Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

ки бар вай истихфоф кунанд».
Ва бидон, ки бар масхара хандидан ва бар касе, ки аз он ранҷур нашавад, ҳаром набувад ва аз ҷумлаи мазоҳ бошад: ҳаром он вақт бувад, ки касе ранҷур хоҳад шуд.
Офати даҳум
Ваъдаи дурӯғ аст
Расул алайҳиссалом ҳамегӯяд: «Се чиз аст, ки ҳар кӣ андар вай аз он се яке бувад, мунофиқ бувад, агарчи намоз кунад ва рӯза дорад: чун сухан гӯяд, дурӯғ гӯяд ва чун ваъда диҳад, хилоф кунад ва чун амонат ба вай диҳанд, хиёнат кунад». Ва гуфт: «Ваъда воме аст, хилоф нашояд кард».
Ҳақ таъоло бар Исмоил алайҳиссалом сано кард, ки вай содиқулваъд буд ва гӯянд: як роҳ ваъда кард ҷое ва он кас наёмад, вай биншаст ва ду рӯз интизор ҳамекард, вайро то бувад, ки ваъда вафо кунад. Ва яке ҳамегӯяд: бар расул алайҳиссалом байъат кардам ва ваъда кардам, ки бо фулон ҷо оям ва фаромӯш кардам, саввум рӯз шудам, вай он ҷо буда, гуфт: «эй ҷавонмард, аз се рӯз боз интизори ту мекунам. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам якеро ваъда дода буд, ки чун биёӣ, ҳоҷате, ки дорӣ, раво кунам, андар он вақт, ки ғанимати Хайбар қисмат ҳамекарданд, биёмад ва гуфт: «Ваъдаи ман ё расулуллоҳ», гуфт: «Ҳукм кун, ҳар чӣ ту хоҳӣ». Ҳаштод гӯспанд хост, ба вай дод, гуфт: «Сахт андак ҳукм кардӣ, он зан, ки Мӯсо алайҳиссаломро нишон дод, то устухони Юсуфро алайҳиссалом бозёфт ва ваъда кард, ки ҳоҷати ту раво кунам, ҳукм беҳтар аз ту кард ва беш аз ту хост, ки Мӯсо алайҳиссалом гуфт: «Чӣ хоҳӣ? Гуфт: «Он, ки ҷавонӣ ба ман диҳанд ва бо ту баҳам андар биҳишт бошем, он гоҳ кори ин мард масале шуд, андар араб, ки гуфтандӣ: фулон осонгиртар аст аз худованди ҳаштод гӯспанд».
Ва бидон, ки то тавонӣ ваъдаи ҷазм набояд дод; расул саллаллоҳу алайҳиссалом — гуфтӣ: «Асо — бук1 тавонам кард». Ва чун ваъда додӣ, то тавонӣ хилоф набояд кард, ҷуз ба зарурате ва чун касеро ҷое ваъда кардӣ, уламо гуфтаанд: то вақти намозе андар ояд, он ҷо ҳам бояд будан.
Ва бидон, ки чизе, ки ба касе диҳанд, зишттар аз бозситадан, ваъда ба хилоф кардан аст ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам он касро монанд кардааст ба саге, ки қай кунад ва боз бихӯрад.
Офати ёздаҳум
1 Мухаффафи «буд ки» шояд.
Сухани ба дурӯғ ва савганди ба дурӯғ Ва ин аз гуноҳони бузург аст ва расул — ъалайҳи салоту вассалом — гуфт: «Дурӯғ бобе аст аз абвоби нифоқ». Ва гуфт расул алайҳиссалом:
«Банда як-як дурӯғ мегӯяд, то он гоҳ, ки вайро назди Худои таъоло дурӯғзан бинависанд». Ва гуфт: «Дурӯғ рӯзе бикоҳад». Ва гуфт: «Туҷҷор фуҷоранд», яъне бозаргонон нобакоранд, гуфтанд, чаро ва байъу шаро ҳалол аст? Гуфт: «Аз он, ки савганд хӯранд ва базаҳкор шаванд ва сухан гӯянду дурӯғ гӯянд». Ва гуфт: «Вой бар касе, ки дурӯғ гӯяд, то мардумон биханданд, вой бар вай, вой бар вай». Ва гуфт: «Марде маро гуфт:
«Бархез», бархостам, ду мардро дидам: яке бар пой ва яке нишаста, он ки бар пой буд, оҳане саркаж андар даҳони ин нишаста афканда ва як гӯшаи даҳони вай бикашидӣ, то ба сари дӯши вай бирасидӣ, пас ҷониби дигар бикашидӣ, ҳамчунон ва ҷониби пешин боз ҷой шудӣ ва ҳамчунон ҳамекард, гуфтанд: дурӯғзане аст, ҳам ин азоб мекунанд вайро, то рӯзи қиёмат».
