Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва бидон, ки чунон ки ҳадиси мубошират ба киноят бояд гуфт, то фуҳш набувад, дар ҳар чӣ зишт бувад, ҳам ишорат бояд кард ва сареҳ набояд гуфт ва номи занон сареҳ набояд гуфт, балки «пардагиён» бояд гуфт ва касеро, ки иллате бувад зишт чун бавосир ва барас ва ғайри он «беморӣ»
бояд гуфт ва адаб андар чунин алфоз нигоҳ бояд дошт: ки ин навъе аст аз фуҳш.
Офати шашум
Лаънат кардан аст
Бидон, ки лаънат кардан мазмум аст, бар сутур ва мардум ва ҷома ва ҳар чӣ бувад. Расул алайҳиссалом мегӯяд: «Мӯъмин лаънат накунад».
Зане андар сафар буд бо расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам уштуреро лаънат кард, расул гуфт алайҳиссалом: «Он шутурро бараҳна кунед ва берун кунед аз қофила, ки малъун аст», муддате он шутур ҳамегардид, ҳеч кас гирди вай нагашт. Бӯдардо ҳамегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Ҳар гоҳ, ки одамӣ, замин ё чизеро лаънат кунад, он чиз гӯяд, лаънат бар он бод, ки андар Ҳақ таъоло оситар аст аз мо ҳар ду». Як рӯз Абӯбакри Сиддиқ разийаллоҳу анҳу чизеро лаънат кард, расул алайҳиссалом бишунид, гуфт: «Ё Абӯбакр, сиддиқ ва лаънат, сиддиқ ва лаънат?! Ловарб ал-Каъба гуфт: «Тавба кардам, тавба кардам ва бандае озод кард каффорати онро.
Ва бидон, ки лаънат нашояд кард мардумонро, илло бар ҷумла касоне, ки мазмуманд, чунон ки гӯяд: лаънат бар золимону фосиқон ва мубтадеъон бодо; аммо гуфтани лаънат бар муътазилӣ ва гиромӣ бод, андар ин хатаре бошад ва аз ин фасоде таваллуд кунад, аз ин ҳазар бояд кард, магар он ки андар шаръ лафзи лаънат омада бошад, бар эшон. Ва андар хабаре дуруст бошад; аммо шахсеро гуфт, ки лаънат бар ту бод ё бар фулон бод, ин касеро раво бошад, ки донад, ки бар куфр мурдааст, чун Фиръавн ва Бӯҷаҳл. Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам қавмеро ном бурду лаънат кард, ки донист, ки эшон мусулмон нахоҳанд шуд; аммо ҷуҳудеро гуфт масалан, ки лаънат бар ту бод, андар ин хатаре бувад: ки бошад, ки мусулмон шавад пеш аз марг ва аз аҳли биҳишт бувад ва бошад, ки аз ин кас беҳтар шавад. Ва агар касе гӯяд, ки мусулмонро гӯем, ки раҳмат бар ту бод, агарчи мумкин аст, ки муртад шавад ва бимирад, валекин мо андар ҳол бигӯем, кофирро низ лаънат бикунем, ки кофир аст, андар вақт ин хато бувад: ки маънии раҳмат аст, ки Худои таъоло вайро бар кофирӣ бидород: пас бад-ин лаънат набояд кард. Ва агар касе гӯяд: лаънат бар Язид, раво бошад ё на? Гӯем ин қадар раво бошад, ки гӯӣ: лаънат бар кушандаи Ҳусайн бод, агар бимурд пеш аз тавба, ки куштан аз куфр беш набувад ва чун тавба кунад, лаънат нашояд кард, ки:
ВаҳшӣҲамзаро бикушт ва мусулмон шуд ва лаънат аз вай биафтод, аммо ҳоли Язид худ маълум нест, ки вай кушт ё на: гурӯҳе гуфтанд, ки фармуд ва гурӯҳе гуфтанд, ки нафармуд, валекин розӣ буд ва нашояд касеро ба тӯҳмати маъсият лаънат кардан, ки ин худ хиёнате бувад ва андар ин рӯзгор бисёре бузургонро бикуштанд, ки ҳеч кас надонист ба ҳақиқат, ки фармуд, баъд аз чаҳорсад солу анд ҳақиқати он чун шиносанд? Ва Ҳақ таъоло халқро аз ин фузул ва аз ин хатар мустағнӣ бикардааст, ки агар касе андар ҳама умр иблисро лаънат накунад, ӯро дар қиёмат нагӯянд, ки чаро лаънат накардӣ, аммо агар лаънат кунад, бар касе андар хатар суол бувад, то чаро гуфт ва чаро кард!
