Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва ҳар кӣ бо вай сухане нақл кунад, ки фулон кас туро чунин гуфт ё чунин месозад, андар ҳаққи ту ё монанди ин, шаш чиз вайро бояд ба ҷой оварад:
Аввал — он, ки бовар надорад: ки наммом худ фосиқ аст ва Ҳақ таъоло гуфтааст, ки қавли фосиқ машунавед; Дуввум —он, ки вайро насиҳат кунад ва аз он гуноҳ наҳй кунад; Саввум —он, ки вайро душман гирад барои Ҳақ таъоло, ки душмании наммом воҷиб аст; Чаҳорум — он, ки бад-он кас гумони бад набарад: ки гумони бад ҳаром аст; Панҷум — он, ки таҷассус накунад, то дурустии он бидонад: ки Ҳақ таъоло наҳй кардааст; Шашум — он, ки худро аз он написандад, ки дигареро написандад ва аз наммомии вай дигареро ҳикоят накунад ва бар вай бипӯшад ва ин ҳар шаш воҷиб аст.
Яке андар пеши Умари Абдулазиз наммомӣ кард, гуфт: «Нигоҳ кунем, агар дурӯғ аст аз аҳли ин ояте, ки: «Ин ҷоъакум фосиқун бинабоъин». Ва агар рост гуфтӣ аз аҳли ононе, ки: «Ҳаммозин машшоъин бинамимин».
Ва агар хоҳӣ, ки тавба кунӣ, афв кунем, гуфт: «Тавба кардам, ё амирулмӯъминин». Яке фаро ҳакиме гуфт, ки: фулон кас туро чунин гуфтааст, гуфт: «Ба зиёрат омадӣ ва се хиёнат кардӣ: бародареро андар дили ман нохуш кардӣ ва дили фориғи ман машғул кардӣ ва худро ба наздики ман фосиқу муттаҳам кардӣ». Сулаймон ибни Абдулмалик якеро гуфт: «Ту маро чизе гуфтаӣ?» Гуфт: «Не». Гуфт: «Адли мӯътамаде ҳикоят кард». Заҳарӣ нишаста буд, гуфт: «Ё амирулмӯъминин, наммом адл набошад; ҳар кӣ сухани касе ба ту оварад, сухани ту низ ба дигарон барад, аз вай ҳазар бояд кард ва ба ҳақиқат вайро душман бояд дошт, ки феъли вай ҳам ғайбат аст ва ҳам узру хиёнат аст ва ҳам ғилу ҳасад аст ва ҳам нифоқу тахлит аст ва фирефтан ва ин ҳама аз хиёнат аст».
Ва гуфтаанд: «Наммом ва ғаммоз он аст, ки рост аз ҳама кас некӯ бувад, магар аз вай». Ва Мусаъъаб ибну-з-Зубайр гӯяд, ки: «Наздики мо пазируфтани ғамз1 аз ғамз бадтар аст, ки сиъоят2 далолат аст ва қабул иҷозат аст». Ва расул алайҳиссалом — гуфт: «Ғаммоз ҳалолзода нест». Ва бидон, ки шарри мухаллит ва наммом азим аст ва бувад, ки ба сабаби эшон хунҳо рехта шавад: яке ғуломе мефурӯхт, гуфт: «Андар вай ҳеч айбе нест, илло наммомӣ ва тахлит, он кас бихарид ва гуфт бок нест, ғулом фаро зан гуфт, ки ин хоҷа туро дӯст надорад ва каниз, ки хоҳад харид, акнун чун бихусбад, устура баргиру аз зери ҳалқи вай мӯй боз кун, то ман туро ҷодуӣ омӯзам, то ошиқи ту гардад; ва бо хоҷа гуфт: «Ин зан бар касе ошиқ аст ва туро бихоҳад кушт, ту хештанро хуфта соз, то бибинӣ, мард хештан хуфта сохт». Зан ҳамеомад ва устура дар даст гирифта, то даст фаро кард ва маҳосини вай баргирифт, мард шак накард, ки вайро бихоҳад кушт, мард барҷаст ва занро бикушт, хешовандони зан биёмаданд ва мардро бикуштанд ва хешони мард биёмаданд, ҷанг
1 Суханчинӣ.