Абдуллоҳ ибни Ҷаррод, расулро гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам:
мӯъмин зино кунад? Гуфт: «Бошад, ки кунад, гуфт: «Дурӯғ гӯяд?» Гуфт — не ва ин оят бархонд — «Иннамо йафтари-л-кизба-л-лазина ло йуъминуна — дурӯғ касоне гӯянд, ки имон надоранд». Абдуллоҳ ибни Омир ҳамегӯяд, ки кӯдаке хурд ба бозӣ мерафт, гуфтам: биё то чизе диҳам ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам андар хонаи мо буд, гуфт:
«Чӣ хостӣ дод? Гуфтам: хурмо. Гуфт: «Агар надодӣ, дурӯғе бар ту навиштандӣ». Ва гуфт: «Хабар диҳам шуморо, ки бузургтарин кабир чист»? — Ширк аст ва уқуқи модару падар ва такя зада буд, он гоҳ рост бинишаст ва гуфт: «Ало ва қавлуззури — сухан дурӯғ нест». Ва гуфт расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Бандае, ки дурӯғ гӯяд, фаришта аз ганди он ба як мил дур шавад». Ва аз ин гуфтаанд, ки: «Атса дар вақти сухангӯӣ бошад бар ростӣ, ки андар хабар аст, ки: атса аз фариштааст ва осо кашидан аз шайтон ва агар сухан дурӯғ будӣ, фаришта ҳозир набудӣ ва атса наёмадӣ». Ва гуфт: «Ҳар кӣ дурӯғ гӯяд андар ҳикоят, як дурӯғзан вай аст». Ва гуфт: «Ҳар кӣ ба савганди дурӯғ моли касе бибарад, Худойро бинад рӯзи қиёмат, ки ба хашм бошад бар вай». Ва гуфт: «Ҳама хислате мумкин бувад дар мӯъмин, магар хиёнат ва дурӯғ».
Ва Маймун ибни Абишабиб ҳамегӯяд, ки: номае менавиштам, калимае фароз омад, ки агар нанавиштаме, нома ороста нашудӣ, валекин дурӯғ буд, пас азм кардам, ки нанависам, мунодӣ шунидам, ки гуфт:
«Йусаббитуллоҳу-л-лазина оману би-л-қавли фи-л-ҳаёти-д-дунё ва фи-лохирати»1. Ибни Саммок ҳамегӯяд: маро бар дурӯғ нагуфтан музде набошад, ки худ нанг дорам аз он, ки дурӯғ гӯям.
– ФАСЛ –
(Дурӯғи маслиҳатомез)
Бидон, ки дурӯғ аз он ҳаром аст, ки дар дил асар кунад ва сурати дил кадару торик кунад, валекин агар бад-он ҳоҷат афтад ва бар қасди маслиҳат гӯяд ва онро кореҳ бувад, ҳаром набувад: барои он ки чун кореҳ бошад, дил аз вай асар напазирад ва чун бар қасди хайр гӯяд, дил торик нашавад. Ва шак нест, ки чун мусулмоне аз золиме бигурезад, нашояд, ки рост бигӯяд, ки куҷост, балки дурӯғ ин ҷо воҷиб бувад.
Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам андар дурӯғ рухсат додааст, се ҷой: яке андар ҳарб, ки азми хеш бо хасм натавон гуфт; ва яке чун миёни ду тан сулҳ кунӣ, сухани некӯ гӯӣ, аз ҳар яке фаро дигар, агарчи вай нагуфта бошад; ва дигар ҳар, ки ду зан дорад, фаро ҳар яке гӯяд, туро дӯст дорам. Пас, бидон, ки агар золиме аз моли дигаре бипурсад, раво бувад, ки пинҳон дорад ва агар сири дигаре бипурсанд, инкор кунад, раво бошад: ки шаръ фармудааст, ки корҳо зишт бипӯшад ва чун зан тоат надорад, илло ба ваъда, раво бувад, ки ваъда диҳад, агарчи қодир набувад бад-он ва амсоли ин раво бувад ва ҳадди ин он аст, ки дурӯғ ногуфтанӣ аст, валекин чун аз рост низ чизе таваллуд кунад, ки маҳзур2 бувад, бояд ки андар тарозуи адл ва инсоф бисанҷад: агар нобудани он чиз андар шаръ мақсудтар аст аз нобудани дурӯғ, чун ҷанг миёни мардумон ва ваҳшат миёни зану шавҳар ва зоеъ шудани мол ва ошкоро шудани сирр ва фазиҳат шудани маъсият, он гоҳ дурӯғ мубоҳ гардад, ки шарри он корҳо аз шарри дурӯғ бештар аст ва ин ҳамчунон аст, ки мурдор ҳалол шавад аз бими ҷон: ки бимондани ҷон андар шаръ муқсудтар аст аз нохӯрдани мурдор; аммо ҳар чӣ на чунин бувад, дурӯғ бад-он мубоҳ нагардад. Пас, ҳар дурӯғ, ки касе гӯяд, барои зиёдати молу ҷоҳ, андар лоф задани хеш ва сутудани дараҷаи ҳишмати хеш ҳикоят кардан, ин ҳама ҳаром аст.
Ва Асмоъ разийаллоҳу анҳо гӯяд, ки: зане аз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид, ки ман аз шавҳари хеш муроъоте ҳикоят кунам, ки набошад, то вашнии3 маро хашм ояд, раво бошад? Гуфт: «Ҳар кӣ чизе бар
1 Устувор медорад Худо мӯъминонро дар гуфтор, дар дунё ва дар охират.
2 Бало ва офате, ки парҳез аз он зарурат дорад.
3 Ҳаву ва ду ё чанд зан, ки як шавҳар доранд.
хештан бандад, ки он набошад, чун касе бошад, ки дараҷаи тазвир бар ҳам пӯшад, яъне: ҳам дурӯғ гуфта бошад ва ҳам касеро андар ғалату ҷаҳл афканда бошад, то бувад, ки вай низ ҳикоят кунад ва дурӯғ бошад.
Ва бидон, ки кӯдакро ваъда додан, то ба дабиристон шавад, раво бувад, агарчи дурӯғ бувад ва дар хабар аст, ки: он бинависанд, валекин он чи мубоҳ бувад низ бинависанд, то чун вайро гӯянд, чаро гуфтӣ, ғаразе дуруст фаро намояд, ки бад-он дурӯғ мубоҳ бувад.
Ва бидон, ки касе, ки хабаре ривоят кунад, ё масъала бипурсанд, ҷавоб боздиҳад, ки ба ҳақиқат надонад, ин ҳаром бувад: ки аз он кунад, то ҳишматро зиён надорад ва гурӯҳе раво доштаанд, ки ахбор диҳанд аз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам андар фармудани хайрот ва савоби он, он низ ҳаром аст: ки расул алайҳиссалом ҳамегӯяд: «Ҳар кӣ бар ман дурӯғ гӯяд, гӯҷои хеш бигир андар дӯзах» ва худи дурӯғҷуз ба ғаразе дар аст, ки андар шаръ мақсуд бувад, нашояд ва он ба гумон тавон донист, на ба яқин, авлотар он бувад, ки то яқине зоҳир набувад ва зарурате тамом, дурӯғ нагӯяд.
