Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

– ФАСЛ –
Илоҷи илмӣ ва амалии хашм
Бидон, ки ин ки гуфтаанд, мусаҳҳал он аст, ки қасд кунад, ки моддати хашм биканад, агар касе моддати хашм натавонад канд, бояд ки таскин кунад. Чун хашм ҳаяҷон гирифт, таскини вай ба сиканҷабин бошад, ки аз ҳаловати илм ва марорати1 сабр таркиб кунад ва илоҷи ҳама ахлоқ маъҷуни илму амал аст: илм он аст, ки аз оёт ва ахбор, ки андар ғазаб омадааст ва андар савоби касе, ки хашм фурӯ хӯрад, андеша кунад — чунон ки ривоят кардаем — ва бо худ гӯяд, ки: Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бар ту қодиртар аз он аст, ки бар вай, ки мухолифати ту бо Худои таъоло бештар аст, чи эмине, агар хашм биронӣ, ки дар рӯзи қиёмат, хашми худ бар ту биронад? Ва бад-ин таскин кунад ва савоби фурӯ хӯрдани хашм ҳосил кунад, чунон ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам парасторе2 ба коре фиристод ва дер бозомад, гуфт: «Агар на қассоси қиёмат будӣ, туро бизадаме»; ва дигар он, ки бо худ гӯяд, ки ин хашми ту аз он аст, ки коре чунон рафт, ки Ҳақ таъоло хоҳад, на чунон ки ту хоҳӣ ва ин мунозиъат бувад андар рубубият; агар бад-ин асбоб, ки ба охират тааллуқ дорад, хашм сокин нашавад, ағрози дунё фаро пеши худ дорад ва гӯяд: агар хашм биронам, бошад, ки андар хидмат тақсир кунад ва нуфур шавад ва ё ғадре ва мукойадате3 кунад; ва низ сурати зиштии хеш бо ёд оварад, ки зоҳири вай чун гурге бошад ё саге, ки андар касе афтад ва ботини вай
1 Талхӣ.
2 Хидматгузоре.
3 Ҳила ва макр.
ҳама оташ гирад ва ба сурати саги гурусна шавад; ва бештар он бувад, ки чун азм кунад, ки фаро гузорад, шайтон гӯяд, ки: ин бар аҷз ва хории ту ниҳанд ва ваҳшатро зиён дорад ва дар чашми мардумон ҳақир шавӣ, бояд ки гӯяд, ки ҳеҷ иззат дар он нарасад, ки касе сирати анбиё — алайҳимуссалом — гирад ва хушнудии Худои таъоло ҷӯяд ва гӯяд, ки имрӯз дар дунё мардумон маро хор пиндоранд, беҳтар аз он ки фардо дар қиёмат хор бошам ва амсоли ин; ин илоҷи илмӣ аст.
Аммо илоҷи амалӣ он аст, ки ба забон бигӯяд: «Аъузу биллоҳи минашшайтони-р-раҷим». Ва суннат аст, ки агар бар пой бошад, бинишинад ва агар нишаста бошад, паҳлӯ бар замин ниҳад ва агар бад-ин сокин нашавад, ба оби сард таҳорат кунад, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Хашм аз оташ аст, ба об бинишинад». Ва андар як ривоят аст, ки бояд суҷуд кунад ва рӯй бар хок ниҳад, то огоҳӣ тоза шавад, ки вай аз хок аст ва бандааст ва вайро хашм нарасад; ва як рӯз Умар разийаллоҳу анҳу хашмгин шуд, об хост ва андар бинӣ кард ва гуфт: «Хашм аз шайтон аст ва бад-ин бишавад». Ва як рӯз Абӯзар разийаллоҳу анҳу бо касе ҷанг кард ва гуфт: «Ё ибну-л-ҳамро, модар варо айб кард, яъне сурх аст, ба ранги бандагон, расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Шунидам, ки имрӯз касеро айб кардӣ ба модар, бидон, ки ту аз ҳеч сиёҳ ва сурх фозилтар наӣ, магар он ки ба тақво андар пеши вай бошӣ, Абӯзар разийаллоҳу анҳу бишуд, то вайро узр хоҳад ва он кас аз пеш биёмад ва бар Абӯзар салом кард; ва чун Оиша разийаллоҳу анҳо хашмгин шудӣ, расул алайҳиссалом бинии вай бигирифтӣ ва гуфтӣ: эй Оиша, бигӯ: Аллоҳумма рабба-ннабийи Муҳаммадин ва азҳаб ғайза қалби ва аҷирни мин музиллоти-лфитани, ин низ гуфтани суннат аст.