2 Теғ.
карданд ва бисёр хунҳо рехта шуд.
Офати чаҳордаҳум
Дурӯӣ кардан аст миёни ду душман
Чунон ки пеши ҳар кас сухан чунон гӯяд, ки вайро хуш ояд ва бошад, ки сухани ин боз он нақл кунад ва сухани он боз ин фаро ҳар яке намояд, ки ман дӯстдори туам ва ин аз наммомӣ бадтар аст. Расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар киро андар ин ҷаҳон дурӯӣ бошад, дар он ҷаҳон ду забони оташин бошад». Ва гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Бадтарин бандагон назди Худои таъоло дурӯй аст». Пас, бидон, ки ҳар кӣ бо ду душман мухолитат дорад, бояд ки ҳар чӣ мешунавад ё хомӯш ҳамебошад ё он чӣҳақ бошад, бигӯяд дар пеши он кас, бо паси вай, то мунофиқ набошад ва сухани ҳар яки он дигарро ҳикоят накунад ва бо ҳар касе нанамояд, ки ман ёвари туам.
Ибни Умарро разийаллоҳу анҳу гуфтанд, ки: мо дар наздики амирон шавем, суханҳо чунон бигӯем, ки берун оем нагӯем, гуфт: «Мо инро нифоқ шумурдеме андар аҳди расул алайҳиссалом ; ва ҳар киро зарурате набошад ва наздики салотин шавад ва он гоҳ сухане гӯяд дар пеши эшон, ки бозпас нагӯяд, мунофиқ бошад ва дурӯй ва чун зарурате бошад, андар ин хиссат бувад.
Офати понздаҳум
Сутудани мардумон ва фассолӣ1 кардан аст Ва андар вай шаш офат аст: чаҳор андар гӯянда ва ду андар шунаванда, ки мамдӯҳ бувад:
Аммо офати модеҳ, яке — он бошад, ки зиёдат гӯяд ва дурӯғзан гардад, андар асар аст, ки: «Ҳар кӣ андар мадҳи мардумон ифрот кунад, рӯзи қиёмат вайро забони дароз бошад, чунон ки андар замин мекашад ва пой бар вай ҳамениҳад ва ҳамешигарфад2».
Дуввум — он, ки бошад, ки андар вай нифоқ бувад ва ба мадҳ фаро намояд, ки туро дӯст дорам ва бошад, ки надорад.
Саввум — он, ки бошад, ки чизе гӯяд, ки таҳқиқ надонад, чунон ки порсо ва парҳезгору пурилм аст ва мисли ин. Яке мардеро мадҳ гуфт,
1 Касе, ки барои пул дигаронро биситояд.
2 Шигирфидан — лағзидан.
расул алайҳиссалом гуфт: «Вайҳака»1. Гардани вай бизадӣ, пас гуфт:
«Агар лобуд аст ва мадҳи касе хоҳӣ гуфт, гӯ пиндорам, ки чунин аст ва бар Худой касеро тазкият2 накунам, он гоҳҳисоби вай бар Худой аст, агар ҳамепиндорад ва рост ҳамегӯяд.
Чаҳорум — он, ки бошад, ки мамдӯҳ зулм бувад ва ба сухани вай шод шавад ва нашояд, ки золимро шод гардонӣ; ва расул алайҳиссалом гуфт:
«Чун фосиқро мадҳ гӯянд, Ҳақ таъоло хашм гирад бар он кас».
Аммо мамдӯҳро аз ду ваҷҳ зиён дорад:
Яке — он, ки уҷбе ва такаббуре дар вай падид ояд: Умар разийаллоҳу анҳу нишаста буд бо дарра, Ҷоруд марде буд, он ҷо фуруд омад, яке гуфт:
«Ин меҳтари рабиъа3 аст. Чун бинишаст Умар разийаллоҳу анҳу вайро дарра бизад, гуфт: «Ё амирулмӯъминин, ин чист?» Гуфт: «Нашунидӣ, ки ин мард чи гуфт?» Умар гуфт: «Тарсидам, ки чизе андар дили ту афтад, он аҷаб хостам, ки дар ту бишиканам».
