Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Гуфтанд: чӣ гӯем, имрӯз даст дасти туст? Гуфт: «Он гӯям, ки бародарам Юсуф алайҳиссалом гуфт». Чун бар бародаронаш даст ёфт ва гуфт: «Ло тасриба ъалайкуму-л-йавма» ҳамаро эмин бикард ва гуфт: «Касеро бо шумо кор нест».
Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Дар қиёмат нидо кунанд ва овоз диҳанд, ки бархезед, ҳар кӣ афв кардааст ва музди вай бар Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло аст, чандин ҳазор халқ бархезанд ва ба биҳишт шаванд бе ҳисоб, ки афв карда бошанд аз марду зан». Ва Муовия гуфт:
«Андар хашм сабр кунед, то фурсат ёбед, чун фурсат ёфтед ва тавоно шудед, афв кунед». Ва якеро дар пеши Ҳишом оварданд, ки ҷинояте карда буд, сӯҳбати хештан гуфтан гирифт, Ҳишом гуфт: «Пеши ман ҷадал мегӯӣ?» Гуфт: «Йавма таъти куллу нафсин туҷодилу ъан нафсиҳо»1 пеши Ҳақ таъоло ҷадал метавон гуфт дар изҳор кардани узри хеш, чаро пеши ту натавон гуфт? Гуфт: «Бигӯ, то худ чӣ мегӯӣ». Ва Ибни Масъудро разийаллоҳу анҳу чизе бидуздиданд, мардумон бар дари Каъба гирд кард ва гуфт: «Бор Худоё, агар ба сабаби ҳоҷате кардааст, муборакаш бод ва агар ба даделе маъсият баргирифтааст, охир гуноҳони вай бод. Ва Фузайл
— раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд: мардеро дидам андар тавоф зари вай бибурданд, ӯ мегирист, гуфтам: ба зар ҳамегирйӣ? Гуфт: «На, ки тақдир кардам, ки андар қиёмат некии вай бо ман диҳанд ва ҳеч узр надорад, маро бар вай раҳмат омад». Ва андар Инҷил аст, ки: ҳар кӣ бар золими хеш омурзиш хоҳад, шайтон аз вай ҳазимат шавад; пас, бояд ки чун хашм падид ояд, афв кунад ва дар корҳо рифқ кунад, то хашм пайдо нашавад. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Ё Оиша, ҳар киро аз рифқ баҳраманд карданд, баҳраи хеш аз дину дунё биёфт ва ҳар киро аз рифқ маҳрум карданд, аз хайри дину дунё маҳрум монд. Ва гуфт: «Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло рафиқ аст, рифқ дӯст дорад ва он чӣ ба рифқ диҳад, ҳаргиз ба унф надиҳад. Ва Оиша разийаллоҳу анҳо ҳамегӯяд: андар ҳама корҳо рифқ нигоҳ доред, ки дар ҳеч кор рифқ андар нарасид, ки на онро ороста гардонид ва аз ҳеч кор рифқ бурида нашуд, ки онро зишт нагардонид.
Пайдо кардани ҳасад ва офоти он
Бидон, ки аз хашм ҳиқд хезад ва ҳасад аз ҷумлаи муҳликот аст ва расул
— алайҳиссалам — гуфт: «Ҳасад кирдори некӯро ночиз гардонад». Ва гуфт: «Се чиз аст, ки халқ аз он холӣ набувад: гумони бад ва фоли бад ва ҳасад ва шуморо биёмӯзам, ки илоҷи ин чист: чун гумони бад барӣ бо хештан, таҳқиқ макун ва бар он маист ва чун фоли бад бинӣ, ин эътимод макун ва чун ҳасад падид ояд, забону даст аз муомилаи бадон нигоҳ дор».