Яке аз бузургон ҳамегӯяд, ки: андар саҳифаи ман калимаи ло илоҳа иллаллоҳ барояд ё лаънати касе андар қиёмат, калимаи ло илоҳа иллаллоҳ дӯсттар дорам, ки барояд. Ва яке расулро гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: маро васият кун, гуфт: «Лаънат макун». Ва гуфтаанд:
«Лаънати мӯъмин бо куштани вай баробар бувад». Ва гурӯҳе гуфтаанд, ки ин хабар аст: пас ба тасбеҳ машғул будан, авлотар аз он, ки ба лаънати иблис, то ба дигаре чӣ расад. Ва ҳар кӣ касеро лаънат кунад ва бо хештан гӯяд, ки: ин аз салобати дин аст, аз ғурури шайтон бошад ва бештар он бошад, ки таассуб ва ҳаво бошад.
Офати ҳафтум
Шеър аст ва суруд
Ва андар китоби «Самоъ» шарҳ кардем, ки ин ҳаром нест: ки андар пеши расул шеър хондаанд ва Ҳассонро фармуд, то кофиронро ҷавоб диҳад аз ҳиҷои эшон? Аммо он чи дурӯғ бувад ё ҳиҷои мусулмонӣ бошад ё дурӯғе бувад, андар мадҳ, он нашояд! Аммо он чи бар сабили ташбеҳ гӯянд, ки он санъати шеър бувад — агарчи сурат дурӯғ бувад, ҳаром набошад: ки мақсуд аз он на он бувад, ки он эътиқод кунанд, ки инчунин шеър ба тозӣ пеши расул алайҳиссалом хондаанд.
Офати ҳаштум
Мазоҳ аст
Ва наҳй кардааст расул алайҳиссалом аз мазоҳ кардан бар ҷумла, валекин андаке аз вай гоҳ гоҳ мубоҳ аст ва шарти некхӯӣ аст, ба шарти он, ки ба одат ва пеша нагирад ва ҷуз ҳақ нагӯяд, ки мазоҳ бисёр рӯзгор зоеъ кунад ва хандаи бисёр оварад ва дил аз хандаи бисёр сиёҳ шавад ва низ ҳайбату виқори мард бибарад ва бошад, ки низ аз вай ваҳшат хезад. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гӯяд: «Ман мазоҳ гӯям, валекин ҳақ гӯям». Ва гуфт: «Касе сухане бигӯяд, то мардумон биханданд, вай аз дараҷаи хеш фурӯ афтад, беш аз он, ки аз сурайё то ба замин». Ва ҳар чӣ хандае бисёр оварад, мазмум аст ва ханда беш аз табассум набояд. Ва расул гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Агар он, ки ман донам, шумо бидонед, андак хандед ва бисёр гирйед». Ва яке дигарро гуфт:
«Надонистаӣ, ки лобуд ба дӯзах гузар хоҳад буд, ки Ҳақ таъоло ҳамегӯяд:
«Ва ин минкум илло воридуҳо кона ало раббика ҳатман мақзийан». Гуфт:
«Донӣ, ки боз берун хоҳӣ омадан?» Гуфт: «На», гуфт: «Пас ханда чист ва чи ҷои ханда аст?!
Ва Атои Суламӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — дар чиҳил сол нахандид.
Ваҳб ибну-л-Вуруд қавмеро дид, ки рӯзи иди рамазон механдиданд, гуфт:
«Агар ин қавмро биёмурзиданд ва рӯза қабул карданд, ин на феъли шокирон аст ва агар қабул накардаанд, ин на феъли хоифон аст. Ва Аббос разийаллоҳу анҳумо — гуфт: «Ҳар кӣ гуноҳ кунад ва ҳамехандад, андар дӯзах шавад ва бигиряд. Ва Муҳаммад ибни Восеъ, гуфт: «Агар касе андар биҳишт ҳамегиряд, аҷаб бошад?» Гуфтанд: бошад, гуфт: «Пас касе, ки андар дунё бихандад ва надонад, ки ҷои вай дӯзах аст ё биҳишт, аҷибтар бошад!»