Ва дигар он, ки чун ба илм ва салоҳ бар вай сано гӯянд, комил шавад андар мустақабал ва гӯяд: ман худ ба камол расидам ва аз ин бувад, ки дар пеши расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам мадҳ карданд, гуфт: «Гардани вай бизадӣ; агар бишунавад, низ фалоҳ накунад». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Агар касе бо корде низ наздики касе шавад, беҳтар аз он бувад, ки андар вай сано гӯяд». Ва Зиёд ибни Аслам гӯяд: ҳар кӣ мадҳ бишунавад, шайтон андар пеши вай ояд ва вайро аз ҷой баргирад, валекин мӯъмин хештаншинос бувад ва тавозӯъ кунад.
Аммо агар ҷои ин шаш офат набошад, мадҳ кардан некӯ бувад ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар саҳоба сано гуфтааст, гуфт: «Ё Умар, агар маро ба халқ нафиристодандӣ, туро фиристондандӣ». Ва гуфт: «Агар имони ҷумлаи олам ба имони Абӯбакр муқобила кунанд, имони вай зиёдат ояд». Ва амсоли ин: ки донист, ки эшонро зиёне надорад.
Ва аммо сано гуфтан бар хештан мазмум аст ва зишт бувад ва Ҳақ таъоло наҳй кардааст ва гуфтааст: «Фало тазакку анфусакум»4, аммо агар касе муқтадо бувад ва ҳоли хеш таъриф кунад, то эшон тавфиқи қудуват5 ёбанд, раво бувад, чунон ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт:
«Ано саййидун валаду Одама ва ло фахра»6, яъне ки бад-ин сиёдат фахр накунам, ки бад-он фахр кунам, ки маро ин дод ва барои он гуфт, то ҳама
1 Вой бар ту.
2 Касеро ба покӣ ёд кардан.
3 Бузурги қабилаи рабиъа.
4 Худро ба покӣ наситоед.
5 Пайравӣ кардан.
6 Ман хоҷаи зодагони Одамам ва бад-ин фахр намекунам.
мутобиати вай кунанд. Юсуф алайҳиссалом гуфт: «Иҷъални ъало хазойини-л-арзи инни ҳафизун алимун»1
.
– ФАСЛ –
Бар мамдӯҳ чӣ чизҳо лозим аст
Чун касеро мадҳ кунанд бояд, ки аз уҷб ва аз кибр ҳазар кунад ва аз хатари хотимат биандешад, ки он ҳеч кас надонад ва ҳар кӣ аз дӯзах нараҳад, сагу хук аз вай фозилтар ва ҳеч кас ин надонад, ки растааст ва бояд ки бозандешад, ки агар модеҳҷумлаи асрори вай бидонад, мадҳи вай нагӯяд, ба шукр машғул бошад, ки Ҳақ таъоло ботини вай бар вай бипӯшид ва бояд ки кароҳият изҳор кунад, чун санои вай гӯяд ва ба дил низ кореҳ бошад.
Якеро аз бузургон сано гуфтанд, гуфт: «Бор Худоё, эшон ҳаменамедонанд ва ту ҳамедонӣ; ва дигареро мадҳ гуфтанд, гуфт: «Бор Худоё, ин мард ба ман тақарруб ҳамекунад, ба чизе, ки душман дорӣ, туро гувоҳ гирифтам, ки ба ту тақарруб мекунам ба душмании вай. Ва Алиро разийаллоҳу анҳу сано гуфтанд, гуфт: «Ё раб, маро магир бад-он чи ҳамегӯянд аз санои ман бад-он чи ҳаменадонанд ва маро беҳтар аз он кун, ки эшон ҳамепиндоранд. Ва яке Али разийаллоҳу анҳу дӯст надошт:
бар вай сано гуфт ба нифоқ, гуфт: «Ман камтар аз онам, ки бар забон дорӣ ва бештар аз онам, ки ба дил дорӣ».
