Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Гуфт: «Ҳаргиз ҳадис макунед, гуфтанд: натавонем. Гуфт: «Пас ҷуз ҳадиси хайр макунед ва расул алайҳиссалом гуфт: «Чун мӯъмине хомӯш ва бо виқор бинед, ба вай наздик гардед, ки вай бе ҳикмат набошад». Ва Исо алайҳиссалом гуфт: «Ибодат даҳ аст: нӯҳ хомӯшӣ аст ва яке гурехтан аз мардумон». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣ бисёрсухан бошад, бисёрсақат бувад ва ҳар кӣ бисёрсақат бувад, бисёргуноҳ бувад ва ҳар кӣ бисёргуноҳ бувад, оташ ба вай авлотар». Ва аз ин бувад, ки Абӯбакр Ассиддиқ разийаллоҳу анҳу санге андар даҳон ниҳода будӣ, то сухан натавонистӣ гуфтан. Ибни Масъуд гӯяд: «Ҳеч чиз ба зиндон авлотар аз забон нест».
Ва Убайд ибни Юнус гӯяд, ки: ҳеч касро надидам, ки гӯш ба забон дошт, ки андар ҳама аъмол вайро бад омад. Ва наздики Муовия сухан мегуфтанд ва Аҳнаф хомӯш буд, гуфтанд: чаро сухан нагӯӣ? Гуфт: «Агар дурӯғ мегӯям, аз Ҳақ метарсам ва агар рост гӯям, аз шумо метарсам».
Рабеъ ибни Хасим — раҳматуллоҳи алайҳи — бист сол ҳадиси дунё накард ва чун ба имдод бархостӣқаламу коғаз биниҳодӣ ва ҳар сухан, ки бигуфтӣ, бар хештан набиштӣ ва шабонгоҳҳисоби он бо хештан бикардӣ.
Ва бидон, ки ин ҳама фазл хомӯширо аз он аст, ки офати забон бисёр аст ва ҳамеша беҳуда фаро сари забон меояд ва гуфтани он хушу осон бувад ва тамиз кардан миёни баду нек душвор шавад; ва ба хомӯшӣ аз вуболи он саломат ёбад ва дилу ҳиммат ҷамъ бошад ва ба тафаккуру зикр бипардозад.
Ва бидон, ки сухан чаҳор қисм аст, яке он аст, ки ҳама зарар аст ва яке он аст, ки дар вай ҳам зарар аст ва ҳам манфиат ва яке он аст, ки дар вай на зарар аст ва на манфиат ва он сухани фузул бувад — ва зарари вай ҳамон кифоят аст, ки рӯзгор зоеъ кунад ва қисми чаҳорум он аст, ки манфиати маҳз аст. Пас, се рубъ аз сухан ногуфтанӣ аст ва чаҳоряке гуфтанӣ ва он он аст, ки гуфт: «Илло ман амара бисадақатин ав маъруфин ав ислоҳин байна-н–носи». Ва ҳақиқати ин сухан, ки расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар кӣ хомӯш буд, саломат ёфт», ин аст ва ин бинашносӣ, то офати забон бинадонӣ — ва он понздаҳ офат аст, ки як як бигӯем.
(Офатҳои забон)
Офати аввал
Он, ки сухане гӯӣ, ки аз он мустағнӣ бошӣ, ки агар нагӯӣ, ҳеч зарар набувад бар ту андар дину дунё ва бидон аз ҳусни ислом берун шуда бошӣ, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд: «Мин ҳусни исломил-маръи тарку мо ло йуъниҳи», «Ҳар чӣ аз он ҳамегурезад, даст бидоштани он аз ҳусни ислом аст». Ва масали ин сухан чунон бувад, ки бо қавме нишинӣ ва ҳикояти сафар кунӣ ва ҳадиси боғу бӯстон ва кӯҳ кунӣ ва аҳволе, ки гузашта бошад, чунон ки зиёдат ва нуқсон ба вай роҳ наёбад
— ин ҳама фузул бувад ва аз он гузир бошад, ки агар некӯӣҳеҷ зарар набувад; ва ҳамчунин, агар касеро бинӣ, ки аз вай чизе пурсӣ, ки туро бо он коре набувад ва ин он вақт бувад, ки офате набувад андар суол, аммо агар пурсӣ, ки рӯза дорӣ? Масалан, агар рост гӯяд, ибодат изҳор карда бошад ва агар дурӯғ гӯяд, базаҳкор шавад ва сабаб ту буда бошӣ ва ин худ ношоист бувад ва ҳамчунин, агар бипурсӣ, ки аз куҷо ҳамеоӣ ва чӣ мекуниву чӣ мекардӣ? Бувад, ки ошкоро натвонад гуфт ва андар дурӯғе афтад — ва ин худ ботил бувад — ва фузул он бувад, ки андар вай ҳеч ботил набувад.
