Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Саъид ибни Мусайбро дарди чашм буд ва чизе дар гӯшаи чашми вай гирд омада буд, гуфтанд: агар пок кунӣ, чи бошад? Гуфт: «Табибро гуфтаам, ки даст фаро чашм накунам, он гоҳ дурӯғ гуфта бошам». Исо алайҳиссалом ҳамегӯяд: «Аз кабоир яке он аст, ки Ҳақ таъолоро ба гувоҳӣ хонд ба дурӯғ, ки Худой донад, ки чунин аст ва на чунон бошад». Ва расул алайҳиссалом гуфтааст, ки: «Ҳар кӣ бар хоб дурӯғ гӯяд, вайро андар қиёмат таклиф кунанд, то гиреҳ бар донаи ҷав занад ва натавонад».
Офати дувоздаҳум
Ғайбат аст
1 Дар ҷувол кардан, гул задан.
Ва ин низ бар забон ғолиб аст ва ҳеч кас — илло мошоаллоҳ аз ин халос наёбад ва вуболи азим аст ва Ҳақ таъоло инро дар Қуръон монанд ҳамекунад ба касе, ки гӯшти бародари мурда бихӯрад ва расул алайҳиссалом гуфт: «Дур бошед аз ғайбат, ки ғайбат аз зино бадтар аст:
ки тавба аз зино бипазиранд ва тавба аз ғайбат фаро напазиранд, то он кас биҳил накунад». Ва гуфт: «Шаби меъроҷ ба қавме бигузаштам, ки гӯшт аз рӯи хеш ба нохун фуруд меоварданд, гуфтам: инон кианд, гуфтанд: ононанд, ки ғайбат кунанд мардумонро».
Сулаймони Ҷобир разийаллоҳу анҳу мегӯяд, расулро, гуфтам: маро чизе биёмӯз, ки маро даст гирад, гуфт: «Кори хайр ҳақир мадор, агар ҳама он бувад, ки аз далви хеш об фаро кӯзаи касе кунӣ ва бо бародари мусулмон пешонӣ кушода дор ва чун аз пеши ту бархезад, ғайбат макун»
ва Ҳақ таъоло ба Мӯсо алайҳиссалом ваҳй фиристод, ки: «Ҳар кӣғайбат карду тавба накард ва бимирад, аввалин касе бошад, андар дӯзах шавад ва ҳар кӣ тавба карду бимирад, бозпасин касе бошад, ки андар биҳишт шавад». Ва Ҷобир ҳамегӯяд: бо расули Худо андар сафар будем, бар ду гӯр бигузашт, гуфт: «Ин ҳар ду андар азобанд, яке барои ғайбат ва яке он ки ҷома аз бушанҷи бавл нигоҳ надоштӣ, он гоҳ чӯбе тар ба ду пора кард ва ба сари гӯри эшон ба замин фурӯ бурд, гуфт: «То ин хушк нашавад, азоби эшон сабуктар бувад».
Ва чун марде иқрор дод ба зино, ӯро сангсор фармуд, яке гуфт дигареро, ки чунон ки сангро нишонанд вайро бинишонданд, пас расул алайҳиссалом ба мурдоре бигузашт, гуфт: «Бихӯред ин мурдорро», гуфтанд: мурдор чи гуна хӯрем? Гуфт: «Он чи аз гӯшти он бародар мехӯрдед, батар аз ин аст ва гандатар аз ин аст» дари маъсият ва саҳоба бар вай кушода якдигарро дидандӣ ва ғайбати якдигар накардандӣ ва ин аз фозилтарин ибодот донистандӣ ва хилофи ин аз нифоқ шумурдандӣ.