АСЛИ ЧАҲОРУМ
Андар хашму ҳиқд ва ҳасад ва илоҷи он Бидон, ки хашм чун ғолиб бувад, сифате мазмум аст ва асли вай аз оташ аст, ки захми вай бар дил бувад ва насаби он бо шайтон аст, чунон ки гуфт: «Халақтани мин норин ва халақтаҳу мин тинин»2 ва кори оташ ҳаракат аст ва ором ногирифтан ва кори гил сакинат ва ором ва ҳар киро хашм бар вай ғолиб аст, насаби вай бо шайтон зоҳиртар аз он аст, ки бо Одам ва аз он бувад, ки Ибни Умар расулро алайҳиссалом ки: он чи чиз аст, ки маро аз хашми Худои таъоло дур кунад? Гуфт: «Он, ки хашмнок
1 Худоё, маро бар ганҷҳои замин мусаллат фармо, ки ман нигаҳбони доноӣ ҳастам.
2 Маро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз гил. Қуръон, қиссаи офариниши одам ва гуфтори шайтон дар баробари фармони саҷда ба Одам.
шавӣ; расулро алайҳиссалом, гуфт: «Маро коре фармо мухтасар ва умедвор», гуфт: «Хашмгин машав» ва ҳарчанд пурсид ҳамин ва расул гуфт алайҳиссалом: «Хашм имонро ҳамчунон табоҳ кунад, ки олу ангубинро». Ва Исо бо Яҳё — ъалайҳимуссалом гуфт: «Хашмгин машав».
Гуфт: «Натавонам, ки ман хашмгин нашавам». Гуфт: «Мол ҷамъ макун.
Гуфт: «Ин тавонам».
Ва бидон, ки чун холӣ шудан аз хашм мумкин нест, фурӯ хӯрдани хашм муҳим аст, қолаллоҳу таъоло «Ва-л-козимина-л-ғайзи ва-л-ъофина ъанин-носи» сано гуфт бар касоне, ки хашм фурӯ хӯрданд ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣ хашм фурӯ гирад, Ҳақ таъоло азоби худ аз вай фурӯ гирад ва ҳар гаҳ аз Ҳақ таъоло узр хоҳад, бипазирад ва ҳар кӣ забон нигоҳ дорад, Ҳақ таъоло аврат бар вай бипӯшад ва гуфт расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Ҳар кӣ хашм натавонад ронд ва фурӯ хӯрд, эзад субҳонаҳу ва таъоло рӯзи қиёмат дили вай аз ризои худ пур кунад».
Ва гуфт: «Дӯзахро даре аст, ки ҳеч кас бад-он дар андар нашавад, илло касе, ки хашми худ бар хилофи шаръ биронад». Ва гуфт: «Ҳеч ҷуръа, ки банда фурӯ хӯрад, назди Ҳақ таъоло дӯсттар аз ҷуръаи хашм нест ва ҳеч банда он фурӯ нахӯрад, илло ки Ҳақ таъоло дили вай бо имон пур кунад».
Ва Фузайли Айёз ва Суфиёни Саврӣ ва ҷамъе аз ин тоифа — раҳматуллоҳи алайҳим аҷмаъин иттифоқ кардаанд, ки: ҳеч кор нест фозилтар аз ҳилм дар вақти хашм ва сабр ба вақти рондани интиқом. Ва яке бо Умари Абдулазиз — раҳматуллоҳи алайҳи дурушт гуфт, вай сар андар пеш афганд ва гуфт: «Хостӣ, ки маро ба хашм оварӣ ва шайтон маро ба такаббуру салтанат аз ҷой баргирад, то имрӯз ман бо ту хашме ронам, то фардо ту мукофоти он аз ман биронӣ?! Ин набувад ҳаргиз: ва хомӯш буд яке аз анбиё — салавотуллоҳу алайҳим аҷмаъин — гуфт:
«Кист, ки аз ман дур пазирад ва кафолат кунад, ки хашмгин нашавад ва паси марги ман, ки бимирам, халифати ман бошад ва андар биҳишт бо ман баробар бошад? Яке гуфт: «Ман кафолат кардам ва пазируфтам»

пешина
аз 176
навбатӣ