Ва гӯянд — Лақман як сол пеши Довуд ҳамешуд алайҳиссалом ва вай зиреҳҳамекард, Лақман ҳамехост, ки бипурсад ва бидонад, ки чист, аз вай напурсид, то тамом кард, андар пӯшид ва гуфт: «Ин нек ҷомае аст ҳарбро». Луқман бишинохт ва гуфт: «Хомӯшӣҳикмат аст, валекин касеро андар вай рағбат нест».
Ва сабаби чунин суол он бошад, ки хоҳад аҳволи мардумон ё роҳи сухан кушода шавад, бо касе, то дӯстиро изҳор кунад ва илоҷи ин он аст, ки бидонад, ки марг фаро пеши вай аст ва наздик аст ва ҳар тасбеҳеву зикре, ки бикунад, ганҷе бувад, ки бинҳода бувад; чун зоеъ кунад, зиён карда бувад. Ва илоҷи амалӣ он аст, ки ё узлат гирад ё санге андар даҳон ниҳад.
Ва андар хабар аст, ки рӯзи ҳарби Уҳуд барное шаҳид шуд, вайро ёфтанд, санге бар шикам баста аз гуруснагӣ, модар хок аз вай боз карду гуфт: «— «Ҳаниъан лака-л-ҷаннату — хушат бод биҳишт». Расул гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Чи донӣ? Бошад, ки бахилӣ карда бошад, ба чизе, ки вайро ба кор намеомад ё сухане гуфта бошад, андар чизе, ки вайро боз он кор набуда бошад ва маънии ин он аст, ки ҳисоби вай аз вай талаб кунанд ва хушу ҳанӣ он бошад, ки андар вай ранҷу ҳисоб набошад».
Ва як рӯз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Ин соат марде аз аҳли биҳишт дарояд». Пас, Абдуллоҳ ибни Салом даромад, вайро хабар доданд ва бипурсиданд, ки: «Амали ту чист?» Гуфт: «Амали ман андак аст, валекин ҳар чӣ маро боз он кор набувад, гирди он нагардам ва бад ба мардумон нахоҳам».
Ва бидон, ки ҳар чӣ ба як калима бо касе битавон гуфт, чун дароз бикунӣ ва ба ду калима кунӣ, он ду калима фузул бувад ва бар ту вубол бувад. Ва яке аз саҳоба ҳамегӯяд, ки — кас бошад, ки бо ман сухан гӯяд, ки ҷавоби он ба наздики ман хуштар бошад, ки оби сард ба наздики ташна ва ҷавоб надиҳам, аз бими он, ки фузулӣ бувад. Матраф ибни Абдуллоҳ
— раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд, бояд ки ҷалоли Ҳақ таъоло андар дили шумо зиёдтар аз он бувад, ки номи вай баред дар ҳар сухан, чунон ки сутуру гурбаро гӯед, Худоят чунину чунон кунод. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Хунук он кас, ки сухани зиёдатӣ дар боқӣ кард ва моли зиёдатӣ бидод, яъне ки банд аз киса баргирифт ва бар сари забон ниҳод». Ва гуфт: «Ҳеч надоданд одамиро батар аз забони дароз».