Ва Қитода разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд: азобулқабр се қисм аст: як сулси он ғайбат аст ва як сулси он сухан чидан; ва як сулс ҷома аз бавл нигоҳ надоштан. Ва Исо алайҳиссалом бо ҳавориён бар саги мурдор бигузашт, гуфтанд: ин ганда чизест! Исо алайҳиссалом гуфт: «Он сапедии дандони вай сахт некӯ чизе аст, эшонро биёмӯхт, ки аз ҳар чӣ бинанд, он гӯянд, ки некӯтар аст. Хуке бар Исо алайҳиссалом бигузашт, гуфт: «Бирав ба саломат, гуфтанд: ё рӯҳуллоҳ, хукро ҳам чунин мегӯӣ? Гуфт: «Забони худро хӯ фаро накунам, ҷуз фаро хайр». Ва Алӣ ибнул-Ҳусайн разийаллоҳу анҳу якеро дид, ки ғайбат ҳамекард, гуфт: «Хомӯш, ки ин нонхӯриши сагони дӯзах аст».
– ФАСЛ –
(Гунаҳои ғайбат)
Бидон, ки ғайбат он бувад, ки ҳадиси касе кунӣ андар ғайбати вай, ки агар бишунавад, вайро кароҳият ояд, агарчи рост гуфта бошӣ ва агар дурӯғ гуфта бошӣ, онро зӯр ва бӯҳтон гӯянд ва ҳар чӣ ба нуқсони касе бозгардад ва он гӯӣғайбат аст, агарчи андар насаб ва ҷома ва андар сутуру андар сарой ва андар кирдори вай гӯӣ; аммо он чи дар тан гӯӣ, чунон ки гӯӣ дароз аст ва сиёҳ аст; ва дар насаб, чунон ки гӯӣ, ки вай ҳиндубачча аст ва ҳаммомибачча аст ва ҷулоҳабачча аст ва дар хулқ гӯӣ, бадхӯю мутакаббир ва дароззабону баддил ва оҷизу амсоли ин ва андар феъл гӯӣ, дузд аст ва хоину бенамоз ва рукӯъ ва суҷуд тамом накунад ва Қуръон хато хонад ва ҷома пок надорад ва закот надиҳад ва ҳаром хӯрад ва забон нигоҳ надорад ва бисёр хӯрад ва бисёр хусбаду на ба ҷои хеш нишинад ва андар ҷомае, ки вай дорад, гӯӣ остинфарох ва дароздоман аст ва шухгинҷома аст. Ва андар ҷумла расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар чӣ гӯянд, ки касеро кароҳият ояд, чун бишунавад, он ғайбат аст, агарчи рост аст».
Оиша разийаллоҳу анҳу мегӯяд: занеро гуфтам кӯтоҳ аст, расул алайҳиссалом гуфт: «Ғайбат кардӣ, оби даҳон бияндоз», биандохтам, порае хуни сиёҳ буд. Ва гурӯҳе гуфтаанд, ки: чун маъсияти касе ҳикоят кунӣ, ин ғайбат набошад, ки ин мазаммат ҳам аз дин аст ва ин хатост, балки нашояд, ки гӯянд фосиқ аст ва шаробхора аст ва бенамоз аст, магар ба узре, ки пас аз ин гуфта ояд, ки расул алайҳиссалом ҳадди ғайбат ин гуфтааст, ки: вайро кароҳият ояд ва аз ин ҳама кароҳият бошад, чун андар гуфтан фоидае набошад, набояд гуфт.
– ФАСЛ –
(Ғайбат ба чашму даст ва ишорат)
Бидон, ки ғайбат ҳама на он бошад, ки ба забон бошад, балки ба чашм низ ва ба даст ва ба ишорат ва ба навиштан ҳам, ҳаром бувад. Оиша разийаллоҳу анҳо мегӯяд: ба даст ишорат кардам, ки зане кӯтоҳ аст, расул алайҳиссалом гуфт: «Ғайбат кардӣ»; ва ҳамчунин ланг рафтан ва чашм аҳвал кардан, то ҳоли касе маълум шавад, ҳама ғайбат аст, аммо агар ном набарад ва гӯяд, касе чунин кард, ғайбат набошад, магар ки ҳозирон бихоҳанд донист, ки киро мегӯянд, он гоҳҳаром бошад: ки мақсуд тафҳим бувад, ба ҳар чӣ бувад. Ва гурӯҳе аз қурроён ва порсоёни ҷоҳил ғайбат кунанд ва пиндоранд, ки ғайбат нест ва ё ҳадиси касе кунанд пеши вай ва гӯянд, алҳамду лиллоҳ, ки Ҳақ таъоло моро нигоҳ доштааст аз фулон чиз; то бидонанд, ки ӯ чунин ҳамекунад ва ё гӯяд: «Фулон мард сахт некӯст ва аҳволи ӯ хуб аст, валекин ӯ низ мубтало шудааст, ба хулқ чунон ки мо низ мубтало шудаем ва кам касе халос ёбад аз фатрат ва офати амсоли ин». Ва бошад, ки хештан мазаммат кунад, то бад-он мазаммати дигаре ҳосил ояд.