Ва дар хабар аст, ки: аъробие бар шутур нишаст, то наздик шавад ба расул алайҳиссалом то расад вайро, ҳарчанд қасд ҳамекард, шутур бозпас меҷаст ва асҳоб ҳамехандиданд ва шутур вайро биафканд ва бимурд, асҳоб гуфтанд: ё расулуллоҳ, он мард бияфтод ва ҳалок шуд, гуфт: «Оре ва даҳони шумо аз хуни вай пур аст»: яъне ки бар вай хандидед ва Умар ибни Абдулазиз — раҳматуллоҳи алайҳи — гуфт: «Аз Ҳақ таъоло битарсед ва мазоҳ макунед, ки кин дар дилҳо падид ояд ва корҳои зишт аз вай таваллуд кунад; чун бинишинед, андар Қуръон сухан гӯед, агар натавонед, ҳадиси нек аз аҳволи мардон ҳамегӯед». Умар разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд, ки: ҳар кӣ бо касе мазоҳ кунад, андар чашми вай хор ва бе ҳайбат шавад.
Ва андар ҳама умр аз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ду-се калима мазоҳ нақл кардаанд: зане пири аҷузро гуфт, ки: аҷуз андар биҳишт нашавад, он пиразан бигирист, гуфт: «Эй зан, дил машғул мадор, ки пештар бо ҷавонӣ баранд, он гоҳ ба биҳишт баранд» ва зане вайро гуфт:
«Шавҳари ман туро мехонад»: гуфт: «Шавҳари ту он аст, ки андар чашми вай сапедӣ аст?» Гуфт: «На, шавҳари маро чашм сапед нест». Гуфт: «Ҳеч кас нест, ки андар чашми вай сапедӣ набувад» ва зане гуфт: «Маро бар шутур нишон». Гуфт: «Туро бар бачаи шутур нишонам», гуфт: «Нахоҳам, ки маро бияндозад»; гуфт: «Ҳеч шутур набувад, ки на бачаи шутур бувад?» Ва кӯдаке буд Талҳаро, Бӯумайр ном, бунҷишгаке дошт, бимурд, вай мегирист, расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам вайро бидид, гуфт: «Ё Бӯумайр мо фаъала ан-нағир ли-нағир», нағир баччаи бунҷишг буд, гуфт:
«Ё Боумайр, чун шуд кори нағир бо нағир?»
Ва бештари ин мазоҳҳо бо кӯдакон ва пирзанон доштӣ, барои дилхушии эшон, то аз ҳайбати вай нуфур нашавад; ва бо занони хеш ҳамин тибат одат доштӣ дилхушии эшонро. Оиша разийаллоҳу анҳо мегӯяд: Суда ба наздики ман омад ва ман аз шир чизе пухта будам, гуфтам бихӯр, гуфт: «Нахоҳам», гуфтам: «Агар нахӯрӣ дар ту молам», гуфт: «Нахӯрам». Даст фаро кардам ва порае андар вай молидам ва расул миёни мо нишаста буд, зону фаро дошт, то вай низ роҳ ёбад, ки мукофот кунад, вай низ андар рӯи ман молид ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам бихандид.