Ва бидон, ки ҳар чӣ ту мегӯӣ, бар ту менависанд: «Мо йалфизу мин қавлин илло ладайҳи рақибун ъатидун». Агар чунон будӣ, ки фариштагон ройгон нанавиштанд ва андар ҳоли навиштан музд хостандӣ, аз бими он аз даҳ бо яке кардандӣ ва зиёни зоеъ шудани вақт дар бисёр гуфтан бештар аз зиёни уҷрат аст, агар аз ту бихостандӣ!
Офати дуввум
Сухан гуфтан андар ботил ва маъсият Аммо ботил он бувад, ки андар бидъатҳо сухан гӯяд ва маъсият он бувад, ки ҳикояти фисқу фасоди худ ва они дигарон бигӯяд ва маҳосини шароб ва фасод ҳикоят кунад, ё маҷлисе, ки андар он мунозира рафта бошад, миёни ду кас, ки якдигарро фуҳш гуфта бошанд ва биранҷонида ё аҳволе ҳикоят кунад, дар фаҳш, ки аз он ханда ояд: ин ҳама маъсият бувад, на чун офати аввал, ки он нуқсони дараҷа бошад. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт, ки: «Кас бувад, ки як сухан бигӯяд, ки аз он худ бок надорад ва онро қадре нашиносад ва он сухан вайро ҳамебарад, то ба қаъри дӯзах ва бошад, ки сухане бигӯяд ва бад-он бок дорад ва он сухан вайро ҳамебарад то ба биҳишт».
Офати сеюм
(Хилофу ҷадал ва мароъ)
Хилоф кардан андар сухан ва ҷадал кардан ва онро мароъ гӯянд: кас бувад, ки одати вай он бувад, ки ҳар кӣ сухане бигӯяд, бар вай рад кунад ва гӯяд на чунин аст ва маънии ин он бувад, ки: ту аҳмақиву нодон ва дурӯғзан ва ман зираку оқил ва ростгӯй, бад-ин калима ду сифати муҳликро қувват дода бошад: яке такаббур ва дигар сабъият, ки андар касе афтод ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Ҳар кӣ хилоф ва хусумат андар сухан даст бидорад ва он чи ботил бувад, нагӯяд, вайро хонае андар биҳишт бино кунанд ва агар он чи ҳақ бувад, бигӯяд, вайро хонае дар аълои биҳишт бино кунанд». Ва ин савоб аз он зиёдат аст, ки сабр кардан бар муҳол ва дурӯғ душвортар бувад ва гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Имони мард тамом нашавад, то ки аз хилоф даст бинадорад, агарчи бар ҳақ бувад».
Ва бидон, ки ин хилоф на ҳама андар мазоҳиб бувад, балки агар касе гӯяд, ки ин анор ширин аст ва ту гӯӣ турш аст ва ё гӯяд, фулон ҷой фарсанге аст ва ту гӯӣ нест, ин ҳама мазмум аст.
Ва расул алайҳисаллом гуфтааст, ки: «Каффорати ҳар луҷоҷе, ки бо касе кунӣ, ду ракъат намоз аст». Ва аз ҷумлаи луҷоҷ бувад, ки касе сухане гӯяд, хатое бар вай фурӯ гирӣ ва халали он бо вай намоӣ ва ин ҳама ҳаром аст: ки аз он ранҷонидан ҳосил ояд ва ҳеч мусулмонро нашояд бе зарурате ранҷонидан. Ва андар чунин чизҳо фариза нест, хато бознамудан; балки хомӯш будан аз камоли имон аст.