– ФАСЛ –
(Ҳилатҳои писандида ва нописандида дар дурӯғ гуфтан) Бидон, ки чун бузургонро ҳоҷат афтодааст ба дурӯғ, ҳилат кардаанд ва ба алфози рост талаб кардаанд, чунон ки он кас чизе дигар фаҳм кунад, ки мақсуд бувад ва онро маъориз гӯянд, чунон ки Матраф андар пеши амире шуд, вай гуфт: «Чаро камтар ҳамеоӣ? Гуфт: «То аз наздики амир шудаам, паҳлӯ аз замин барнагирифтаам, илло он чи Ҳақ таъоло нерӯ додааст, то вай пиндорад, ки бемор будааст ва он сухан рост буд. Ва Шаъбиро, чун касе талаб кардӣ бар дари сарой, канизакро гуфтӣ, то доирае бикашидӣ ва он канизак пой андар миён ниҳодӣ ва гуфтӣ, ки андар ин ҷо нест ва ё гуфтӣ, ки андар масҷид талаб кун ва Муоз чун аз амал бозомадӣ, зани вайро гуфтӣ: чандин амал бикардӣ, моро чи овардӣ? Гуфтӣ: нигоҳбоне бо ман буд, ҳеч чиз натавонистам овардан — яъне Ҳақ таъоло — ва зан пиндоштӣ, ки бо вай Умар разийаллоҳу анҳу мушрифе1 фиристода буд, он зан ба хонаи Умар шуд ва итоб кард, ки: Муоз амин буд, ба назди расул алайҳиссалом ва ба наздики Абӯбакр разийаллоҳу анҳу чаро бо вай мушриф фиристодӣ? Умар Муозро бихонд ва қисса пурсид, чун бигуфт, бихандид ва чизе ба вай дод, то ба он зан диҳад.
Ва бидон, ки ин низ он вақт раво бувад, ки ҳоҷат бошад, чун ҳоҷат
1 Нигоҳбон, муроқиб.
набувад, мардумонро андар ғалат афкандан раво набувад, агарчи лафз рост бошад.
Абдуллоҳ ибни Утба — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд: бо падар ба ҳам андар наздики Умари Абдулазиз шудам, чун берун омадам, ҷомаи некӯ доштам, мардумон гуфтанд, ки хилъати амирулмӯъминин аст, гуфтам: Ҳақ таъоло амирулмӯъмининро ҷазои хайр диҳод, падар маро гуфт: «Зинҳор, эй писар дурӯғ магӯ, монанди дурӯғ низ магӯ, яъне ин монанди дурӯғ аст; аммо ба ғараз ин андак мубоҳ шавад, чун тибат кардан ва дили касе хуш кардан, чунон ки расул алайҳиссалом гуфт: «Пирзан андар биҳишт нашавад ва туро бар баччаи шутур нишонам ва андар чашми шавҳари ту сапедӣ аст; аммо агар андар вай зараре бошад, раво набувад: чунон ки касеро андар ҷувол кунад1, чунон ки гӯяд, зане андар ту рағбат кардааст, то вай дил бар он биниҳад ва амсоли ин, аммо агар зараре набувад ва барои мазоҳ дурӯғе бигӯяд, ба дараҷаи маъсият нарасад, валекин аз дараҷаи камоли имон биафтад, ки расул алайҳиссалом ҳамегӯяд: «Имон мардумро тамом нашавад, то он гоҳ, ки халқро он писандад, ки худро ва аз мазоҳи дурӯғ даст бидорад», аз ин ҷинс бошад он, ки бисёре гӯянд, барои дилхуширо: сад бор туро талаб кардам ва ба хона омадам, ин ба дараҷаи ҳаромӣ нарасад: ки донад, ки аз ин тақдир адад набошад, аммо агар бисёр талаб накарда бошад, дурӯғ бувад ва ин ки одат буд, ки гӯянд, ки чизе бихӯр, гӯяд намебоядам, ин нашояд: чун шаҳват андар вай бувад. Ва расул алайҳиссалом қадаҳе шир бо занон дод, шаби арӯсии Оиша разийаллоҳу анҳо гуфтанд: моро ҳаменабояд, гуфт: «Дурӯғ ва гуруснагӣ ба ҳам ҷамъ макунед», гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, ин миқдор дурӯғ бувад ва дурӯғ нависанд?» Гуфт: «Дурӯғаке нависанд, ки дурӯғаке аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё