Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

2 Палид донистан.
таъоло ба ислом роҳ намуд ва сурати вай некӯ биёфарид ва ҳоли вай на чунон кард, ки аз вай нанг бояд дошт ва боз он ба ҳам вайро фурӯтанӣдод, вай аз баргузидагони Худой аст». Ва якеро обила баромада буд, даромад ва қавм таом ҳамехӯрданд, ба наздики ҳар кӣ бинишастӣ, он кас аз бари вай бархостӣ. Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам вайро ба назди худ бинишонд ва гуфт: «Сахт дӯст дорам касеро, ки ҳавоиҷ бо даст гирад ва бо хона барад, аҳли вайро барге бошад ва бад-ин кибр аз вай бишавад». Ва гуфт саҳобаро, ки: «Чист, ки ҳаловати ибодат бар шумо намебинам?»
Гуфтанд: «Ҳаловати ибодат чист?» Гуфт: «Тавозӯъ». Ва гуфт: «Ҳар гаҳ мутавозеъро бибинед, бо вай тавозӯъ кунед ва чун мутакаббиронро бинед, такаббур кунед, то ҳақорат ва мазаллати эшон падид ояд».
Осор — Оиша разийаллоҳу анҳо мегӯяд: «Шумо ғофилед аз фозилтарин ибодат ва он тавозӯъ аст». Ва Фузайл гуфт: «Тавозӯъ он аст, ки ҳаққабул кунӣ аз ҳар кӣ бошад, агар ҳама кӯдак ва агар ҷоҳилтарин халқ бошад». ИбнулМуборак гӯяд: «Тавозӯъ он бошад, ки ҳар кӣ ба дунё аз вай камтар бошад хештан аз вай фурӯтар дорӣ, то фаро намоӣ, ки ба зиёдати дунё хештанро қадр намедорӣ ва ҳар кӣ дунё пеш аз ту дорад, худро аз вай фузунтар дорӣ, то фаро намоӣ, ки вайро ба сабаби дунё наздики ту ҳеч қадре нест». Ва Худои таъоло ваҳй фиристод ба Исо алайҳиссалом, ки: «Ҳар гаҳ, ки туро неъмате фиристам, агар ба тавозӯъ пеши он бозоӣ, он неъмат бар ту тамом кунам». ИбнусСамок Ҳорунаррашидро гуфт: «Ё амирулмӯъминин, ҳар кӣҲақ таъоло вайро моле ва ҷамоле ва ҳишмате дод андар мол мувосот кунад ва андар ҳишмат тавозӯъ кунад ва андар ҷамол порсо бошад, Ҳақ таъоло бифармояд, ки номи вай андар девони холисон нависанд». Ҳорун қаламу коғаз бихост ва бинавишт.
Сулаймон алайҳиссалом андар мамлакати хеш бомдод тавонгареро бипурсидӣ, он гоҳ ба наздики дарвешон бинишастӣ ва гуфтӣ мискине бо мискинон бинишаст. Ва чанд кас аз бузургон андар тавозӯъ сухан гуфтанд.