Ва бояд ки дар пеши ғайбаткунанда нагӯяд: «Субҳоналлоҳ, инат аҷаб», то он кас банишоттар шавад ва ё дигарон, ки ғофил будаанд, бишунаванд ва гӯяд: «Андӯҳгин шудаам, ки фулонро чунин воқеае иттифоқ афтодааст, Ҳақ таъоло кифоят кунод». Ва мақсуд он бувад, ки воқеаи вайро дигарон бидонанд ва бошад, ки, чун ҳадиси касе кунад, гӯяд: «Худои таъоло моро тавба диҳод», то бидонанд, ки вай маъсият кардааст, ин ҳама ғайбат бувад; лекин чун чунин набувад, нифоқ низ бо вай ба ҳам бувад, ки хештан ба порсоӣ фаро намуда бошад ва ба ғайбат нокардан, то аз маъсият дур шавад ва вай ба ҷаҳли худ пиндорад, ки ғайбат накардааст: ва бошад, ки касе ғайбат кунад, вайро гӯяд: «Хомӯш, ғайбат макун». Ва ба дил онро кореҳ набувад, ҳам мунофиқ ва ҳам ғайбат карда бошад: ки ғайбатшунаванда ҳам дар ғайбат шарик аст, магар ки ба дил кореҳ бошад.
Як рӯз Абӯбакр ва Умар разийаллоҳу анҳумо — ба ҳам мешуданд, якдигарро гуфтанд: «Фулон бисёр хусбад», пас аз расул — ъалайҳисаллам нонхӯриш хостанд, гуфт: «Шумо нон бихӯрдед», гуфтанд: намедонем, ки мо чи хӯрдем, гуфт: «Бале, гӯшти бародари хеш хӯрдед, ҳар дуро фароҳам гирифт: яке гуфта буду дигар шунида буд ва агар ба дил кореҳ набошад ва ба чашм ё ба даст ишорат кунад, ки хомӯш, ҳам тақсир карда бошад, бояд ки ба ҷидду сареҳ гӯяд, то андар ҳақи ғоиб муқассир набувад, ки андар хабар аст, ки: «Ҳар кӣ бародари мусулмонро ғайбат кунад ва вай нусрат накунад ва вайро фурӯ гузорад, Ҳақ таъоло вайро фурӯ гузорад андар вақте, ки ҳоҷатманд бувад».
– ФАСЛ –
(Ғайбат кардан ба дил ҳамчунон ҳаром аст, ки ба забон) Бидон, ки ғайбат кардан ба дил ҳамчунон ҳаром аст, ки ба забон ва чунон ки нашояд, ки нуқсони касе ба дигарон гӯӣ, нашояд ки фаро хеш низ гӯӣ. Ва ғайбат ба дил он бошад, ки гумони бад барӣ ба касе, бе он ки аз вай ба чашм чизе бинӣ ё ба гӯш шунавӣ ё яқин донӣ, расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Ҳақ таъоло хуни мусулмон ва моли вай ва он ки ба вай гумони бад баранд, се ҳаром кардааст». Ва ҳар чӣ андар дил афтад, ки он на яқин бувад ва на аз қавли ду адл бошад, шайтон андар дил афканда бувад ва Ҳақ таъоло ҳамегӯяд: «Ин ҷоъакум фосиқун банабаъин фатабайанну — аз ҳокими фосиқ бовар макунед». Ва ҳеч фосиқ чун шайтон нест ва ҳаром он бувад, ки дили хешро бад-он қарор диҳӣ, аммо хотире, ки беихитёр дарояд ва ту онро кореҳ бошӣ, бад-он маъхаз бошӣ.
Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд: мӯъмин аз гумони бад холӣ набошад, валекин саломати вай аз он бувад, ки андар дили хеш таҳқиқ накунад ва то эҳтимолро ҷой ва маҷол бувад, бар ваҷҳе некӯтар ҳамл кунад ва нишони он, ки таҳқиқ карда бошад, он бувад, ки бар дили вай гаронтар шавад, он кас ва андар мурооти вай тақсир кардан гирад, аммо чун ба дил ва забон муомилат бо вай ҳам бар он бошад, ки буданашон он аст, ки таҳқиқ накардааст; аммо агар аз як адл бишунавад, бояд ки таваққуф кунад ва дурӯғзан надорад, вайро, ки гумони бад бурдан бад-ин адл ҳам раво набувад ва на аз фосиқ, валекин гӯяд, ҳоли он мард бар ман пӯшида бувад, чун ҳоли ин мард, акнун низ пӯшидааст, пас агар донад, ки миёни эшон адовате ва ҳасаде бошад, таваққуф авлотар ва агар он мардро одилтар медонад, майл ба вай беш бояд ки бувад; ва ҳар гоҳ, ки гумони бад дар дили вай афтод, ба касе он авлотар бувад, ки бад-он кас тақаррубе зиёдат кунад, ки шайтонро хашм ояд ва он гумон камтар шавад ва чун ба яқин бидонист, ғайбат накунад, валекин ба хилват насиҳат кунад ва борнома накунад, андар насиҳат, балки андар насиҳат андӯҳгин шавад, то ҳам ба сабаби мусулмонӣ андӯҳгин шуда бошад ва ҳам насиҳат карда бошад ва музди ҳар ду биёбад.
– ФАСЛ –
(Андар илоҷи ғайбат)
Бидон, ки шараҳи ғайбат андар дил беморӣ аст ва илоҷи он воҷиб бошад ва илоҷи он аз ду гуна аст:
Аввал илоҷи амалӣ ва он ду чиз аст: яке он, ки андар ин ахбор, ки андар ғайбат омадааст, тааммул кунад, бидонад, ки ба ҳар ғайбат, ки кунад, ҳасанот аз девони ӯ боз он нақл хоҳанд кард ва расул алайҳиссалом ҳамегӯяд: «Ғайбат ҳасаноти бандаро ҳамчунон нест кунад, ки оташ ҳезуми хушкро». Ва бошад, ки вайро худ як ҳасаноти бештар набошад аз саййиъот бад-ин ғайбат, ки бикунад каффаи саййиъоти вай зиёдат шавад ва бад-ин сабаб ба дӯзах шавад. Дигар он, ки аз ғайбати худ бияндешад, бидонад, ки он кас низ андар ғайб ҳамчунон маъзур аст, ки вай ва агар ҳеч айб надонад, хешро бидонад, ки ҷаҳли вай ба айб аз ҳама айбҳо беш аст ва пас агар рост ҳамегӯяд, ҳеч айб беш аз гӯшти мурдор хӯрдан нест, хештани беайбро бо айб чаро кунад? Ва ба шукр машғул шавад ва бидонад, ки агар вай тақсир ҳамекунад, дар он феъл ҳеч банда аз тақсире холӣ нест ва чун худ бираҳад, шаръ рост наметавонад буд, агар ҳама андар сағира бувад — ва бо худ ҳамебарнаояд, аз дигарон чӣ аҷаб дорад!? Ва агар дар офариниши вай айб аст, бидонад, ки ин айб сонеъ карда бошад, ки он ба дасти вай нест, то вайро саломат расад.

пешина
аз 176
навбатӣ