– ФАСЛ –
(Хашм рондан то чи ҳад равост)
Бидон, ки агар касе зулме кунад ё сухани зишти муваҳҳиш гӯяд, авлотар он бошад, ки хомӯш бошад ва фуҳш нагӯяд ва ҷавоб надиҳад; валекин хомӯшӣ воҷиб нест ва андар ҳар ҷавобе низ рухсат нест ва муқобилаи дашном ба дашном ва ғайбат ба ғайбат мисли он раво набувад, ки бад-ин сабаб таъзир1 воҷиб ояд, аммо агар сухани дурушт гӯяд ва андар он дурӯғе набошад, рухсат аст ва он чун қассос бувад ва ҳарчанд расул — саллаллоҳу ва саллам — гуфтааст: «Агар касе туро айб кунад, бад-он чи андар туст, ту вайро айб макун, бад-он чи андар вай аст»: ин бар тариқи
1 Навъе ҳад ва муҷозоти шаръӣ.
истеҳбоб аст ва воҷиб нест ногуфтан — чун дашном додан ва нисбат ба зино набошад — далел бар ин он аст, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд «Алмустабони мо қоло фаҳува ъала-л-боди ҳатто йатаъадди-л-мазлуму, ҳар ду кас, ки якдигарро ҷафо гӯянд, бар он бошад, ки ибтидо кард, то он гоҳ ки мазлум аз ҳад даргузарад», пас вайро ҷавобе бинҳод пеш аз он, ки аз ҳад даргузарад ва Оиша разийаллоҳу анҳо ҳамегӯяд: занони расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ризвонуллоҳу алайҳунна — Фотимаро — салавотуллоҳу алайҳо — пайғоме дода буданд, ки расулро бигӯ, ки инсофи мо ва Оиша нигоҳ дор, ки ту вайро дӯст ҳамедорӣ ва ба вай майл ҳамекунӣ ва расул алайҳиссалом хуфта буд, ки Фотима разийаллоҳу анҳо пайғом дод, гуфт: «Ё Фотима, он чӣ ман дӯст дорам, ту надорӣ», гуфт: «Дорам, ё расулуллоҳ». Гуфт: «Оишаро дӯст дор, ки ман дӯст дорам вайро», пас наздики занон шуд ва ҳикоят кард; гуфтанд:
мо инро сипарӣ накунем, Зайнабро разийаллоҳу анҳо бифристоданд, ҳам аз ҷумлаи занони расул буд алайҳиссалом ва бо ман даъвои баробарӣ кардӣ, андар дӯстӣ. Расул алайҳиссалом биёмад ва гуфт: «Духтари Абӯбакр чунин ва духтари Абӯбакр чунон ва ҷафо ҳамегуфт ва ман хомӯш ҳамебудам, то дастуре дод ба сухан андар омадам ва ҷавоб ҳамедодам ва ҷафо ҳамегуфтам, то он гоҳ, ки маро даҳон хушк шуд ва вай оҷиз омад, пас расул алайҳиссалом гуфт: «Вай духтари Абӯбакр аст ва шумо ба сухан бо вай барнаёед. Пас, ин далел аст, ки ҷавоб раво бошад, чун ба ҳақ равад ва дурӯғ набошад, чунон ки гӯяд: ё аҳмақ, ё ҷоҳил, шарм дор ва хомӯш бош, ки ҳеч одамӣ аз ҳамоқат ва ҷаҳл холӣ набошад ва бояд ки забонро одати фаролафзӣ кунад, ки бас зишт набошад, ки дар вақти хашм он гӯяд, то фуҳш наравад бар забонаш, чунон ки гӯяд: ё мутахаллиф ва мудаббир ва нокас ва ноҳамвор ва бевафо ва бенаво ва амсоли ин. Ва дар ҷумла чун дар ҷавоб омад, бар ҳад биистодан душвор бувад, бад-ин сабаб ҷавоб нододан авлотар бувад. Яке Абӯбакри Сиддиқро разийаллоҳу анҳу дар пеши расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷафо мегуфт ва вай хомӯш мебуд ва чун дар ҷавоб омад, расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам бархост, гуфт: «То акнун менишастӣ, чун ҷавоб гуфтан гирифтам бархостӣ», гуфт: «То хомӯш будӣ, ҷавоби ту фариштае медод, чун ту гуфтан гирифтӣ, шайтон омад, нахостам, ки ббо шайтон бинишинам».
Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт, ки: «Одамиён бар табақот офаридаанд: кас бошад, ки дер хашмгин шавад ва дер хушнуд шавад ва кас бошад, ки зуд хашмгин шавад ва зуд хушнуд шавад ва ин дар муқобилаи он афтад ва беҳтарини шумо он бошад, ки дер хашмгин шавад ва зуд хушнуд шавад ва бадтарин он бувад, ки зуд хашмгин шавад ва дер хушнуд шавад».
– ФАСЛ –
(Кини фарзанд хашм аст)
Бидон, ки ҳар кӣ хашм фурӯ хӯрад ба ихтиёр ва диёнат муборак ояд, аммо агар аз аҷз ва зарурат фурӯ хӯрад андар ботини вай гирд ояд ва уқда гардад ва расул алайҳиссалом мегӯяд: «Ал-мӯъмину лайса биҳуқудин», яъне мӯъмини киндор набувад; пас кини фарзанд хашм аст ва аз вай ҳашт офат падид ояд, ки ҳар яке сабаби ҳалоки дин бувад:
Аввал —ҳасад, то ба шодии он кас андӯҳгин бувад ва бо андӯҳи вай шодмона бувад; Дуввум — он, ки шамотат кунад ва шодмонӣ кунад, ки балое ба вай расад ва онҳо изҳор кунад; Саввум — он, ки забон аз вай бозгирад ва салом накунад ва ҷавоби саломи ӯ бознадиҳад; Чаҳорум — он, ки ба чашми ҳақорат ва кӯчак дошт ба вай нигарад; Панҷум — он, ки забон ба вай дароз кунад ва дурӯғу фуҳш ва ошкоро кардани аврату асрори вай; Шашум — он, ки вайро муҳокот кунад ва сухрият кунад; Ҳафтум он, ки андар гузордани ҳаққи вай тақсир кунад ва силати раҳм бозгирад ва мазлимати вай бознадиҳад ва аз вай ҳалолӣ нахӯрад; Ҳаштум — он, ки вайро бизанад ва биранҷонад — чун фурсат ёбад — ва агар дигаре занад ва биранҷонад, манъ накунад ва бад-он ризо диҳад.