Ҳасани Басрӣ гуфт: «Тавозӯъ он бувад, ки берун шавӣ, ҳеч касро набинӣ, ки вайро бар худ фазл донӣ» ва Молики Динор гуфт: «Агар касе бар дари масҷид мунодо кунад, ки касе бадтарини шумост берун ояд, ҳеч кас хештанро дар пеши ман наяфканад, магар ба қаҳр». Ибну-л-Муборак ин бишунид, гуфт: «Бузургии Молик аз ин бувад». Ва яке андар пеши Шиблӣ омад, гуфт: «Ман Анас, ту чиӣ?» Гуфт: «Он нуқта, ки дар зери по бошад, яъне, ки аз он фурӯтар чизе набошад». Гуфт: «Абодаллоҳу шоҳидака». Худой туро аз пеши ту баргирад, ки хештанро охиртар ба ҷое фуруд овардӣ ва яке аз бузургон Алиро разийаллоҳу анҳу ба хоб дид, гуфт: «Маро панд деҳ». Гуфт: «Чи некӯ бувад тавозӯъи тавонгарон пеши дарвешон барои савоби охират ва некӯтар аз он такаббури дарвеш бар тавонгарон бо эътимоди фазли Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло». Яҳё ибни Холид гӯяд, ки: «Карим чун порсо шавад, мутавозеъ гардад ва нокас ва сафеҳ чун порсо шавад, такаббур андар вай падид ояд». Боязид мегӯяд: «То банда ҳеч чиз аз халқ батар аз хеш медонад мутакаббир аст». Ва Ҷунайд як рӯз гуфт, андар маҷлиси рӯзи одина: «Агар на он астӣ, ки андар хабар аст, ки ба охири замон меҳтари қавм нокастари эшон бошад, раво надораме шуморо маҷлис гуфтан». Ва Ҷунайд ҳамегӯяд: «Тавозӯъ наздики аҳли тавҳид такаббур аст». Яъне, ки тавозӯъ он бувад, ки хештан фуруд орад ва чун ба фуруд доштан ҳоҷат бувад худро ҷое биниҳода бошад, то он гоҳ фуруд орад ва Атои Суламӣҳар гаҳ, ки боде ва раъде падид омадӣ, бархостӣ ва чун зани обастан даст бар шикам ҳамезадӣ ва мегуфтӣ: «Оҳ ин ҳама аз шумии ман аст, ки ба халқ мерасад». Ва гурӯҳе пеши Салмон фахр ҳамеоварданд, вай гуфт: «Аввали ман нутфа ва охир мурдоре ва он гоҳ ки ба тарозу баранд, агар ба тарозу падидор оям, инат бузурге, ки манам ва агар падидор наёям, нокасе, ки манам».
Пайдо кардан ҳақиқати кибр ва офати он Бидон, ки кибр хулқе аст бад; ва ахлоқ сифати дил аст, валекин сифати он ба назар пайдо ояд ва ҳақиқати кибр он аст, ки хештанро аз дигарон фаро пеш дорад ва беҳтар донад ва аз ин андар вай боди нишоте падид ояд ва он бодро, ки андар вай пайдо шавад, кибр гӯянд ва расул алайҳиссалом гуфт: «Аъузу бика мин нафхати-л-кибри» — ба ту паноҳам аз боди кибр». Ва чун бод дар дарун падид ояд, дигаронро дуни худ донад ва ба чашми ходимон бад-эшон нигарад ва бошад низ, ки аҳли хидмати хеш нашиносад ва гӯяд ту кӣ бошӣ, ки хидмати маро шоӣ? Чунон ки хулафо мусаллам надоранд ҳар касеро, ки остонаи эшонро бӯса диҳанд ва бо эшон банда нависанд, магар мулукро ва ин ғояти такаббур аст ва аз кибриёи Ҳақ таъоло андар гузаштааст: ки вай ҳама касро ба бандагӣ ва суҷуд қабул кунад. Ва агар мутакаббир ва аҳмақ бад-ин дараҷа нарасад, тақаддум ҷӯяд андар рафтан ва дар нишастан ва ҳурмат доштан чашм дорад ва бад-он расад, ки агар вайро насиҳат кунанд, напазирад ва агар худ насиҳат кунад ба унф гӯяд ва агар вайро таълим кунанд, хашм гирад ва чунон ба мардум нигарад, ки ба баҳоим нигарад. Ва расулро алайҳиссалом пурсиданд, ки: кибр чист? Гуфт: «Он, ки ҳақро гардан нарм надорад ва андар мардумон ба чашми ҳақорат нигарад ва ин хислат ҳиҷобе