Аммо он чи андар мазоҳиб бувад, онро ҷадал гӯянд ва ин низ мазмум аст, магар он ки бар тариқи насиҳат андар хилвати ваҷҳи ҳақ кашф кунӣ, чун умеди қабул бошад ва чун набошад, хомӯш бошӣ. Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Ҳеч қавм гумроҳ нашуданд, ки на ҷадал бар эшон ғолиб шуд». Луқмон, писарро гуфт: «Бо уламо ҷадал макун, ки туро душман гиранд»; ва бидон, ки ҳеч чиз он қувват нахоҳад, ки хомӯшӣ бар муҳолу ботил ва ин аз фазоили муҷоҳидот аст. Ва Довуди Тоӣ узлат гирифт, Абӯҳанифа гуфт раҳматуллоҳи алайҳи: чаро берун наёӣ? Гуфт:
«Хештанро ба муҷоҳидат аз ҷадал гуфтан бозмедорам. Гуфт: «Ба маҷлисҳо ой ва мунозира бишунав ва сухан магӯ». Гуфт: «Чунон кардам, ҳеч муҷоҳидат саъбтар аз он надидам». Ва ҳеч офат бештар аз он набувад, ки андар шаҳре таассуби мазҳабӣ бувад ва гурӯҳе, ки талаби ҷоҳу табаъ кунанд, фаро намоянд, ки ҷадал гуфтан аз дин аст — ва табъ сабъият ва такаббур худ тақозои он ҳамекунад ва чун пиндорад, ки аз дин аст, чунон андар вай шараҳи он маҳкам шавад, ки албатта аз он сабр натавонад кард:
ки нафсро андар он чанд гуна шарафу лаззат бувад.
Ва Молик ибни Анас — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд, ки: ҷадал аз дин нест ва ҳама салаф аз ҷадал манъ кардаанд, валекин агар мубтадеъе будааст, бо оёти Қуръон ва ахбор бо вай сухан гуфтаанд, бе луҷоҷ ва бе татвил, чун суд надоштааст, эъроз кардаанд.
Офати чаҳорум
Хусумат андар мол
Хусумат андар мол, ки андар пеши қозӣ равад ё ҷои дигар ва офати ин азим аст ва расул мегӯяд алайҳиссалом: «Ҳар кӣ бе илм бо касе хусумат кунад, андар сахати Ҳақ таъоло бувад, то он гоҳ, ки хомӯш шавад»; ва гуфтаанд, ки: ҳеч чиз нест, ки дил пароканда кунад ва лаззати айш бибарад ва муруввати динро бибарад, чунон ки хусумат андар мол; ва гуфтаанд, ки: ҳеч мутаварреъ хусумат накардааст андар мол, бад-он ки бе зиёдат гуфтан хусумат ба сар наравад ва вараъ зиёдатӣ нагӯяд ва агар ҳеч чиз набувад, боре бо хасм сухан. Хуш натавонад гуфтан ва фазли сухани хуш гуфтан бисёр аст, пас ҳар касеро хусумате бувад, агар тавонад муҳим бошад, даст бидоштан ва агар натавонад, ҷуз рост нагӯяд ва қасди ранҷонидан накунад ва сухани дурушт нагӯяд ва зиёдат нагӯяд: ки ҳама ҳалоки дин бувад.
Офати панҷум
Фуҳш гуфтан аст
Расул алайҳиссалом гуфт: «Биҳишт ҳаром аст бар касе, ки фуҳш гӯяд».
Ва гуфт: «Андар дӯзах касон бошанд, ки аз даҳони эшон палидӣҳамеравад, чунон ки аз ганди он ҳама дӯзахиён ба фарёд оянд ва гӯянд, ин кист? Гӯянд, ин он аст, ки ҳар куҷо сухане фуҳш ва палид будӣ, дӯст доштӣ ва ҳамегуфтӣ». Иброҳим ибни Майсара ҳамегӯяд, ки: ҳар кӣ фуҳш гӯяд, андар қиёмат бар сурати саге хоҳад буд. Ва бидон, ки бештарин фуҳш андар он бувад, ки аз мубошират иборатҳои зишт кунанд, чунон ки одати аҳли фасод бувад ва дашном он бувад, ки касеро бад-он нисбат кунанд. Расул алайҳиссалом гуфт: «Лаънат бар он бод, ки модару падари хешро дашном диҳад, гуфтанд, ин кӣ кунад? Гуфт: «Он, ки модару падари якеро дашном диҳад, то модару падари вайро дашном диҳанд, он худи вай дода бошад».

пешина
аз 176
навбатӣ