Пас, агар касе бошад, ки диёнат бар вай ғолиб бошад ва ҳеч чиз накунад, ки андар он маъсияте бувад, ҳам аз он холӣ набошад, ки эҳсони худ аз вай бозгирад ва бо вай рифқ накунад дар корҳо ва дар кори вай муъин набошад ва бар вай дуову сано нагӯяд: аз савоби ин ҳама бозмонад ва дар нуқсон бувад ва чун Мусаттаҳ, ки хеши Абӯбакр буд1, андар воқеаи Афк2 Оишаро разийаллоҳу анҳо сухан гуфт ва Абӯбакр разийаллоҳу анҳу ӯро нафақа медодӣ, бозгирифт ва савганд хӯрд, ки низ надиҳад, ин оят фуруд омад: «Ва ло йаътали авлу-л-фазли минкум, то он ҷо ки ало туҳиббуна ан йағфируллоҳу лакум — яъне савганд махӯред, ки некӯӣ накунед ва ё касеро, ки ҷафо кард, дӯст надоред, ки Худой субҳонаҳу ва таъоло шуморо биёмурзад». Абӯбакр разийаллоҳу анҳу гуфт: «эй валлоҳ,
1 Монанди касе шудан дар гуфтор ва рафтор — адои касеро даровардан.
2 Достон ва суханоне, ки аз бозпас мондани шутури Оиша аз қофила ва ёрони вай, сари забонҳо афтод.
дӯст дорам ва бо сари нафақа додан шуд. Пас, ҳар касро, ки аз дигаре кина дар дил бувад, аз се ҳол холӣ набувад. Аввал — муҷоҳида кунад бо хештан, то бо вай некӯӣ кунад ва муроот бияфзояд — ва ин дараҷаи сиддиқон аст. Дуввум — он, ки некӣ накунад ва зиштӣ низ раво надорад ва накунад — ва ин дараҷаи порсоён аст. Саввум — он, ки зиштӣ ва бадӣ кунад — ва ин дараҷаи фосиқон ва золимон аст ва ҳеч қурбат азимтар аз он нест, ки некӯӣ кунӣ бо касе, ки бо ту зиштӣ кунад, агар натавонӣ, боре афв кунӣ, ки афвро фазилат бисёр аст ва бузург аст. Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Се чиз аст, ки бад-он савганд тавонам хӯрд, ҳеч мол аз садақа додан ноқис нашавад ва ҳеч кас афв накунад касеро, ки Худой субҳонаҳу ва таъоло вайро зиёдат диҳад андар қиёмат ва ҳеч кас дар суол ва гадоӣ бар худ накушояд, ки на Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло дари дарвешӣ бар вай нагушояд ва Оиша разийаллоҳу анҳо ҳамегӯяд: ҳаргиз надидам, ки расул алайҳиссалом бар он чи ҳаққи вай бувад мукофот кард, илло он чи ҳуқуқу ҳудуди шаръ бувад ва миёни ҳеч ду кор вайро мухайяр накардандӣ, ки на осонтарин бар халқ ихтиёр кардӣ, магар ки маъсият будӣ. Ақабат ибни Омир разийаллоҳу анҳу гӯяд: «Расул алайҳиссалом дасти ман бигирифт ва гуфт: огоҳ кунам туро, ки фозилтарин ахлоқи аҳли дунё ва охират чист?» Гуфтам: «Оре, ё расулуллоҳ». Гуфт: «Ҳар кӣ аз ту бибарад ту бо вай бипайванд ва ҳар кӣ туро маҳрум кунад, ту вайро ато деҳ ба вақти тавоноӣ ва ҳар кӣ бар ту зулм кунад, вайро афв кун». Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт, ки: «Мӯсо алайҳиссалом гуфт:
«Бор Худоё, аз бандагони ту кадом азизтаранд ба наздики ту?» Гуфт: «Он, ки афв кунад бо тавоноӣ». Ва гуфт: «Ҳар кӣ бар золими хештан дуои бад кард, ҳаққи хештан ботил кард». Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам чун Макка биситад, бар Қурайш даст ёфт — ва бо вай ҷафо бисёр карда буданд ва ҳаметарсиданд ва дил аз ҷон баргирифта буданд — расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам даст бар дари Каъба ниҳод ва гуфт: «Худой яке аст ва вайро шарик нест, ваъдаи худ рост кард ва бандаи худро нусрат дод ва душманони худро ҳазимат кард, чӣҳамебинед ва чӣҳамегӯед?»

пешина
аз 176
навбатӣ