Ва гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Андар миёни шумо пайдо омадан гирифт, он ки уммати бисёр пеш аз шумо ҳалок кард ва он ҳасаду душманӣ ва адоват аст ва бад-он Худой, ки ҷони Муҳаммад дар ҳукми вай аст, ки дар биҳишт нашавӣ, то имон надорӣ ва имон надоред, то якдигарро дӯст набошед ва хабар диҳам шуморо, ки он ба чи ҳосил ояд:
1 Рӯзе, ки ҳар кас барои худ мекӯшад ва муҷодила мекунад (рӯзи қиёмат).
салом бар якдигар фош доред». Мӯсо алайҳиссалом гӯяд: мардеро дидам андар сояи арш, пурсидам, ки вай кист? Гуфтанд: вай азиз аст наздики Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло, ки ӯҳаргиз ҳасад накардааст ва андар падару модар оқ набудааст ва наммомӣ накардааст. Ва Закариё алайҳиссалом гӯяд, ки: Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ҳамефармояд, ки: ҳосид душмани неъмати ман аст ва бар қазои ман хашм ҳамегирад ва қисмат, ки ман миёни бандагон кардаам, ҳаменаписандад. Ва расул алайҳиссалом ҳамегӯяд: «Шаш гурӯҳ ба шаш гуноҳ андар дӯзах шуданд бе ҳисоб:
амирон ба ҷавр ва араб ба таассуб ва молдорон ба кибр ва бозаргонон ба хиёнат ва аҳли русто ба нодонӣ ва уламо ба ҳасад». Ва Анас разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд: як рӯз пеши расул алайҳиссалом нишаста будам, гуфт:
«Ин соат касе аз аҳли биҳишт андар ояд» ва марде аз ансор даромад, наълайн аз дасти чап даровехта ва об аз маҳосини вай ҳамечакид, ки таҳорат карда буд; дигар рӯз ҳамчунин бигуфт ва ҳам вай андар омад, то се рӯз бибуд ва Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос разийаллоҳу анҳу хост, ки бидонад, ки вайро чи кирдор аст, наздики вай шуд ва гуфт: «Бо падар ҷанг кардаам ва ҳамехоҳам, ки се шаб наздики ту бошам», гуфт: «Раво бувад», андар он се шаб нигоҳ кард вайро амале зиёдат надид ба ҷуз он, ки чун дар хоб даромадӣ, Ҳақ субҳонаҳу ва таъолоро ёд кардӣ, пас вайро гуфт: «Ман ҷанги падар накарда будам, валекин аз расул алайҳиссалом чунин шунидам, хостам, ки амали ту бишиносам», гуфт: «Ин аст амали ман, ки дидӣ»: чун бирафт, овоз дод ва гуфт: «Як чиз ҳаст, ки ҳаргиз бар ҳеҷ кас ҳасад накардам, ки хайре ба вай расидааст», гуфт: «Пас ин дараҷаи он аст». Ва Авн ибни Абдуллоҳ разийаллоҳу анҳо якеро аз мулук панд дод ва гуфт: «Дур бош аз кибр, ки аввали ҳама маъсиятҳо, ки кардаанд, аз кибр бувад, ки иблис аз кибр суҷуд накард; ва дур бош аз ҳирс, ки Одамро алайҳиссалом аз биҳишт ҳирс берун овард; ва дур бош аз ҳасад, ки аввал хуни ноҳақ, ки рехтанд, ба ҳасад буд; писари Одам бародари хешро бикушт! Ва чун сифоти поки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло гӯянд ё ҳадиси саҳоба кунанд, хомӯш бош ва забон аз фузул нигоҳ дор. Ва Бикр ибни Абдуллоҳ гӯяд: марде буд ба назди подшоҳе ва ҳар рӯз бархостӣ ва гуфтӣ: бо некӯкор некӯкорӣ кун, ки бадкирдорро кирдори бади вай кифоят кунад, подшоҳ вайро азиз доштӣ бар он, яке вайро ҳасад кард ва гуфт: «Вай ҳамегӯяд, ки маликро ганди даҳон ҳамеояд», гуфт: «Далел чист?» Гуфт: «Он ки вайро наздики хеш хонӣ, даст ба бинии хеш бозниҳад, то бӯй нашунавад», он гоҳ биёмад ва он мардро ба хона бурд ва таоме дод, ки андар вай сир буд, пас малик вайро ба наздики худ хонд.