Заҳҳок ибни Суфён марде буд бағоят зишт, бо расул алайҳиссалом нишаста буд, гуфт: «Ё расулуллоҳ, маро ду зан аст, некӯтар аз ин Оиша, агар хоҳӣ якеро талоқ диҳам, то ту бихоҳӣ» ва ба тибат гуфт, чунон ки Оиша ҳамешунид, Оиша гуфт: «эшон некӯтаранд ё ту?» Гуфт: «Ман», расул алайҳиссалом бихандид, аз гуфтани Оиша, ки он мард сахт зишт буд ва ин пеш аз он буд, ки ояти ҳиҷоби занон фуруд омад. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам Саҳибро разийаллоҳу анҳу — гуфт: «Хурмо ҳамехӯрӣ бо дарди чашм?!» Гуфт: «Бад-он дигар ҳамехӯрам», расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам бихандид. Ва Хуват ибни Ҷабирро разийаллоҳу анҳу ба занон майле будӣ, рӯзе андар роҳи Мака бо қавме занон истода буд, расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид, вай хиҷил шуд, гуфт: «Чӣ мекунӣ?» Гуфт: «Шутуре саркаш дорам, ҳамехоҳам то риштае тобанд ин занон, он шутурро», пас бигузашт, пас аз он вайро дид, гуфт: «Охир он шутури саркаш аз саркашӣ даст бинадошт? Гуфт:
«Шарм доштам ва хомӯш будам ва пас аз он ҳар гоҳ, ки маро бидидӣ, ин бигуфтӣ, то як рӯз ҳамеомадам бар хар нишаста ва ҳар ду пой ба як ҷониби хар карда, гуфт: «Ё фулон, охир хабари он шутури саркаш чист?»
Гуфтам: бад-он Худой, ки туро ба ҳақ фиристод, ки то ислом овардаам, низ саркашӣ накардааст», гуфт: «Аллоҳу акбару, Аллоҳумма иҳдо ё Абдуллоҳи».
Ва Наъимони Ансорӣ мазоҳ бисёр кардӣ ва шароб хӯрдӣ бисёр ва ҳар боре вайро биёвардандӣ ва пеши расул алайҳиссалом вайро бизадандӣ ба наълайн, то як роҳ яке аз саҳоба гуфт: «Лаънатуллоҳ, то чанд хӯрад?»
Расул гуфт: «Лаънат макун вайро, ки вай Худо ва расулро дӯст дорад»; ва вайро одат будӣ, ки ҳар гоҳ, ки дар Мадина навбаре овардандӣ, пеши расул алайҳиссалом овардӣ, ки ин ҳадя аст, он гоҳ чун он кас баҳо хостӣ, вайро ба наздики расул алайҳиссалом овардиву гуфтӣ, эшон хӯрдаанд; талаб кун, расул бихандидиву баҳо бидодӣ, пас расул алайҳиссалом гуфтӣ: чаро овардӣ? Гуфтӣ: «Сим надоштам ва нахостам, ки ҷуз ту дигаре хӯрад, чӣ кунам?»
Ин аст ҳар чӣ андар ҳама умри ӯҳикоят кардаанд аз мутоибот ва андар ин ҳеч чиз на ботил аст ва на мумкин аст, ки ранҷе расад касеро ва на ҳайбат бибарад, инчунин гоҳ гоҳ суннат аст ва ба одат гирифтан раво нест.
Офати нӯҳум
Истеҳзо ва хандидан аст
Истеҳзо ва хандидан бар касе ва сухану феъли вай ҳикоят кардан, ба овози наъти1 вай, чунонки ханда ояд: ва ин чун он кас ранҷур хоҳад шудан, ҳаром аст, ки Ҳақ таъоло ҳамегӯяд: «Ло йасхар қавмун мин қавмин: ъасо ан йакуну хайран минҳум — бар ҳеч кас манигаред ба чашми ҳақорат ва бар ҳеч кас махандед, ки бувад, ки вай худ аз шумо беҳтар бувад». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣ касеро ғайбат кунад ба гуноҳе, ки аз он тавба карда бошад, бинамирад, то бад-он мубтало нашавад». Ва наҳй кардааст, аз он, ки биханданд бад-он, ки аз касе овозе раҳо шавад ва гуфт: «Чаро хандад касе аз чизе, ки худ мисли он кунад?» Ва гуфт: «Касоне, ки истеҳзо кунанд ва бар мардумон биханданд, рӯзи қиёмат дари биҳишт боз кунанд ва вайро гӯянд, биё, чун фаро шавад, дар нагузоранд, чун биравад, боз хонанд ва даре дигар бикушоянд ва вай дар миёни он ғам ва андӯҳ тамаъ ҳамекунад. Чун наздик шавад дар ҳамебанданд, то чунон шавад, ки ҳарчанд хонанд, низ наравад, ки донад,
1 Сифат.

пешина
аз 176
навбатӣ