асбобро аз бех биканад ва онро панҷ сабаб аст.
Сабаби аввал кибр аст, ки мутакаббир ба андак мояи сухан ё муомилат, ки дар хилофи таъзими вай бувад, хашмгин шавад, бояд ки кибрро ба тавозӯъ бишканад ва бидонад, ки вай аз ҷинси бандагони дигар аст, ки фазл бо ахлоқи некӯ бувад ва кибр аз ахлоқи бад аст ва ҷуз ба тавозӯъ кибр ботил нашавад.
Сабаби дуввум уҷб аст, ки андар шаъни хештан эътиқоде дорад ва илоҷ он аст, ки худро бишиносад ва тамомии илоҷи кибр ва уҷб ба ҷои худ гуфта шавад.
Сабаби сеюм мазоҳ аст, ки андар бештар аҳвол ба хашм адо кунад, бояд ки хештанро ба ҷидд машғул кунад андар шинохтани кори охират ва ҳосил кардани кор ва ахлоқи некӯ ва аз мазоҳ бозистад. Ва ҳамчунин пур хандидан ва сухрият кардан ба хашм адо кунад, бояд ки худро аз он сиёнат кунад ва агар дигаре бар вай истеҳзо кунад, худ аз он эъроз кунад.
Сабаби чаҳорум маломат кардан ва айб кардан аст, ки ин низ сабаби хашм гардад аз ҳар ду ҷониб ва илоҷ он бувад, ки бидонад бе айб Худои таъоло аст ва ҳар киро айби худ бошад, айби дигарон нарасад ва маломати ҳамин сабил, пас агар ба айб ва маломати худ машғул шавад, то хашми дигаре аз миён бархезад, авлотар; Сабаби панҷум ҳирсу оз бувад бар зиёдати молу ҷоҳ, ки бад-он ҳоҷат бисёр шавад ва ҳар кӣ бахил бувад ба як донг, ки аз вай бишавад, хашмгин гардад ва ҳар кӣ томеъ бувад ба як луқма, ки аз вай фавт шавад, хашмнок гардад ва ин ҳама ахлоқи бад аст.
Ва асли хашм ин аст ва илоҷи ин ҳама илмӣ аст ва ҳам амалӣ: аммо илмӣ он аст, ки офат ва шарри вай бидонад, ки зарари он бар вай андар дину дунё то ба чӣҳад аст, то ба дил аз он нуфур шавад, он гоҳ ба илоҷи амалӣ машғул гардад ва он он бошад, ки аз ин сифот ба мухолифат бархезад, ки илоҷи ҳама ба мухолифат ҳавову ҳавас ва ахлоқи бад аст, чунон ки андар риёзати нафс бигуфтем. Ва ангехтани хашм ва ахлоқи бад бештар аз он аст, ки мухолатат бо гурӯҳе кунанд, ки хашм бар эшон ғолиб бошад ва бошад, ки онро шуҷоат ва салобат ном кунанд ва бад-он фахр оваранд ва ҳикоят кунанд, ки: фулон бузург ба як калима фулонро бикушт ё хону моли ӯ бибурд, ки кас заҳра надоштӣ, ки бар хилофи вай сухан гуфтӣ, ки вай марде мардона буд ва мардон чунин бошанд ва фаро гузоштани он хорӣ ва беҳамиятӣ ва нокасӣ бошад, пас хашмро, ки хӯи сагон аст, шуҷоат ва мардонагӣ ном ниҳода бошад ва ҳилм, ки ахлоқи пайғамбарон аст, нокасӣ ва беҳамиятӣ ном кунад ва кори шайтон ин аст, ки ба талбис ва ба алфози зишт аз ахлоқи некӯ бозмедорад ва ба алфози некӯ ба ахлоқи бад даъват мекунад ва оқил донад, ки агар рондани ҳаяҷони хашм аз мардӣ будӣ, боисти ки занон ва кӯдакон ва пирони заифнафс ва беморон ба хашм наздиктар набудандӣ ва маълум аст, ки ин қавм зуддтар хашм гиранд, балки ҳеч марде дар он нарасад, ки касе бо хашми хеш барояд ва ин сифати анбиёст — алайҳимуссалом — ва он дигар сифати курдон ва туркон ва араб ва касоне, ки ба сибоъ ва баҳоим наздиктаранд, бинигар, ки бузургӣ дар он бошад, ки монанди анбиё бошӣ ё монанди ғофилон ва аблаҳон бошӣ?

пешина
аз 176
навбатӣ