Вай даст ба даҳон бозниҳод, малик пиндошт, ки он мард рост гуфтааст, маликро одат буд, ки бароти хилъат ва сиёсат, ҳар ду ба хати хеш навиштӣ ва мӯҳр карда бидодӣ, бароти сиёсат бинавишт ва мӯҳр кард ва ба вай дод, ӯ пиндошт, ки бароти хилъат аст: чун берун омад, ҳамон мард рафта буд, то боздонад, ки ҳоли вай ба чӣ анҷомад, чун берун омад ва барот дошт, гуфт: «Чист?» Гуфт: «Бароти хилъат аст». Гуфт: «Чун ҳаққи нону намак дорем, исор ба ман кун». Гуфт: «Кардам», аз вай биситад ва пеши омил бурд. Гуфт: «Фармудааст, ки туро бикушанд ва пӯст ба коҳ биёкананд». Гуфт: «Аллоҳ, Аллоҳ ин дар ҳаққи дигаре набиштаанд, руҷӯъ кун бо малик». Гуфт: «Дар фармони малик руҷӯъ набувад», вайро бикушт, дигар рӯз он мард пеши малик биистод ва ҳамон бигуфт, маликро аҷаб омад, Гуфт: «Он хат чӣ кардӣ?» Гуфт: «Фулон аз ман бихост, ба вай бахшидам». Гуфт: «Ӯ мегӯяд, ки ту маро чунину чунин гуфтӣ?»
Гуфт: «Нагуфтам». Гуфт: «Даст ба даҳан чаро бозниҳодӣ?» Гуфт: «Он мард маро сир дода буд». Малик гуфт: «Сухан ҳаррӯза бозгӯй», бозгуфт, ки бадкирдорро бади хеш кифоят кунад. Гуфт: «Марде, ки ҳасад барад ва маро ба гумони бад андозад, то бегуноҳеро ҳалок кунам, худ ҳалоки ӯ авло, бади вай ҳам ба вай бозрасид». Ибни Сирин — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд: ҳеч касро бар дунё ҳасад накардам, бо худ гуфтам, агар аҳли биҳишт бошам, он қадар неъмат мукаддар чи қадр орад ва агар наъузубиллоҳ аз аҳли дӯзах бошам, агар ҷумлаи дунё маро бошад, чи суд кунад? Ва аз Ҳасани Басрӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — пурсиданд, мӯъмин ҳасад кунад? Гуфт: «Писарони Яъқубро алайҳиссалом фаромӯш кардаӣ, кунад, валекин чун ранҷе бувад дар сина ва берун наяфканад, ба муомилат зиён надорад». Ва Бӯдардо разийаллоҳу анҳу мегӯяд: ҳар кӣ аз марг бисёр ёд оварад, вайро на шодӣ бувад ва на ҳасад.
Пайдо кардани ҳақиқати ҳасад
Бидон, ки ҳасад он бувад, ки касеро неъмате расад, ту онро кореҳ бошӣ ва заволи он неъматро хоҳон бошӣ, ин ҳаром бошад, ба далели ахбор ва ба далели он, ки кароҳият дар қазо ва ҳукми офаридгор аст ва хубси ботин аст, ки неъмате, ки туро нахоҳад буд, дигареро завол хостани он ба ҷуз аз хубс набошад, лекин агар онро завол нахоҳад ва худро мисли он хоҳад ва он неъматро кореҳ набошад, онро ғибтат ва мунофаса низ гӯянд ва ин агар дар коре динӣ бошад, маҳмуд бувад ва бошад, ки воҷиб бувад, ки Ҳақ таъоло мефармояд: «Ва фӣ золика фалйатанофиси-л-мутанофисуна»1 ва гуфт, ки: «Собиқу ило мағфиратин мин раббикум», яъне
1 Дар ин (биҳишт) биистӣ, ки рақобат ва ҳамчашмӣ кунанд рақибон.