азим аст, миёни вай ва миёни Ҳақ таъоло ва аз ин ҳама ахлоқи зишт таваллуд кунад ва аз ҳама ахлоқ такаббури некӯ бозмонад: ки ҳар кӣхоҷагӣ ва азизнафсӣ ва бузургхештанӣ бар вай ғолиб шуд, ҳар чӣ худро написандад, мусулмононро биписандад ва ин на шарти мӯъминон аст ва бо касе фурӯтанӣ натавонад кард ва ин на сифати муттақиён аст ва аз ҳиқду ҳасад даст натавонад дошт ва хашм фурӯ натавонад хӯрдан ва забон аз ғайбат нигоҳ натавонад доштан ва дил аз ғалу ғаш пок натавонад кардан, ки ҳар кӣ таъзими вай накунад бо вай кин андар дил гирад; ва камтарин он бувад, ки ҳама рӯз ба хештан парастидан ва ба боло додани кори хеш машғул бувад ва аз талбис мустағнӣ набошад ва аз дурӯғ ва нифоқ то кори хеш андар чашми мардумон боло ҳамедиҳад ва ҳақиқат он бувад, ки ҳеч кас ба вай мусулмонӣ нашунавад, то худро фаромӯш накунад, балки роҳати дунё наёбад». Яке аз бузургон гуфт: «Хоҳӣ бӯи биҳишт бишунавӣ, худро аз ҳама башаре фурӯтар дор. Ва агар касеро дидор диҳанд андар даруни дили он ду мутакаббир, ки фаро ҳам расанд, бинад, ки андар ҳеч мазбала он кунад ва фазиҳат набошад, ки андар дили эшон бошад, ки ботини эшон ба сурати сагон шуда бувад ва зоҳири худ андар якдигар ҳамеороянд чун занон ва он унс, ки мусулмононро бошад, аз муҷолисати якдигар ҳаргиз мутакаббиронро набошад, балки ҳар киро бинӣ, роҳат он вақт ёбӣ, ки ҳамагии ту андар вай бирасад1 ва ҳама таъзими вай гардад, то дуввумӣ бархезад ва яке падид ояд: вай монад, ту намонӣ, ё вай андар ту бирасад ва ту монӣ, вай намонад ва ё ҳар ду андар ҳақ бирасида бошед ва ба худ илтифот накунед ва камол ин бувад ва аз ин ягонагӣ камоли роҳат бошад; ва бар ҷумла то дуюмӣҳамебувад роҳат мумкин набошад ва роҳат андар ваҳдоният ва ягонагӣ бувад», ин аст ҳақиқати кибр ва офати он.
Пайдо кардан дараҷоти кибр
Бидон, ки кибри баъзе аз баъзе азимтар аст ва фоҳиштар аст: ва тафовути ин аз он хезад, ки такаббури вай ё бар Худои таъоло бувад ё бар расул алайҳиссалом ё бар бандагон:
Дараҷаи аввал — такаббур аст ба Худои таъоло, чун такаббури Намруд ва Фиръавн ва иблис ва касоне, ки ба ҳақ нагаравиданд ва ба Худой даъво карданд ва аз бандагӣ нанг доштанд ва Ҳақ таъоло гуфт: «Лан йастанкиса-л-Масеҳу ан йакуна ъабдуллоҳи ва ло-л-малойикату-лмуқаррабуна» — на Исо аз бандагӣ нанг дорад ва на фариштагони
1 Бирасидан: фонӣ шудан, тамом шудан.
муқарраб».
Дараҷаи дуввум — такаббур бувад бар расул алайҳиссалом, чунон ки куффори Қурайш карданд ва гуфтанд, ки: мо одамеро ҳамчун хештан сар фуруд наёварем, чаро фариштае ба мо нафиристоданд ва ё чаро марди мӯҳташам нафиристоданд ва ятиме фиристоданд «Ва қолу лав ло нуззила ҳозо-л-Қуръону ъало раҷулин мина-л-қарйатайни азимун»1 ва эшон ду гуна буданд: гурӯҳе кибр ҳиҷоби эшон гашт, то худ тафаккур накарданд ва нубуввати вай бинашинохтанд, чунон ки гуфт: «Мо сарафа ъан оёти-ллазина йатакаббируна фи-л-ъарзи би ғайри-л-ҳаққи» гуфт:
«Мутакаббиронро роҳ надиҳам, то оёти ҳақ бинанд»; ва гурӯҳе ҳамедонистанд, валекин инкор ҳамекарданд ва ба сабаби кибр тоқат надоштанд, ки иқрор диҳанд, чунон ки гуфт: «Ва ҷаҳаду ва абиҳо ва астайқанатҳо анфусаҳум зулман ва улувван»2
.
Дараҷаи саввум — он бувад, ки бандагон такаббур кунанд ва ба чашми ҳақорат нигаранд ва сухани эшон қабул накунанд ва худро беҳтар шиносанд ва бузургтар донанд ва ин агарчи дуни он ду дараҷа аст, валекин азим аст аз ду сабаб: яке он, ки бузургии сифати Худои таъоло аст, бандаи заифи оҷизро, ки аз кори вай ҳеч ба дасти вай нест, ӯро бузургӣ аз куҷо расад, то хештанро касе донад? Ва чун хештанро бузург донад, Худойро андар сифати вай мунозиат карда бошад ва масали вай чун ғуломе бувад, ки кулоҳи малик бар сар ниҳад ва бар тахт нишинад, нигоҳ кун, ки чӣ гуна мустаҳаққи мақту уқубат бувад; ва аз ин гуфт Ҳақ таъоло: «Ал-азамату изори ва-л-кибрийоъу ридоъи саман нозаъати фийҳо қасамтуҳу». Гуфт:
«Азамат ва кибриё сифатҳои хоси ман аст, ҳар кӣ бо ман дар ин мунозиат кунад, вайро ҳалок кунам». Пас такаббур бар бандагон ҳеч касро нарасад ҷуз Офаридгорро, агар бандаи вай бар эшон такаббур бикунад, мунозиат карда бошад, чун касе, ки ғуломони хоси маликро хидмат фармояд, ки он ҷуз ба малик лоиқ набошад ва сабаби дигар он аст, ки ин кибр монеъ бувад аз он, ки ҳаққабул кунад аз дигарон, то қавме, ки бад-ин сифат бошанд, андар масоили дин мунозира ҳамекунанд, чун ҳақ пайдо шавад бар забони яке он дигаронро кибр бар он дорад, ки инкор кунанд ва қабул накунад ва ин ахлоқи мунофиқон аст ва они кофирон, чунон ки гуфт: «Ло тасмаъу лиҳозо-л-Қуръони ва-л-ғав фиҳи-л-ъаллакун тағлабуна»3 ва чунон ки гуфт:
«Ва изо қила лаҳу аттиқуллоҳа ахазтаҳу-л-ғиррату би-л-исми» — чун вайро
1 Ва гуфтанд, чаро ин Қуръон бар марди бузурге аз ин дуда (Макка ва Тоиф) фурӯ наёмада.
2 Ва онро аз рӯи ситамгарӣ ва саркашӣ мункир шуданд, дар сурате, ки дилҳои эшон ба он яқин дошт.
3 «Мунофиқон гуфтанд ба ин Қуръон гӯш надиҳем ва дар зимни хондани он беҳудагӯӣ кунед, шояд пирӯзманд шавед.
гӯянд, ки аз Худой битарс, бузургхештанӣ ва иззат бад-он дорад, вайро, ки бар маъсият исрор кунад». Ибни Масъуд гӯяд: тамоми гуноҳ он аст, ки чун касеро гӯянд, ки аз Худои таъоло бипарҳез, гӯяд туро бо хештан кор аст ва маро бо ман. Ва як роҳ расул алайҳиссалом якеро гуфт: «Ба дасти рост хӯр». Гуфт: «Наметавонам». Гуфт: «Натавонод, ки донист, ки аз кибр гуфт»

пешина
аз 176
навбатӣ