хештанро дар кори дин дар пеши якдигар афканед. Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳасад нест, магар андар ду чиз: яке — марде, ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ӯро илмеву моле диҳад ва андар моли хеш ба илм кор ҳамекунад ва дигареро илму зӯҳди бе мол диҳад, гӯяд: агар маро низ мол будӣ, ҳамон кор кардаме, ҳар ду андар музд баробаранд ва агар мол дар маъсият нафақа кунад ва дигаре гӯяд: агар маро низ будӣ, ҳам он кардаме, ҳар ду дар базаҳ баробар бошанд, пас ин мунофисаро низ ҳасад гӯянд, валекин дар вай ҳеч кароҳияти неъмати дигаре нест ва кароҳияти неъмати дигарон худ раво нест, магар неъмате ба золиме ва фосиқе расад, ки олати фасод ва зулми вай бошад, раво бувад, ки заволи он неъмат хоҳад ва ба ҳақиқати нобудани зулм ва фисқ хоста бошад на заволи неъматро, нишони он бувад, ки агар тавба кунад, он кароҳият намонад ва давоми он неъмат хоҳад ва ин ҷо дақиқае аст, ки касеро неъмате доданд ва вай хештанро он неъмат бар дили вай мисли он хоҳад, чун набувад, бошад, ки тафовутро кореҳ бошад, пас бархостани тафовут ба завол сабуктар бошад аз бимондани неъмат ва бими он бувад, ки табъ аз ин боист холӣ набувад, валекин чун инро кореҳ бошад ва чунон бошад, ки агар ба дасти вай кардандӣ, он неъмат аз вай бинагардонидӣ, бад-он миқдор, ки дар табъ бошад, маъхуз набувад.
Пайдо кардани илоҷи ҳасад
Бидон, ки ҳасад бемории азим аст дилро ва илоҷи вай ҳам маъҷуни илму амал аст.
Аммоилмӣ он аст, ки бидонад, ҳасад зиёни вай аст андар дунё ва охират ва суди маҳсуди вай аст андар дунё ва охират; аммо он, ки зиёни дунё вай аст, он ки: ҳамеша андар ғаму андеша ва азоб бошад, ки ҳеч вақт холӣ набувад аз неъмате, ки ба касе ҳамерасад ва чунон ки ҳамехоҳад, ки душмани вай дар ранҷ бошад, худ чунон бошад ва бад-он сифат бувад, ки душмани худро чунон мехоҳад, чи ҳеч ғам азимтар аз ғами ҳасад нест, пас чи беақлӣ бошад, беш аз он ки ба сабаби хасм хештанро ҳама рӯз ранҷур дорӣ ва хасмро ҳеч зиён на аз ҳасади ту, ки он неъматро муддате аст дар тақдир ва қазо, Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло, ки на пеш буду на пас ва на кам буду на беш, ки сабаби он тақдир азалӣ аст ва гурӯҳе онро нектолеъӣ гӯянд ва баҳри сифати ҳама, ки гӯянд муттафиқанд, ки тағайюрро бад-он роҳ нест. Ва бад-ин сабаб бувад, ки яке аз анбиё дармонда буд бо зане, ки ӯро салтанате буд ва шикояти бисёр мекард ба Худои таъоло, ваҳй омад:
«Фарра мин қуддомиҳо ҳатто танқазийа аййомуҳо — аз пеши ӯ бигурез, то муддате ӯ бигузарад», ки он муддат, ки дар азал тақдир кардаанд ҳаргиз бинагардад. Ва яке аз анбиё салавотуллоҳу алайҳим аҷмаъин — андар балое монда буд, бисёре дуо ва зорӣҳамекард, то ваҳй омад бар вай, ки: он рӯз, ки осмону заминро тақдир кардам, қисмати ту ин омад, чи гӯӣ, қисмат аз сар гирам барои ту?

пешина
аз 176
навбатӣ